Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Иди касбии оташнишонон

935

Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 июли соли равон ба ифтихори ҷашни Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ чорабинии хотирмон баргузор гардид.
Дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, доираи калони ҳайати роҳбарикунанда ва шахсӣ, инчунин собиқадорони хадамот ва меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро бо Иди касбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ табрику таҳният гуфта, суханро ба муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода дод. Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ расонида, ба онҳо дар кору фаъолияти пурмасъулу заҳматталабашон муваффақиятҳо орзу намуда, кору фаъолияти ҳамарӯзаи онҳоро шоистаи таҳсину офарин арзёбӣ намуд. Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки нишондодҳои назаррас бе заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ин соҳа, маслиҳату тавсияҳои собиқадорон ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба даст намеоянд. Бахусус, дар даврони Истиқлолият Хадамоти давлатии оташнишонӣ рушду инкишофи зиёд намуда, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат, ки қаблан дар онҳо қисмҳои оташнишонӣ мавҷуд набуданд, қисмҳои замонавии оташнишонӣ таъсис дода шуда, барои фаъолияти босамари кормандони соҳа тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Базаи моддӣ-техникии соҳа низ дар даврони Истиқлолият якбора рушд намуда, бо муосиртарин нақлиётҳои оташнишонӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимотҳои зарурӣ ба пуррагӣ таъмин гардидааст. Ҳамчунин мавсуф иброз намуд, ки мо-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша сипари устувору тавоно ва пуштибони давлату миллатем. Ба Пешвои миллат, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ба Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона хизмат мекунем.

936937

Сардори Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода дар маърӯзаи худ аз таърихи бою пурғановати хадамоту корнамоиҳои собиқадорон ва саҳми арзандаи кормандони фаъолу соҳибкасбӣ имрӯзаи он суханронӣ намуда, оид ба таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани роҳбарияти Олии мамлакат ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии доимиашон дар рушду тараққиёти соҳа, ки боиси дастоварду комёбиҳои назарраси хадамот дар даврони истиқлолияти давлатӣ гардидааст, баромади пурмуҳтаво намуда таъкид намуд, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки мо бояд бо масъулияти баланд вазифаҳои дар наздамон гузошташударо иҷро намоем ва боварию эътимоди Роҳбари давлатро сазовор бошем.
Собиқадори соҳа Исроил Дадоматов низ дар баромади худ аз давраҳои гуногуни ташкилёбии хадамоти оташнишонӣ ва саҳми арзандаи кормандони он дар ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва моликияти хусусиву давлатӣ аз сӯхтор ёдовар шуда, ҷавонони хадамотро ба матонату ҷасорат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва давомдиҳандаи арзандаи кору фаъолияти собиқадорони хизматнишондодаи соҳа будан ҳидоят намуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба оилаҳои кормандони ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалокгардидаи хадамот, маъюбон ва собиқадорони соҳа туҳфаҳои қиматнок ва маблағи муайяни мукофотпулӣ супорида шуданд. Кормандони фаъоли соҳа бошанд бо медалҳои ҷашнӣ, нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика