Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Об асоси ободонӣ

650

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ноҳияи Ховалинг сафари корӣ доир намуд.
Мавриди қайд аст, ки бо маблағгузории ширкатҳои хориҷӣ дар деҳаи Тутаки ноҳияи мазкур ба маҳаллае, ки солҳои зиёд об надошт, оби ошомиданӣ бароварда шуд.
Сокинони деҳаи мазкур аз ин иқдоми ободкорона бениҳоят шод гашта, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамзамон Вазири корҳои дохилӣ бо аҳолии деҳаи Тутак сӯҳбат ороста, оид ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар оянда боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон изҳори андеша намуд.

652651

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Ховалинг яке аз ноҳияҳои зеботарини кишвар буда, обу ҳавои тоза, ҷойҳои таърихӣ, осорхонаҳо ва табиати дилпазири ин диёр барои рушду такомули соҳаи сайёҳӣ мусоид мебошад ва ҳамасола сайёҳҳони зиёде бо мақсади сайру сайёҳат ба ин ноҳияи зебоманзара ташриф меоранд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика