Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи дониш дар Академияи ВКД ва пешниҳоди Вазир дар бораи эълони «Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

465466

467Дар чорабинии бахшида ба Рӯзи дониш, ки дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сараввал, дар якҷоягӣ бо устодону курсантон ва шунавандагони ин боргоҳи илму дониш, тариқи оинаи нилгун суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки имрӯз (17 август) ба муносибати оғози соли нави хониш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаҷамъона тамошо карданд.
Сипас, чорабиниеро, ки ба муносибати Рӯзи дониш дар Академияи ВКД доир гардид, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, устодону курсантон, шунавандагону собиқадорони ва кулли кормандону муҳассилини соҳаи илму маорифро бо ин санаи хотирмон табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, пешрафту муваффақият ва комёбиҳои беназир дар касбу соҳаи пешанамудаашон таманно намуд.
Вазири корҳои дохилӣ дар баромади худ қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари пешрафти дигар самтҳои давлатдорӣ, ба соҳаи илму маориф, донишандӯзиву касбомӯзӣ ва аз бар намудани илму фанҳои муосир диққати махсус зоҳир гардида, баҳри соҳибистеъдоду донишманд шудани насли ҷавону ояндаи миллат тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар ин асно садҳо иншооти муосири муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон, таъмин бо тамоми имкониятҳои илмомӯзӣ сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки имрӯз мову шумо дар он қарор дорем, низ аз зумраи ҳамин гуна иншоотҳо ба шумор меравад, ки бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шудааст. Ҳама ин дастгириҳо ва муҳайё намудани беҳтарин шароити таҳсил, баҳри соҳибмаърифату донишманд гардидани шумо, курсантону шунавандагон мебошад, то ин ки оянда ҳомиёни боэътимоди қонун, оромиву осоиштагии давлату миллат гардед.

469

Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ оид ба иштироки фаъолонаи курсантону шунавандагон дар дарсҳо, ҷалби ҳамаҷонибаи онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ, забономӯзӣ, хуб азбар намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, мутолиаи китобҳои илмиву бадеӣ ва иштирок дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дастуру супоришҳои мушаххас дода, қайд кард, ки «фаромӯш накунед, аз он лаҳзае, ки шумо курсанти ин даргоҳи илму маърифат гардидед, аллакай корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравед, аз ин лиҳоз ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкору пешгирии ҷиноятҳо саҳмгузор бошед.
Ба савганди ёднамудаи худ содиқона ба давлату миллат хизмат намуда, сазовори номи пуршарафи корманди милитсия гардед, ки на ба ҳар кас муяссар мегардад».
Инчунин, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни баромади худ оид ба ҳифзи сиҳативу саломатии кормандону муҳассилин ва пайвандони онҳо, пешгирии сироятшавӣ ба бемории КОВИД-19, ки имрӯзҳо дар тамоми давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон доман афрохтааст, риоя кардани қоидаҳои беҳдоштиву гигиенӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идомаи суханрониаш Вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин, миёни курсантону шунавандагон, аз ҷумла хуб азбар намудани нозукиҳои фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешниҳод кард, ки «бигзор соли нави таҳсил соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ эълон карда шавад» ва дар ин асно, ба роҳбарият ва устодони Академияи ВКД супориш дода шуд, ки вазифаҳои хизматии хешро сидқан баҷо оварда, раванди донишомӯзии муҳассилинро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Дар интиҳои чорабинии мазкур Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиву пешравӣ ва ба қуллаҳои баланди илмӣ расиданро таманно намуд.

Раҷаббек Илёсов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика