Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш

667

«Аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва махсусан, ба сайқал додани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».
Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – 5 октябри соли 2020 соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик намуда, қайд намуданд, ки «Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст». Қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон қабул гардид, ки дар ташаккули фарҳанги миллӣ аҳамияти басо бузургро дорост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаро чунин ёдоварӣ намуданд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт». Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон хоҳад монд. Забони тоҷикӣ барои миллати тоҷик бузургтарин рукни рушду нумӯъ ва пояндагиву мондагорӣ маҳсуб мешавад. Агар гуфта шавад, ки тавассути забон тоҷикон то имрӯз ҳамчун миллат дар дунё шинохта ва эътироф шудаанд, муболиға нахоҳад шуд. Зеро, ин забон буд, ки дар дарозои таърих гузаштагони фарҳангии мо: шоирону нависандагон, олимон тавассути он аз худ мероси гаронбаҳои хаттӣ боқӣ гузоштанд. Суханҳои пургавҳари устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор, Ҳаким Саноӣ, Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва садҳо тан ҷуз инон баёнгар ва нишонаи ин гуфтаҳо хоҳанд буд, ки бо забони ноби тоҷикӣ ва ба гуфти худи онон: дурри дарӣ афкори баланди хешро рӯйи коғаз меоварданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ (05.10.2020) низ дар суханрониҳои хеш ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, қайд намуданд: «Насли калонсол то ҳол дар ёд дорад, ки доираи истифодаи забони тоҷикӣ дар гузаштаи начандон дур хеле маҳдуд шуда буд. Забони тоҷикӣ имкони ба таври комил иҷро намудани вазифаҳои ҷамъиятии худро надошт ва торафт ба забони хонаводагиву маишӣ табдил меёфт. Яъне, набудани Истиқлоли давлатӣ ба рушду такомули забони тоҷикӣ таъсири манфӣ мерасонид. Бинобар ин, мардуми мо соли 1989 қабули қонуни забонро бо қаноатмандии зиёд истиқбол карданд. Вале бояд гуфт, ки ҳарчанд қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ буд, аммо дар инкишофи забони давлатӣ гардиши куллиро таъмин карда натавонист».
Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ заминаҳои мусоид барои қабул намудани Қонуни нав фароҳам оварда, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав қабул гардид. Дар муддати ёздаҳ соли гузашта доир ба татбиқи қонуни нави забон корҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале ба қавли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳанӯз кам аст. Чунки забон мисли ҷисми зинда аст ва ба ғамхории доимӣ ниёз дорад. Барои пойдорӣ ва мондагории забон садҳо бузургони миллат ҷони хешро фидо намудаанд. Забонро ба мисли сарҳади кишвар ҳифз намуданд, зеро марзу буми асосии тоҷикон ин забони модарии онҳо буд. Ва то вақте ки тоҷикон забон доранд, марзу бум доранд! Устод Бозор Собир дар шеъри «Забони Ватан» ин ақидаро ҷонибдорӣ намуда, фармудаанд:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Имрӯз, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорем, вақти он расидааст, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад, то ин ки дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ бошем. Зеро миллате, ки дар ҳимоя ва пуштибонӣ аз забони хеш, ки олитарин мерос аз аҷдоди ӯст, устувор ва босадоқат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ояндаи ӯ басо дурахшон хоҳад буд.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика