Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Модар-дилу дида ва дармонгарӣ саломатии тамоми инсонҳост

1030

Модар неъмати ноёб, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат баҳри башарият аст. Маҳз, самимият, меҳру муҳаббати бекарон ва навозиши инсонгаронаи ӯ моро ба оламу одам ҳамчун инсон ошно сохт. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя расида, дарси одамгарию ватандӯстӣ ва меҳру садоқатро меомӯзем. Ба ин маънӣ шоир Лоиқ Шералӣ чунин гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Инсон дур аз модар қимату ноёб ва дорои фазилатҳои камназир будани ӯро дарк мекунад. Барҳақ шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Дар ин росто ҳам шоире, доир ба муқаддас ва бузургии модар шеъри саршор аз маънӣ ва пур аз дардро ба қалам додааст:

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ дорад ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Модар шахси бузург ва муқаддас аст. Ҳангоме ки чеҳраи зебои модар пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нуру саффо меборад. Ин нур пайроҳаи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳастии зиндагӣ буда, аз ҳама ноёбтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба монанди хуршеди оламафрӯз аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқу муҳаббати поки модар ба мисоли чашмаҳо ва дарёчаи пурҷӯшу хурушест, ки дашту биёбон ва бодияро гулистоне мекунад, ки инсоният аз он ҳаловату таровати хосаеро ба худ мегирад. Зеботарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин каломи Модар мебошад. Модар ту болои дилу дидаи мо фарзандонӣ! Таҳти ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву нақши хоксорӣ, ишқу садоқат ва дилбастагиву дилдодагӣ бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат нуҳуфтааст. Дар дунё муқаддастар ва пуртуғёнтар аз модар дида ганҷинаи ноёбе нест ва тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар аст, ки мо арзи ҳасти дорем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад ва аз гармии меҳру муҳаббати ноком гашта бошад. Модар! Ту чашмаи умед ва ҳаёти инсоният ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобастагии ногусастанӣ дорад. Вожаи Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои олам якранг бо садои оҳанги навозишкорона танинандоз аст. Новобаста аз сину сол инсон барои ӯ меҳру муҳаббати модар-навозишу нигоҳи вай зарур аст, чунки ягона меҳри беандозаи модар метавонад, ки моро ба олами маони раҳсипору ҳомӣ бошад. Ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшонтару самими- тар мегардад. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайзу баракат нахоҳад гашт. Файзу иқболи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандонатро равшан месозӣ. Модарам ту ягона мунисаму розгӯю рафиқам, дастгирам дар парешонҳолию номуназзамии ҳаётам, дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамотам, ту умеди зиндагии имрӯзу фардоям, ту мураббии ҳаётам ва нури хонадонам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба ин олами пур аз шуру шар ва пур аз азобу машаққат овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат навозишам кардию бо дили афсурдаат ҳимояам намудӣ. Модар, ту тамоми ҳастии зиндагиям ва нурбахшӣ ҳаёту мамотам ҳастӣ. Ҳар он гоҳе ки симои модарам пеши чашмонам меояд, он барозандагиву муҳаббат ва айёми кӯдакиям ба мисоли як мавҷи босуръати дарёи пур аз туғён дар пеши чашмонам вонамуд мешавад. Модар, ту ҳамеша барои ман муаззаму муқаддасу мътабарӣ. Модар-зан аст. Зан бошад, олиҳаи ҳусну малоҳат ва симои хонадон аст. Адибону олимону шоирон ва бузургону фарзонагони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор ва нотакрор гуфтаанд. Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотару ноёбтар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар он занҳо кору пайкор надошта бошанд ва дар ҷамъияти имрӯза занон дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гулгулшукуфон мегардад. Ба ин маънӣ шоири ширин сухан ва шодравон Лоиқ Шералӣ чунин фармудааст:

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Шоир дар ин росто хело ҳам ба маврид ва ба мантиқ фармудааст, ки модар олиҳаи сол ва ҳастии табиати инсоният аст. Як шаба он ранҷу азобе, ки модар мекашад ҳеҷ инсонияте ба ин азобу машақат тоб оварда наметавонад. Бо камоли эҳтиром ва саршор аз умеду муҳаббат метавон гуфт, ки модар дилу дида, тарбиятгари фарзандони накӯ ва солиҳа, сутуни хонадон, пайроҳаи кӯчаҳои зиндагии пур аз шуру шар ва пур аз туғён, кушояндаи тамоми дарду илатҳо, симои зиндагӣ ва оинаи ҳаёту зиндагӣ, сарнавиштсози ҳаёт, саодатофари зиндагии ширин ва умедбахши ҳаёт, тавлидгари ҳаёти аҷибу наҷиби инсон, меҳрпарвару нозпарвари фарзандон дар ҳаёт мебошад. Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки модар бузургтарин ва муқаддастарин мавҷудоти олам аст. Ба ифодаи дигар баён намоем модар фазилатгари зиндагӣ ва хуршеди хонадон аст. Ин аст, ки мо инсонҳо бо тамоми меҳру муҳаббат вожаи модарро рӯйи забон меорем. Модар, бузургтарин ва ноёбтарин шахс аст дар олами пур аз шодиву ғаму андӯҳ. Чи зебост вожаи модар, агар ки тамоми ҳаёт онро тасвиру иншо намоем ба итмом намерасад, чун ба монанди меҳру муҳаббати бепоёнаш. Модару падар ҳидоятгари зиндагӣ ва роҳнамову омӯзгори ҳаёти ширин мебошанд, чунки ин ду вожаи муқаддас ва гаронмоя барои ҳар яки мо инсонҳо ганҷи нодиру ноёб аст. Бояд ёдовар шуд, ки дар шеъри устод Лоиқ кору пайкор ва таҷассуми симои модари тоҷик бо як нозукии шоирона хеле таъсирбахшу хотирмон инъикос ёфтааст. Шоири нотакрор ва ширинбаён симои модари тоҷикро аз кунҷи сандалӣ ба мушоҳида гирифта, ҷомадӯзиву гулдӯзӣ ва армоншикании ӯро дар тӯйи фарзанд моҳирона ба риштаи назм рӯи авроқи таърих кашидааст:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста
шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ
медӯзӣ ба сад ният.
Ки рӯзи тӯй дида бар қади
ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба
ҳусни нав ҷавоният.
Ба он дастони ларзони
шарафмандат бимирам ман!

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика