Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷики ман …

997

Тоҷики ман бо ғами сад асрҳо оганда аст,
Бо каломи шаҳдрезаш некному зинда аст.
Шеъри Фирдавсиву Ҳофиз, Мавлавияш безавол,
Ин саморо бо шаҳомат ахтари тобанда аст.
Қадри миллат, қадри расму оини худ ҳифз кард,
Душманаш аз бебарорӣ сархаму шарманда аст.
Дасти ӯ болост, чун лутфи Худо бар сӯи ӯст.
Тоҷики ман, шукрдору тоҷбарсар банда аст.
Ҳарфи пирони тавоно некномаш кардаанд.
Бар ҷаҳон сози вафову меҳрро афканда аст.
Пешво дорад, Истиқлолу сулҳу оштӣ,
Назму насру марзу буму хоки ӯ поянда аст.
----------------------
Миллати қарин
Ин миллати қарин, ин кишвари бузург,
Ин сулҳи пойдор, хушреди нурбор.
Ин ҷилваи замон, таърихро нишон,
Доимбаҳору дар талаби хеш комгор.

Поянда боду ҳар нафасаш пурнишот бод.
Иқболу обрӯву сафояш зиёд бод.

Умедбастаҳои замони мубораканд.
Ин насли Ориё, Ҷамшедзодаанд.
Авлоди тоҷдор, оинадори давр,
Сӯи вафову меҳр ҳама по ниҳодаанд.

Поянда боду ҳар нафасаш пурнишот бод.
Иқболу обрӯву сафояш зиёд бод.

Чун Сарвари матин, ҳаст Пешвои халқ,
Истода ҷон ба каф баҳри дифои халқ.
Ҳам ҳадяи Худост, ҳам ҷони зиндагист,
Ҷовид, зинда аст, ӯ бо дуои халқ.

Поянда боду ҳар нафасаш пурнишот бод.
Иқболу обрӯву сафояш зиёд бод.
---------------------
Дӯст дорам…
То даме, ки файзборам, то даме, ки бешикан,
Бо садоқат бо саодат, ман Ватанро дӯст дорам.
То даме, ки офтоб аст, то даме субҳи сафед,
Дар ҳавои ин назокат зистанро дӯст дорам.
То даме, ки ишқ зебост, то даме дорам умед,
Дар баҳои умри ширин, хештанро дӯст дорам.
Чашми таърих мешавад рушан чу ноб.
Чун фазои сулҳу осоишта аст.
Халқи ман, ин миллати Олинажод,
Қисмати некаш Худо бинвишта аст.


Қодириён Офоқ, подполковники милитсия, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика