Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумакҳои иловагӣ ба Раёсати тиббии ВКД

435

Рӯзи 4-уми майи соли 2020 бо мақсади ҳамаҷониба омода будан, шароит муҳайё кардан ва ҷалби мутахассисони варзида баҳри бартараф кардани омилҳои бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Раёсати тиббии ВКД дидан намуд.
Вазири корҳои дохилӣ аз утоқҳои кории табибон, ҳуҷраҳои табобатӣ-муолиҷавӣ ва дастгоҳу ташхисгоҳҳои Дармонгоҳи тиббии ВКД дидан намуда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолият ва дар ҳолати хуби хизматрасонии тиббӣ омода будан дастурҳои мушаххас дод.
Шумораи зиёди хилъат барои табибон ва ниқобҳои муҳофизатӣ барои эҳтимолияти беморон ба Дармонгоҳи тиббӣ дастрас карда шуда, чунин кумакрасониҳо идома хоҳанд ёфт, - таъкид кард Вазири корҳои дохилӣ.
Ҳангоми вохӯрӣ бо кулли кормандони Раёсати тиббии ВКД Вазири корҳои дохилӣ дастур дод, ки ҳар як корманди Дармонгоҳ чӣ дар макони кор ва чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд ҳамчун табиби ғамхору покдил ба касбу савганди худ содиқ ба миллату давлат хизмат намояд. Ҳатто тавассути телефон метавонед дӯстону наздикон ва шиносҳои худро аз роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ огоҳ созед, ин ҳам хизмат ва ҳам ифодаи инсондӯстии ҳар кадоми шумо аст, гуфт Вазир.
Тибқи дастури Вазири корҳои дохилӣ он чи таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавие, ки бевосита барои ташхиси саривақтии гумонбарони бемориҳои сироятӣ мавҷуданд ба Дармонгоҳи тиббии ВКД дар кутоҳтарин муҳлат дастрас ва насб карда мешаванд.
Оғоз аз имрӯз - 5 май табибони дармонгоҳи тиббии ВКД хизматрасонии тиббиро шабонарӯзӣ бо таъмини дорувориҳои хушсифат ба роҳ монда, табибон бо маоши иловагӣ, се вақт хӯроки гарм, меваю сабзавот, либосҳои махсуси зиддисироятёбӣ ва барои табибон дастгоҳҳои либосшӯӣ ва ҳуҷраҳои алоҳидаи хоб муҳайё карда шуда, тамоми ҳуҷраҳои табобатии барои беморон пешбинигардида бо катҳои хоб таъмин гардида, табибони Дармонгоҳи мазкур дар ҳолати хуби омодагӣ қарор доранд.
Инчунин, барои беҳтар ва сари вақт хизматрасониҳои тиббӣ бо супориши Вазири корҳои дохилӣ иловатан ба Раёсати тиббии ВКД се адад автомашинаи сабукрави хизматии тиббӣ дастрас карда шуд.
Нусратулло Маҳмадзода, Ҳакимшоҳ Назарзода.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика