Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Нишасти матбуотӣ дар ВКД

586

Имрӯз (14.02.с.2020), дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли сипаригардидаи 2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди амалҳои хилофи қонун изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар соли 2019 фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар матбуоти даврӣ ба таври васеъ инъикос гардид, ки дар ин ҷода ранҷу заҳмати масъулини ВАО назаррас мебошад.

588

Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дод.
Зикр гардид, ки дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 969 (2018 - 21957) ҷиноят содир шуда, ошкоршавии он 85,8 (2018 - 83,6) фоизро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 11 ҳазору 309 ё ин ки 62 фоизи ҷиноятҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуда, фоизи кушодашавӣ 90,0 (2018 - 90,0) фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2019, 90 ҳолати одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 126, таҷовуз ба номус - 46, роҳзанӣ - 28, одамрабоӣ - 5, ғоратгарӣ - 140, авбошӣ - 1139, қаллобӣ - 2294, дуздӣ - 5328, тамаъҷўӣ - 32 ва дигар ҷиноятҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар давоми соли 2019 аз тарафи кормандони ВКД 1211 (2018-873) ҷинояти хусусияти террористӣ ошкор ва ба ҳисоб гирифта шуда, 2 амали террористӣ содир шуда, 2 сӯиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст. 161 нафар аъзоёни ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир карда шуда, 218 нафар шаҳрвандоне, ки дар амалиётҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, бо мусоидати мақомот ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шудаанд.
Дар соли 2019 аз тарафи кормандони ВКД 519 кг воситаҳои нашъадор (2018 - 1 тоннаву 460 кг) дарёфт ва мусодира гардида, аз ин миқдор 34 киллограммашро маводи сахттаъсири героин ва 1467 (2018-8118) ададашро ҳабҳои экстазӣ, ташкил медиҳад. Шумораи нашъамандон дар ҷумҳурӣ 5375 (2018-6324) нафарро ташкил дода, 128 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 949 нафар нашъаманд кам гардидааст.
Соли 2019 аз аҳолӣ 665 силоҳ, аз ҷумла, 65 адад автомати калашников, 90 адад таппонча, 207 силоҳи шикорӣ, 292 силоҳи суфтамил, 4 адад силоҳи рахпеч ва 7 адад кордҳо (штык ножи) мусодира карда шудааст.

591592589

Соли 2019 аз тарафи ноболиғон 873 (2018-907) ҷиноят ва аз ҷониби ҷавонон 5035 (2018- 5188) ҷиноят содир шудааст.
Дар миқёси ҷумҳурӣ аз 7295 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷўи расмӣ қарор доштанд, дар соли 2019 2258 (2018-1861) нафари онҳо дастгир карда шуда, 4796 нафари дигар дар ҷустуҷўи расмӣ қарор доранд.
Дар соли сипаришудаи 2019 дар қаламрави мамлакат 1212 садамаи роҳу нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷаи садамаҳо 391 нафар ба ҳалокат расида, 1314 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар муқоиса ба соли 2018 сатҳи садаманокӣ 73, ба ҳалокат расидан 4 ва ҷароҳат бардоштаҳо 43 адад кам шудааст.
Бо доир кардани вохӯрию чорабиниҳои пешгирикунанда дар байни аҳолӣ шаҳрвандон дар қиёс ба солҳои пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро хубтар дарк намуда, аз рақамҳои оморӣ маълум аст, ки нисбат ба соли 2018 дар соли 2019 вобаста ба вайронкунандагони қонуни мазкур протоколҳои маъмурӣ камтар тартиб дода шудааст. Дар соли 2019 дар ин самт 14363 протокол (2018-16439) нисбати 9473 нафар шаҳрвандон (2018-11167) тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи протоколҳо 10 миллиону 24 ҳазору 155 (2018-1170499) сомониро ташкил медиҳад. Барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва ноуҳдабароиҳо дар тарбияи фарзанд 3489 нафар шаҳрвандон (2018-3165) огоҳӣ дода шуда, 1401 протоколи дигар (2018-2107) дар судҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.
Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нисбати 299 нафар шаҳрвандон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018 51 протокол кам мебошад. Маблағи ҷаримаи протоколҳо 964 ҳазору 195 сомониро (2018-1149100) ташкил медиҳад.
Пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва ҳифзи молу мулки шаҳрвандон низ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ 1274 (2018-1296) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, 23 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Зарари ҳодисаҳои сӯхтор 116 миллиону 606 ҳазору 886 сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2019 аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои сатҳи ватанию байналмилалӣ, спартакида аз якчанд намудҳои варзиш доир карда шуд. Аъзоёни Шӯрои мазкур дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию ватанӣ иштирок намуда, соҳиби 19 медали тилло, 16 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ гардидаанд.

593590594595

Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта, кофтукови ҷинояткорон, масъалаҳои гирифтани шиносномаҳои умумишаҳрвандии миллӣ, тамдид намудани мӯҳлати бақайдгирии симкортҳо, пешгирии маводҳои нашъаовари синтетикӣ (ҳабҳои экстазӣ), мусофиркашониҳои ғайриқонунӣ (таксиҳо), гирифтани изи ангушт, қочоқи автомашинаҳои сабукрав аз давлатҳои назди Балтика ва Олмон, ҷаримаҳо барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, раванди ислоҳоти милитсия ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод, самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиёда аз якуним соат баргузор гардида, рӯзноманигорон аз баргузории чунин Нишаст изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика