Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи роҳбари аввали ВКД ба хоҷагии ёрирасон

872

Имрӯз (17.06.2020) бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо фаъолияти хочагии ёрирасон, кору рӯзгор, дастгирии моддӣ-маишӣ ва маънавии афсарону сарбозони Қушунҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз хоҷагии мазкур дидан кард.
Баъди шиносоӣ бо шароити зиндагӣ, кору машғулият ва маҳсули ранҷу заҳмати афсарону сарбозон, Вазири корҳои дохилӣ аз саҳми хизматчиёни қисмҳои низоми дар таъмини маҳсулоти озуқаворӣ ва бою ғанӣ гардонидани дастурхони онҳо ибрози назар кард. Ҳамзамон роҳбарияти ВКД аз намоиши маҳсулотҳои ҷаъмовардашудаи сарбозон дидан намуд.
Маврида қайд аст, ки майдони васеи Хочагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии ВКД дар соли равон ҳосил хуб дода, ранҷу заҳмати сарбозон самараи нек ба бор овард ва мизу дастурхонашон аз нозу неъматҳои истеҳсоли худӣ пур мегардад.
То имрӯз беш аз 50 тонна маҳсулоти хӯрока аз қабили сабзавоту меваҷот аз хоҷагиҳои ёрирасон ҷамъоварӣ карда шуда, дар саҳро бошад ҳосили зиёди зироатҳо боқӣ монадааст, ки ҷамъоварии он идома дорад.
Инчунии барои чорво ва аспҳои хизматие, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ихтиёр дорад ҷаву хошок ҷамъоварӣ гардидааст.

873874875

Айни замон зиёда 30 тонна хӯришҳои гуногун аз маҳсулоти полезӣ ва мураббою афшура аз меваҷоту сабзавот, ҳамчун захира барои зимистону баҳори оянда омода карда шудааст, ки ин эҳтиёҷоти афсарону сарбозонро пурра таъмин менамояд.

Абдулмуъмин Зайниддинзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика