Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Алимуҳаммад Муродӣ: ҳаёт ва фаъолияти ӯ

1514

Ҳаёт ва фаъолияти ҳар як шоир, нависанда, хусусан онҳое, ки дар роҳи илму адаб умри хешро сарф кардаанд барои мо ҷавонон бисёр накши муҳим дорад, зеро мо ҷавонон аз онҳо дарси одаму одамгарӣ омӯхта ҷавони дигарро дар ин роҳ ҷалб намуда, ояндаи давлату миллатро аз ҷавонони фарҳангдӯсту фарҳангпарвар бой мегардонем.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат тасмим гирифтааст, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи сӯбҳи доноӣ"-ро баргузор намуда, чеҳраҳои нави санъат ва фарҳангро бо ҳам ҷамъ намояд.
1515Мо низ тасмим гирифтем, ки оид ба ҳаёт ва фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон, устоди муҳтарам Алимуҳаммад Муродӣ матлабе омода намоем ва онро пешкаши хонандагони шоир гардонем.
Алимуҳаммад Муродӣ 3-юми августи соли 1945 дар деҳаи Кавоки ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоти умумиро дар мактаби Сарикокул ва интернати "Коммунизм"-и деҳаи Саричашма гирифтааст. Соли 1969 факулети забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими фанни забону адабиёти тоҷик хатм намудааст. Пас аз хатми ин даргоҳи илму маърифат пеши худ мақсад мегузорад, ки аввал хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда, баъд умри худро сарфи тарбияи насли ҷавон хоҳад кард. Ҳамин тавр хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати афсари кушӯнҳои пиёдагард ба охир расондааст. Пас аз хизмати ҳарбӣ муддате ҳамчун муаллим дар ноҳияи Ёвон кор мекунад, сипас ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохта баъдтар сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Коммунистӣ Ёвон", мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», муҳаррир ва сармуҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, муҳаррири рӯзномаи «Ҳафтганҷ», мудири шуъбаи шеъру нақди адабии маҷаллаи «Садои шарқ» буд. Фаъолияти эҷодии устод Муродӣ аз овони мактабхонӣ оғоз ёфта, аввалин намунаҳои эҷодиёташ солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидааст.
Осори пурғановати устод Алимуҳаммад Муродиро инҳо ташкил медиҳанд. «Дастниҳол», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Роҳи рӯҳ», «Хайрбоди баҳор», «Моҳи хусрав». Бояд қайд намоям, ки қисме аз намунаҳои осори устод Муродӣ бо забони русӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидааст. Алимуҳаммад Муродӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1987, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (барои асари «Хайрбоди баҳор», соли 2005) ва Шамсиддин Шоҳин мебошад. Бо медали «Барои шуҷоат бахшида ба 100-солаги таваллуди Ленин мукофотонида шудааст. Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдатии миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шуд, ки ин ҳам аз дастгириҳои Пешвои миллат ба аҳли адаби кишвар мебошад.
Шеъри ӯ осори пурғановаташ имрӯз хонандаро ба худ бештар ҷалб мекунад, хусусан шеърҳои ӯ дар мавзӯи терроризм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, диққатҷалбкунанда мебошад ва дуруст гуфтааст:
Душман чӣ меорад? Низо,
Кишташ чӣ кор орад, бало.
Моро зи ҳам созад ҷудо,
Эй ҳамватан ҳушёр бош.
Дар васфи устод имрӯз ҳар як шоир, нависанда, дӯстону наздикон, ҳамкорону пайвандон сухане гуфтааст, ки аз ҳаёту фаъолияти ин қаҳрамони адабиёти муосир дар ҳар давру замон гуфта шудааст. Устод Алимуҳаммад Муродӣ ҳангоми сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ҳамадонӣ дар назди ин абармарди бузург суханронӣ карда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат расонид.

Насурзода Ҳ.А., муаллим-методисти Шуъбаи таълими МДТ Коллеҷи милитисияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб, лейтенанти калони милитсия,
Шарифзода М., Ҷаҳонгирзода Ҷ., курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб.

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика