Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъати тозаи ҳамкории ВКД бо Васоити ахбори омма

441Рӯзи 3-юми августи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2020 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони васеи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ташриф, иштироки фаъолона ва ҳамкории судманд дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии кирдорҳои ғайриқонунӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Дар робита ба ин Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода мухбири махсуси “АИР Новости”, журналисти ҳирфаӣ ва собиқадор Исамова Лидия Саидовнаро ба ифтихори зодрӯзаш табрику таҳният гуфта, ӯро бо Сипосномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.

443

Сипас доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2020 баромад намуда, зикр кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.

444

Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ оид ба чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус Сovid-19 ва вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаш моҳи соли 2020 дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дод.
Зикр гардид, ки дар муддати сипаришудаи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 12293 (2019-12549) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 ҷиноят ё ин ки 2 фоиз кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 35 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 56, таҷовуз ба номус - 16, роҳзанӣ - 17, савдои одамон - 10, ғоратгарӣ - 68, авбошӣ - 556, қаллобӣ - 1452, гардиши ғайриқонунии силоҳ - 23, дуздӣ - 3415, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор - 357 ҳолат, ҷиноят бо истифодаи силоҳ - 22 ва дигар ҷиноятҳо 6266 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб гирифташуда 8710 (2019-8775) ҳолати он аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар шаш моҳи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 423 (2019-503) адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 42 адад автомат (2019-43), 45 адад таппонча (2019-65), 114 адад милтиқ ва карабин (2019-158), 216 адад силоҳҳои суфтамил (2019-230) ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Миқдори силоҳи аз соли 1994 то ин ҷониб дар ҷумҳурӣ мусодирагардида 43 894 ададро ташкил медиҳад.
Аз тарафи кормандони ВКД 1225 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда дастгир карда шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ аз ҷониби сохторҳои ВКД дар 6 моҳи соли ҷорӣ 875 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра ду ҳолати суйиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карда шуд.
Дар 6 моҳи соли 2020 аз тарафи сохторҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 274 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шудаанд.

954442

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҳамаи сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 185 кг воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира гардидааст, ки аз ин 636 (2019-388кг 927 гр) килограмм ё 53,7 фоизи он ба мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.
Ҳамзамон, 67 ҳолати ниҳоли бангдонаи худрӯй ба миқдори 677 ҳазор бех, ё ин ки беш аз 1 тонна дарёфт гардида, несту нобуд карда шуданд.
Аз ҷониби ноболиғон 398 (2019-386) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 408 нафар ноболиғон иштирок кардаанд. Инчунин, дар ин давра аз ҷониби 2553 нафар ҷавонон 2736 ҷиноят содир шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 бар асари 440 садамаи нақлиётӣ 151 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 516 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи садамаҳо 80 адад ё 15,4 фоиз, ҳалокшудагон-23 нафар ё 13,2 фоиз ва маҷрӯҳшудагон 49 нафар ё -8,7 фоиз кам шудааст.
Дар ҷумҳурӣ 543 (2019-539) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 12 (2019-11) нафар одамон фавтиданд, ки 5 нафарашон ноболиғ мебошанд. Маблағи зарар зиёда аз 9 миллиону 220 ҳазор (2019-4 миллиону 738 ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, фарҳангӣ, маданию варзишӣ, вохӯриҳо бо ҷомеа ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД 14 мусобиқаи варзишӣ (2019-31), аз инҳо 1 мусобиқаи кушод (спартакиада), 2 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байни вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 10 мусобиқаи идоравию сатҳи вилоятӣ, 8 мусобиқаи оммавӣ-варзишии сатҳи шаҳрӣ ва 10 бозиҳои рафиқона аз намуди футбол ташкил ва гузаронида шуд.
Инчунин, дар шаш моҳи соли 2020 дар маҷмӯъ варзишгарон ва дастпарварони аъзои ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 93 медали тилло (2019-138), 47 (2019-101) медали нуқра ва 42 медали биринҷӣ (2019-110) ба даст оварданд.

445446447

Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, ошкор ва пешгирии ду ҳолати суйиқасд ба амали террористӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, истирдоди ҷинояткорон аз дигар давлатҳо, қоидавайронкуниҳо дар роҳҳои кишвар, ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар”, доир ба ибрози фикру ақидаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, чорабиниҳои профилактикӣ дар шаҳри Душанбе, коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар давраи пандемия, сироятёбии кормандон ба бемории Сovid-19, имтиёзҳо ба нафақахӯрон собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Рӯзноманигорон ҳамзамон дар баробари саволҳо доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъмиру таҷдид намудани постгоҳҳо дар роҳҳои кишвар ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ, пешгирии ноболиғон аз истеъмоли машрубот ва ҳабҳои синтетикӣ, ба кор фаро гирифтани ҷавонони ВМКБ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарра як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ қобили қабул арзёбӣ гардиданд.

Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати ба кор фаро гирифтани сокинони ВМКБ иброз намуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ омодаанд, ҷавонони вилояти мазкурро ба кор қабул намоянд. Инчунин, таъкид гардид, ки айни замон дар ВМКБ корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, ҷойҳои корӣ дар сохтмону иншоотҳо зиёд аст ва хоҳишмандон метавонанд рафта дар иншоотҳо кор кунанд. 

Мавриди зикр аст, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод, самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиёда аз якуним соат баргузор гардида, шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо рӯзноманигорон вусъати тоза пайдо намудааст.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика