Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли ВМКБ

625

Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо ҷавонони фаъоли ВМКБ вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ зимни баромад муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ аз дастгириҳои Роҳбари давлат ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чавонон, қишри ояндасози давлату миллат ёдоварӣ намуда, кайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон маҳз бо дастгирии ҳамачонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонону наврасони кишвар, тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки муттаҳид гардидани ҷавонону наврасони фаъол баҳри ободониву созандагӣ ва саҳмгузорӣ намудан ба пешрафту тараққиёти Ватани азизамон тайи чанд соли охир дар сар то сари ҷумҳурӣ хуб ба мушоҳида расида, дар ин замина ҷавонони фаъол саҳми арзанда мегузоранд.

626627

Имрӯз ҷавонони фаъоли ВМКБ пайваста дар ҳама чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуда, саъю талош доранд, ки дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва садди роҳи ҳар амалу кирдорҳои номатлуби бархе аз ҷавонон гардидан ҳиссагузор бошанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз барои таҳсилу фароғат ва машғул шудан ба ҳар гуна машғулиятҳо барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё мебошад.
Марҳилаи чандум аст, ки бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 15 нафар ҷавонони фаъоли ВМКБ ба ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб сафар намуда, аз мавзеъҳои диданибоб, ҷойҳои таърихӣ ва дигар мавзеъҳо дидан намуданд.
Дар навбати худ ҷавонони фаъоли ВМКБ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, дар васфи Ватан - Тоҷикистон шеърҳои баландмазмунро қироат намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷавонони фаъол барои дастгириҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилии мамлакат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои беназир кушиш хоҳанд намуд, ки барои Ватан дар ҳама ҷодаҳо содиқонаю софдилона хизмат намуда, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ хоҳанд намуд.

Далер Чоршанбе




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика