Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода: Мақомоти корҳои дохилӣ ҷавонони Бадахшонро ба кор фаро мегирад

441

3 август зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар масъалаи ба кор ҷалб намудани сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тайёранд, ки ҷавонони вилоятро ба кор фаро гиранд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2018 Вазорати корҳои дохилӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва корҷӯи шаҳри Хоруғро бо ҷойи кори муносиб дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ эълон намуда буд. Дар эълони мазкур гуфта мешуд, ки дар НБО-и «Роғун» 100 нафар ва дар ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳофиз ҷавонон бо доштани ҳатмии билети ҳарбӣ ба кор қабул карда мешаванд. Инчунин дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ барои 100 нафар ва дар шаҳри Исфара ба ҳайси духтур барои 10 нафар, ҳамшираи тиббӣ- 10 нафар, муаллим- 15 нафар, муаллима- 15 нафар ҷойи кор мавҷуд аст. Музди меҳнати кормандон аз 700 то 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Вазир афзуд, ки имрӯз ҳам сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ омода ҳастанд, ки ҷавононро ба кор қабул намоянд. Ҷавонон низ дар навбати аввал бояд худашон хоҳиши кор кардан дошта бошанд.
Таъкид гардид, ки айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, ҷойҳои корӣ дар сохтмону иншоот зиёданд ва хоҳишмандон метавонанд дар онҳо кор кунанд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика