Кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бӯстон дар рӯзи истироҳатӣ фарзандони худро ба театр бурданд. Иқдоми мазкур бо дастуру роҳнамоии сардори Шуъбаи мазкур генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ сурат гирифт. Ҳайати шахсӣ бо фарзандони худ ба тамошои намоишномаи театрӣ ба Театри давлатии русии драмма ва мазҳакаи ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон ташриф оварданд.
Аз ҷониби ҳунармандон намоишномаи «Фарзандони генерал», ки аз рӯзҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамонии фарзандони ҷасур баҳри муҳофизати Ватан, муборизаи диловарона барои ҳимояи озодиву субот, азобу уқубати фарзандону волидайни онҳо дар ақибгоҳ қисса мекард, манзури тамошобинон гардонида шуд.
Намоишномаи мазкур аз рӯи асари аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Шарипов таҳия гардидааст.
Зиёда аз 80 нафар фарзандони кормандони милитсия ба театр омаданд ва истироҳати худро бофароғат гузаронида таассуроти маънавӣ гирифтанд.
Ташкили чунин чорабинии фарҳангӣ ба хотири ҷалби наврасон ба тамошои театр ва дар ин замина ба ташаккули фарҳангдӯстии онҳо мусоидат менамояд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>