Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоб - дӯсти бовафову маслиҳатгари беминати инсон

1764

Аз давраҳои қадим миллати тоҷик ба китоб эҳтироми хосса зоҳир намуда, мутолиа ва ҷамъоварии онро дӯст медошт. Китоб хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаю дониши донотарини шахсро дар бар мегирад. Китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дорост. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи хирад, ганҷинаи фарҳанги миллат ва пояи тамаддуни ҷаҳони соҳибмаданият, хосса оинаи зиндагӣ ва калиди дари ганҷи сухан аст. Ҳамин аст, ки шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро фурӯғи субҳи доноӣ ва аниси кунҷи танҳоӣ номидааст.

Инсон метавонад ба воситаи китоб бо адабиёту фарҳанги гузашта, сиёсат, иқтисодиёти мамлакат ва таъриху тамаддуни кишварҳои олам шинос шуда, дар дунёи маърифат сайр намояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар ҷое, ки китоб аст, маърифат аст, фазои солим аст ва маҳз китоб ба ҳама торикиҳо равшанӣ мебахшад. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии хурду калонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Маҳз тавассути китоб осори классикон эҳё гардида, олами тафаккури мардумро равшан мегардонад. Агар дақиқтар назар афканем, китоб дӯсти ҷонии мо буда, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дастгир, роҳнамо ва мададгори мо мегардад.
Ҳанӯз соли 1901 муаррихи маъруфи рус И.Гейер дар хусуси донишу фарҳанги тоҷикон гуфта буд: «Дар миёни миллатҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон мардуми босаводу бофарҳанг буда, кулли дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва меъмории минтақа натиҷаи заҳмати онҳост».
Воқеан, манзалати китоб ва эҳтироми он бузург аст. Дар ягон давру замон бе китоб - ғизои маънавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ, «Хонаи бекитоб рӯзи беофтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву суханварӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлатию хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчунин неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад. Китобдорӣ аз касбҳои пуршараф буда, танҳо шахсони бофарҳангу илмдӯст ин пешаро интихоб мекунанд. Китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсуҳбати мувофиқ ва ниҳоят, сарвати бебаҳо аст. Беҳуда нест, ки бо мутолиаи китоб дарси одобу ахлоқ омӯхта, барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебанданд, накукору покахлоқ ва ватандӯст тарбия ёфта, ба камол мерасанд. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқимати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда, бештар китоб хонанд, то дар зиндагӣ душворие садди роҳи онҳо нагардад. Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷгузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонидани доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Сарвари давлат аст, ки илму ирфон ва соҳаи китобдорӣ рӯз то рӯз рушд намуда, ҷавонони моро бештар ба мутолиаи китоб ва завқи китобхониву китобдорӣ ҷалб намуда истодааст.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика