Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти содиқонаву бо мардум будан калиди ҳама муваффақиятҳост

1050

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27-уми майи соли 2020, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ такмили номгузорӣ шуда ва ба Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон номгӯзорӣ шуд. Ба ин муносибат имрӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ намуд. Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии коронавируси нави «COVID-19» ба ташвиш овардааст. Мутаасифона дар баробари дигар давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон давлати мо низ бо ин вабо рӯ ба рӯ гардид. Баҳри солимии ҷомеа шаҳрвандӣ ва пешгирии сироятёбии аҳолӣ аз ин беморӣ бо саъю кӯшиш ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, амалишавии чорабиниҳои пешгирикунанда ва мубориза бо он таҳти назорати қатъии роҳбарияти давлат қарор дорад.

10511052

Ва чуноне, ки имрӯз мебинед дар натиҷаи амалӣ намудани корҳои пешгирикунанда, саривақт ба тобобат фаро гирифтани беморон ва муолиҷаи шабонарӯзии табибон шиддатнокии ин беморӣ баниҳоят коҳиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз аз ҳар яки мо тақозо карда мешавад, ки аз ҳарвақта дида минбаъд бештар дар пешгирӣ ва паҳн нагардидани ин касалии сироятӣ бо мардум ҳамкорӣ намоем, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ бештару хубтар ба роҳ монем.

Зимни суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ ба табибону кормандони соҳаи тиб ва ҳар нафаре, ки дар пешгирӣ ва мубориза бо ин вабои аср саҳмгузорӣ намудаанд арзи сипосу минатдорӣ намуд.
Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки дар баробари ивази номгӯзории хадамот, ҳамзамон доираи фаъолият ва салоҳиятҳои кормандони ин ниҳод васеъ гардида, баҳри пешгирии қонуншиканӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, ба амалҳои баду ношоиста даст назадани ноболиғону ҷавонон ва бештар роҳандозӣ намудани вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ, профилактикӣ миёни ин қишри ояндасози миллат равона гардидааст.
Қайд гардид, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша миёни аҳолӣ қарор дорем ва бо дилу нияти соф касби пешанамудаамонро баҷо орем, нагузорем то нохалафе нисбати давлату миллати тоҷик сухани бад гӯяд, нагузорем душманони миллат ҷавонону наврасони моро мағзшӯйӣ намуда, онҳоро ба роҳи хато баранд. Бо ин мақсад робитаву ҳамкориро бо ҷавонони фаъол дучанд намудан лозим аст. 

10531054

Дар идомаи суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ ба ҷавонони фаъол таъкид намуд, ки кушиш ба харҷ диҳанд, то ин ки сафи худро бештар намоянд. Ҳамзамон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва худмуҳофизатӣ ва риояи масофа, истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар боғҳои фарҳангӣ ҷавонони фаъол метавонанд, барои баланд бардоштани сатҳи суханронӣ фарҳангу маърифат, чорабиниҳои фарҳангии худро баргузор намоянд.

Сипас Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз таъмиру тармим гардидаи бино, роҳравҳо, ҳуҷраҳои кории кормандон ва корҳои ободониву созандагии атрофи он дидан намуда, барои бозҳам хубтар гардидани шароити кории кормандон дастуру супоришҳо дод.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика