Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои намоишномаи «Бежан ва Манижа»

1444

Театр тарғибгари ғояҳои баланди инсонӣ ва тараннумгари фарҳангу ҳунари асили мардумӣ буда, нақши он дар камолоти маънавии ҷомеа бузург мебошад ва тамошои намоишҳои театрӣ манбаи маърифату макони тафреҳу ахлоқу андеша аст.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва огоҳӣ пайдо намудани онҳо аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик рӯзи 14-уми январи 2021 барои ҳайати шахсии Раёсати ВКД ва ҷузъу томҳои он дар вилояти Хатлон дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, намоишномаи театрии достони «Бежан ва Маижа», аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Қурбонзода Баҳром аз ҷониби ҳунармандони театри мазкур ба ҳозирин пешкаш карда шуд.
Роҳбари театри мазкур Саидзода Отахон, кормандони милитсияро ба боргоҳи фарҳангу маънавиёт хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки мавзӯи намоишнома тарбиявӣ буда, бори дигар мардумро бо таърих, тамаддун ва фарҳанги пурғановати миллӣ ошно менамояд.

144514461447

Ҳунармандони театр бо ҳунарнамоии ҷолиб ва ҳиссиёти баланд намоишномаро пешниҳоди меҳмонон гардониданд.

Офоқ Қодириён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика