Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия

968

Таи ду рӯз санаҳои 7-8-уми август дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муовинони сардор оид ба хизмати Шуъбаҳои ВКД, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди Шӯъбаи-2 ВКД дар шаҳри Исфара ва ШВКД дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» гузаронида мешавад.
Семинари мазкур дар доираи барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон ҷараён гирифта лоиҳаи муштараки ВКД, Академияи ВКД ва ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии «Дунёи бехатар» (Saferworld) аст, ки метавонад ба раванди ислоҳот таъсиргузор бошад.
Ҳадафи чорабинии таълимӣ-омӯзишӣ ба масъулин омӯзонидан ва нишон додани методҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва дар заминаи чунин робита иштироки шаҳрвандон дар пешгирӣ намудани кирдорҳои зидиҳуқуқӣ гуфта шуд, ки метавонад милитсияро дар иҷрои уҳдадории хизматӣ муваффақ гардонад. Зеро алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ яке аз принсипҳои фаъолияти милитсия маҳсуб меёбад ва аз таҷрибаҳои натиҷабахшу паҳнгаштаест, ки аз ин усул милитсия дар амалия истифода мебарад.
Кори семинар бо сухани ифтитоҳии муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил оғоз гардид. Мавсуф ба ташаббускорони чорабинӣ изҳори сипос намуд, ки дар таҳкими донишҳои назариявии иштирокчиёни семинар таъсир гузошта, барои сифатнокии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат мекунад.

969

Устодони Академияи ВКД номзадҳои илми ҳуқуқшиносӣ подполковники милитсия Амиршо Мансурзода ва майори милитсия Мирзоалишер Мирзорустамов ҳамчун тренер ба кори семинар ҷалб гардида, ба иштирокчиён дар мавзӯъҳои: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд», «Нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти милитсия», «Мафҳум, моҳият ва принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа», «Шакл ва усулҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа», «Муошират рафтор ва зебоипарастӣ», «Муайян намудани мушкилот ва роҳҳои ҳалли он дар фаъолияти МКД», «Робитаи мутақобилаи милитсия ва шаҳрванд», «Муносибат бо ҷабрдидагон, ҳуқуқвайронкунандагон ва шахсони бо милится ҳамкорикунанда», «Самтҳои асосии ҳамкории милитсия бо ҷомеа оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ», «Низоъ байни милитсия ва ҷомеа, роҳҳои ҳалли он, «Талабот нисбат ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо, ки бо милитсия ҳамкорӣ менамоянд» ва дигар самтҳои тақвиятбахшандаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа машғулиятҳои мукаммали методӣ мегузаронанд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи барномаи семинар дастандаркорони лоиҳа дастурамали таълимӣ таҳти унвони «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» таълиф намудаанд, ки метавонад баҳри пешбурди фаъолият истифода шавад. Зимни муаррифии барномаи таълимӣ таъкид гардид, ки чунин дастурамали муфид бори аввал аст, ки аз ҷониби мутахассисони ватанӣ таҳия ва омода мешавад. Китоб фарогири мавзӯъҳоест, ки барои густариши ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба хонанда дастур дода, роҳи ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаро бо мисолҳои воқеъӣ дар шароити Тоҷикистон нишон медиҳад.
Тавре тренерони лоиҳа таъкид карданд раванди баргузории семинар танҳо бо маърӯзаҳои назариявӣ маҳдуд набуда, балки дар ҷараёни семинар аз услуби машғулиятҳои аёнӣ, пурсишу посух, суҳбати озод, мунозираи амалӣ, шунидани таклифу пешниҳодҳо иборат хоҳад буд.

967970971

Ҷараёни семинари омӯзишӣ имкон медиҳад, ки дар самти равнақ бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия мушкилоти дар амалия рӯ ба рӯ шавандаро баррасӣ намуда донишҳои назариявии худро мустаҳкам намоянд. Ҳамзамон маълумоти андухтаро зимни иҷрои масъулияти вазифавӣ дар минтақаҳои хизматии вобастагардида ба кор баранд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика