Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи минтақаи хизматии “Сафеддара”-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб

632

Дар раванди амалигардонии барномаи ислоҳоти милитсия рӯзи 1-уми сентябри соли 2020 бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Иброҳимзода Нозим, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб ва дигар шахсони расмӣ утоқи хизматии милитсияи “Сафеддара”-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб ва ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шуъбаи мазкур, воқеъ дар ҷамоати “Тагоб”-и ноҳияи Варзоб мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои мазкур аз ду ҳуҷра иборат буда, бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ аз қабили мизу курсиҳои наву замонавӣ, компютерҳо, телевизор, яхдон, кондитсионер ва ашёҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар минтақаи мазкур 6 нафар корманд хизмат мебаранд. Ёдовар мешавем, ки ҷамоати “Тагоб”-и ноҳияи Варзоб зиёда аз 9500 нафар аҳолӣ дошта кормандони минтақаи хизматии мазкур барои онҳо хизмат мерасонанд.
Роҳбарияти ВКД ба роҳбари Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе баҳри мустаҳкам намудани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла сохтмони минтақаи хизматии “Сафеддара”-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб, Ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия миннатдории худро изҳор доштанд.
Мавриди қайд аст, ки мустаҳкам намудан ва инкишофи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Зимни суҳбат бо кормандони ин минтақаи хизматӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки бо истифода аз шароитҳои хуби хизматбарӣ софдилонаву содиқона ба сокинони минтақаи мазкур хизмат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини оромиву осоиштагии мардум саҳм гузоранд.

633634635636

Сокинони ҷамоати деҳоти “Тагоб”-и ноҳияи Варзоб барои бунёди чунин маркази хизматбарӣ ба роҳбарияти давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Эҳсон Абдуллозода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика