Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарёфти роҳу усулҳои муосири муқовимат бо таҳдидҳои замон

437

Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба кору фаъолияти ҷавонон ва дастгириву ташаббусҳои онҳо аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.

Ин нукта зимни баргузории Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» садо дод, ки ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, раиси Кумитаи мазкур Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, роҳбарону масъулин ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, олимону муҳаққиқон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Кори Форум аз ду қисм иборат буд. Дар навбати аввал, иштирокдорони он доир ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шахсони масъули корхонаву идораҳо вобаста ба корҳои анҷомдодаи худ дар ин самт изҳори назар намуданд.
Дар қисмати дуюми Форум, ки зери роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Назарзода Ризо Шодӣ ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб гузашт, доир ба мавзӯи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва сабабу роҳҳои пешгирӣ намудани ин гуна кирдорҳои бадномкунанда ибрози андеша карда шуд.
Зимни баромади худ сардори ХПҲНҶ ВКД Мансур Бухоризода аз саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳоло ҷавонони мо чун нерӯи бузурги бунёдкору созандаи кишвар эътироф гаштаанд.

439

Тавре ӯ илова намуд, Тоҷикистон аз нигоҳи синну соли аҳолӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дошта, аз нисф зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ба масъалаи мушкилоти ҷаҳони муосир дахл намуда, мавсуф, ҳамзамон аз он хатару таҳдидҳое, ки имрӯзҳо садди роҳи пешрафти ҷомеа, алалхусус боиси коста гаштани ахлоқу одоби инсонӣ ва ба доми фиребу найранг гирифтор шудани ҷавонони ноогоҳ гардидааст, ёдоварӣ намуд. Доир ба ин мавзӯъ полковники милитсия М. Бухоризода чунин изҳори назар намуд: «Имрӯз ҷаҳон ба хатарҳои зиёде, ки характери глобалӣ доранд, рӯ ба рӯ гардидааст, аз ҷумла ба терроризм ва экстремизм. Террористон бо содир кардани амалҳои худ аҳолии кураи заминро ба таҳлука андохтаанд.
Пеш аз ҳама мехостам оид ба назари ҳуқуқшиносон вобаста ба мафҳуми терроризм ва экстремизм, ки гуногунанд, изҳори андеша намоям.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафҳуми терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё дигар объектҳои моддӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ё ба миён омадани оқибатҳои ба ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлат ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё ба мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ мебошад».
Дар идомаи суханронии худ номбурда ин мафҳумро шарҳ дода, афзуд, ки «Терроризм дар ҳама давру замон ба муқобили давлату давлатдорӣ равона шуда, барои ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ дар ҷомеа, ноором сохтани суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва коста гардонидани обрӯю эътибори мақомоти давлатӣ содир карда мешавад.
Экстремизм бошад, изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо даъвати ноором сохтани ҷамъият, дигар кардани сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, мухолифати мазҳабӣ ва бадбинии иҷтимоӣ мебошад».
Дар идомаи чорабинии мазкур, ҳамчунин чанде дигар аз иштирокчиёни он суханронӣ намуда, доир ба мавзӯъҳои марбут ба хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он дар шароити ҳозира, ки давраи авҷ гирифтани низоъҳои мазҳабӣ ва пешрафти технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад, андешаронӣ намуданд.

438

Дар интиҳои Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» бори дигар аз иштирокдорони он, ки аксаран ҷавонону донишҷӯён ва курсантони мактабҳои олии ҳарбии кишвар буданд, даъват ба амал оварда шуд, ки бо хониши хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ номбардори Ватану миллати худ бошанд. Дар роҳи мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби террористиву экстремистӣ ҳушёру зирак бошанд ва фаъолнокӣ нишон диҳанд.
Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ,
кормандони гуруӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика