Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муъҷизаи шаъну шони мо истиқлол

482

Санаи 7-уми сентябр бахшида ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД ва ҷузъу томҳои он чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади идонаро бо сухани ифтитоҳи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода оғоз намуда, тамоми кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Зимни суханронии худ роҳбари аввали ВКД зикр кард, ки ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ хуб медонад, ки Истиқлолияти давлатӣ бо кадом қимат ба мо муясар гардидааст. Пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо дахолати бадхоҳони миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Дар ин бесарусомониҳо зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ва беш аз 2000 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд.
Мо ҳама хуб медонем аз ҳамон лаҳзае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлати соҳибистиқлол интихоб шуданд, бо ҳазорҳо ҷонбозиҳо, заҳмату талошҳо тавонистанд авзои сиёсии кишварро муътадил ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшанд. Дар сарзамини мардуми тоҷик сулҳу ваҳдатро барқарор намуданд. Роҳбари давлат бо сиёсати хирадмандона ва саъю кӯшишҳои шабонарӯзии худ тамоми сохтори фалаҷгардидаи давлатро барқарор, харобаҳоро ба ободонӣ, сатҳи зиндагии халқро баланд гардонид ва Истиқлолияти давлатиро побарҷо нигоҳ доштанд.
Имрӯз тамоми пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, оромиву осоиштагии мардум ва сулҳу субот дар кишвар аз файзу баракати Сарвари давлатамон мебошанд.

484483485486

Вазири корҳои дохилӣ дар идомаи суханронии худ аз қадрдониҳои пайвастаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби Сарвари давлат, аз имрӯза шароити хизмативу иҷтимоии муҳаёгардидаи ҳайати шахсӣ сухан карда, зикр намуд, ки Роҳбари давлат хизмати содиқонаву софдилонаи ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилиро қадр менамоянд, ғамхору дастгири ҳамешагии мо, кормандон ҳастанд.
«Ман аз самими қалб миннатдории худ ва арзи сипоси ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро барои ҳамаи ин ғамхориҳояшон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоям ва бовар мекунонам, ки мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон ҳамеша баҳри пойдории соҳибистиқлолии давлатӣ, оромиву осоиштагии халқи худ омодаи хизмат ҳастем», - илова намуд Вазири корҳои дохилӣ.
Сипас, бо сухани табрикотӣ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода баромад намуда, ҳозиринро бо 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз хизматҳои шоистаи Сарвари давлат дар ҳаққи давлату миллат, нақши Роҳбари давлат дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту шукуфоии ин мулки аҷдодии тоҷикон ва ҳадафҳои пешанамудаи Сарвари давлат баҳри рушду тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва некӯаҳволии халқ баромад намуд. Мавсуф зикр кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузоштаи Сарвари давлат сарбаландона баромаданд.
Дар идомаи чорабинӣ Котиби Шӯрои амният аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанд нафар кормандони ВКД барои хизмати содиқонаву софдилона ва саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои махсуси навбатӣ ва Ифтихорномаҳоро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

489490491

Инчунин, Вазири корҳои дохилӣ ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва хизматҳои шоистаашон дар мақомоти корҳои дохилӣ як қатор кормандонро бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Сипоснома, Раҳматномаи Вазири корҳои дохилӣ қадршиносӣ намуд. Дар умум, зиёда аз 700 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика