Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи видео-селекторӣ дар назди Вазири корҳои дохилӣ

Имрӯз (01.05.2020), дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи видео-селектории назди Вазири корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷаласаи навбатии рӯзи 30 апрели соли 2020 вобаста ба чораҳои пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 бар меоянд, баррасӣ гардид.
Дар навбати худ Раҳимзода Р.Ҳ. бо ҳайати шахсӣ баҳри иҷроиши ин вазифаҳо як қатор корҳоро роҳандозӣ намуд. Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки акнун вақти он расидааст, ки мо шабу рӯз вазифаҳои ба ӯҳда доштаамонро иҷро намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос паҳлӯи мардумамон бошем.
Бояд ба мардум фаҳмонем, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд. Нақшаҳои давлату Ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй)-ро риоя намоянд.

Дар рафти ҷаласа бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ бо як овоз изҳори омодагӣ намуданд, ки 50% маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 гузаронанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика