Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки аз 20 то 30 октябри соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Муоинаи техникӣ»-ро ташкил ва гузаронида истодааст.
Мақсад аз гузаронидани амалиёт, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, муайян намудани шумораи дақиқи воситаҳои нақлиёт, назорат бурдан ҷиҳати супоридани маблағи андоз, ба пуррагӣ ҷалб намудани воситаҳои нақлиёти боркаш ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ мебошад.
Аз ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиётро дар ҳолати дурусти техникӣ нигоҳ дошта, сари вақт ба муоинаи техникӣ пешниҳод намоянд.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика