Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа

470

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бинои нави ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони масъул ифтитоҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки фармоишгари бинои навсохти ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа, Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Сохтмони бинои мазкур соли 2018 оғоз гардида, барои анҷоми бо сифати корҳои бунёдӣ беш аз 60 нафар мутахассисони маҳалӣ ҷалб гардиданд. Бинои нави мақомоти милитсия аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, ки он дорои 32 утоқи корӣ муҷаҳҳаз бо мизу курсии нав ва дастгоҳҳою таҷҳизоти зарурии корӣ мебошад. Ҳамчунин дар ин бинои навбунёд, толори маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон ва меҳмонон мавҷуд аст.

471472

Бо назардошти нисбати сард будани мавсими сармо дар ин минтақаи дурдасти кӯҳсори мамлакат утоқҳои корӣ ва долонҳои бинои навбунёд бо шабакаи мутаммаркази гармидиҳӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки кормандони ШВКД дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар як бинои кӯҳнае фаъолият мекарданд, ки соли 1971 сохта шуда буд ва ёздаҳ утоқи корӣ дошт.
Дар саҳни бинои навсохт Парчами давлатӣ бо сутунпояи 18 метр қомат афрохтааст. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавӣ ба ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа шароити арзандаи корию фаъолият фароҳам гардид.
Зимни сӯҳбат бо ҳайати шахсӣ роҳбарияти ВКД ҶТ таъкид намуданд, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияту осоиштагии сокинон ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ вазифаи асосии кормандони милитсия буда, ҳамкории ҷомеа бо ин ниҳоди қудратӣ ҷиҳати таъкими сулҳу ваҳдат ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти комили сиёсӣ нақши асосӣ дорад.
Аз кормандони милитсия тақозо гардид, ки бо зиракии сиёсӣ ва малакаи баланди касбӣ ба халқу Ватан хизмати софдилонаю содиқона намоянд.
Пас аз ифтитоҳи ШВКД дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ роҳбарияти ВКД ҶТ бо ҷавонони фаъоли ноҳия вохӯрии судманд доир намуда, оид ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавони мамлакат ибрози андеша карданд. Таъкид шуд, ки имрӯзҳо барои омӯзиши илму маърифат ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва кор бо техникаю технологияи муосир тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ҳар як фарди ватандӯсти мамлакатро зарур аст, ки ба қадри осоиштагӣ ва сулҳу субот расанд ва ҷиҳати таҳкими ваҳдату якдилӣ аз ҳарвақта дида бештар талош намоянд. Ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо Вазорати корҳои дохилии ҶТ пайваста ҳамкорию робитаи зич дошта, дар самти пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва иштироки фаъолона дар чорабинихои муҳим саҳми муносиб мегузоранд.

473474475476477478479480481

Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳамчунин бинои ШВКД дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ низ навсозӣ шуда, барои ҳайати шахсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Баробари навсозии бино атрофи он пурра иҳота гардида, ҷиҳати ободу зебо гардидан, корҳои сабзгардонӣ низ анҷом ёфта, дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.
Дар саҳни бинои ШВКД дар ноҳияи Рӯшон кисми навбатдории шабонарӯзӣ бунёд шудааст. ШВКД дар ноҳияи дурдасти кӯҳистони Рӯшон дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти сокинон фаъолияти шабонарӯзӣ дошта, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои сокинон нақши муҳим дорад.
Далер Чоршанбе

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика