Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Академияи ВКД

Имрӯз (15.12.с.2016), Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, ба сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда дар иншоотҳои он аз наздик шинос гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони Вазир ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни шиносоӣ Қоҳир Расулзода ҷиҳати босифат ва дар мӯҳлати муқарраргардида анҷом додани бинои нави Академияи ВКД изҳор дошт, ки ин иншооти замонавӣ бояд мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шавад.
Мавриди зикр аст, ки масоҳати бинои нави Академияи ВКД хеле васеъ буда, он аз 9 ошёна иборат мебошад. Дар он сохтмони хобгоҳ барои курсантон, бинои истиқоматӣ барои устодону омӯзгорон, таваққуфгоҳ ва дигар шароитҳои моддӣ-маишӣ дар назар дошта шудааст.
Зимни боздид Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба масъулини соҳа барои вусъат додани корҳои сохтмонӣ, таъмини саривақтии сохтмончиён бо масолеҳи бинокорӣ, ободу зебо гардонидани гирду атрофи иншоотҳо ва корҳои созандагию бунёдкорӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика