Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

817

Имрӯз (23.02.2020с) бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони сарраёсат, раёсат, ҷузъу томҳо, афсарону сарбозони қисмҳои низомии РҚД ВКД, собиқадорони ниҳод ва доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

818819820821

822823835836839840824825826

Ҷамъомади идонаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи таърихиву фаромӯшнашаванда табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу хонаи обод, оромиву осоиштагӣ ва дар фаъолияти хизматиашон пешрафту комёбиҳо таманно намуд.

Зимни баромади худ Вазири корҳои дохилӣ аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлол, паси сар намудани душвортарин солҳои таъсисёбии артиш, қаҳрамониву ҷоннисориҳои афсарону сарбозон баҳри оромиву осоиштагии давлату миллат ва марҳила ба марҳила устувору пуриқтидор гардидани он суханронӣ намуда қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз артиши миллии Тоҷикистон ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки метавонад бо афсарону сарбозони шӯҷоъу далер, мутахассисони баландихтиссосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ оромиву осоиштагии давлату миллатро таъмин намояд.
Дар идомаи суханронии худ аз матонату далерӣ ва кордониву садоқати афсарону сарбозони мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда иброз дошт, ки итминон дорам ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ баҳри оромиву осоиштагии давлату миллат, посдории волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканӣ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизи худ бо тамоми ҳастӣ содиқона хизмат хоҳад кард.
Сипас дар идомаи чорабинӣ афсарону сарбозони қисмҳои низомии РҚД ва кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ таҳти навои оркестри РҚД гузашти низомиро анҷом доданд, ки ба ин ҷамъомади тантанавӣ шукӯҳу шаҳомати хоссеро зам намуд.

827828829830831832833834

Дар қисмати ҷамъбастии ин ҷашнвора бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои содиқонаву софдилон дар мақомоти корҳои дохилӣ як қатор кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, 20 нафар афсарон бо рутбаи навбатии полковники милитсия, 50 нафар бо медалу нишонҳои сарисинагии Вазорати корҳои дохилӣ, 60 нафар бо Ифтихорнома, Сипоснома ва Раҳматномаи Вазири корҳои дохилӣ, 100 нафар сарбозон бо маблағҳои пулӣ ва дар умум 250 нафар афсарону сарбозони Раёсати қушунҳои дохилӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд.

Р.Илёсов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика