Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти хизматӣ дар самти оперативӣ

425

Рӯзи 10-уми март дар факултети №6 Академияи ВКД бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ин муассисаи олии касбӣ машғулияти хизматӣ гузаронида шуд.

426

Дар оғоз Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бунёди чунин як муассисаи олии касбӣ - Академияи ВКД мебошад, ки назираш дар Осиёи Миёна вуҷуд надорад. Пас аз ба истифода додани ин боргоҳи илм, дар тобеияти он барои кормандони самти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, факултети №6 мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд, ки ин боиси ифтихори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Мо тавонистем барои ҳарчи хубтару беҳтар намудани шароити дарсӣ дар ин самт маводҳои заруриро барои омӯзиши самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷамъоварӣ намудаем, ки ба талаботи имрӯзаи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

427428

Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар баланд бардоштани малакаи касбӣ ва иҷрои вазифаҳои бадӯшдоштаи ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд. Дар замони гузашта вобаста ба фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ягон маводи лозимӣ барои омӯхтани ин самт дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт. Бо ин мақсад, ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба кишварҳои хориҷӣ ба онҳо дастур дода мешавад, ки ба донишгоҳҳои Вазорати корҳои дохилии онҳо рафта, ба шароити дарсгузаронӣ шинос шаванд. Бояд корманди самти оперативӣ тамоми унсурҳои ҷинояткорро донад, то дар кушодани ҷиноят ба мушкилӣ дучор нагарданд. Ҳамаи ин маводҳоро ҳангоми мутолиаи китоби «Фаъолияти оперативи ҷустуҷӯӣ» метавон дарёфт.

429430431432

Дар охир Рамазон Раҳимзода вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон иброз доштанд: «Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем», ба роҳбарияти Академияи ВКД дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика