Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди роҳбарияти ВКД аз Хоҷагии ёрирасон

1046

Рӯзи гузашта муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим ба заминҳои Хочагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф овард.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ, аз заминҳои кишти картошка, карам ва дигар намуди зироатҳои кишткардашуда дидан намуда, ба сифату натиҷаи корҳои хоҷагии ёрирасон баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон ба масъулини Хоҷагии ёрирасон барои нағз нигоҳубин намудани зироатҳои полезӣ ва ҷамъоварии онҳо дастуру супоришҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар заминҳои Хочагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, картошка, пиёзҳои намудҳои гуногун, лаблабу, карам, сабзӣ, помидор, боқлачон, каду ва дигар намуди навъҳои маҳсулотҳои хаҷагии қишлоқ кишт карда шудааст, ки аллакай ҷамъоварӣ картошка ва пиёз сар шудааст.

1047

Мавриди қайд аст, ки баъди пухта расидани зироатҳои киштгардида, он ҷамъоварӣ гадида барои таъминоти ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қушунҳои дохилӣ ва Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ фиристода мешаванд. Масъулини Хочагии ёрирасон нақша доранд, ҳосили имсоларо беталаф ҷамъоварӣ намуда, сохторҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилиро сари вақт бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар фасли тобистон афсарону сарозон ба мавсими зимистон омодагӣ гирифта, афшураву мураббо аз меваҷоти гуногун ва ҳар гуна хӯришҳо аз маҳсулоти полезӣ омода месозанд, ки дар тамоми фаслҳои сол дастурхони онҳоро зебу ороиш дода, бо маҳсулоти босифат ва қувватнокиаш зиёд таъмин менамояд.
Айни замон зиёда 10 тонна хӯришҳои гуногун, аз ҷумла мураббою афшура аз меваҷоту сабзавот, ҳамчун захира барои зимистон омода карда шудааст, ки ин эҳтиёҷоти афсарону сарбозонро пурра таъмин менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар бошишгоҳи Хочагии ёрирасон барои кору фаъолияти сарбозон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, онҳо бо тамоми техникаю асбобҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд.

10481049

Аз заминҳои хоҷагии мазкур бо истифода аз боду ҳавои мусоид имконият аст, ки дар як сол ду маротиба ҳосили хуб гирифта шавад.

Абдулмуъмин ЗАЙНИДДИНЗОДА




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика