Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон

Аз 5 то 15 июни соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад.

Мақсад аз гузаронидани амалиёт ба низом даровардани истифодабарӣ ва муътадил гардонидани вазъи садаманокӣ бо иштироки воситаҳои нақлиёти мусофирбар, мунтазам безараргардонии воситаҳои нақлиёти мусофирбар бо маҳлулҳои зидивирусӣ, бе ниқоби муҳофизатии тиббӣ идора намудан ва интиқол додани мусофирон, инчунин ошкор ва пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, ки аз тарафи ронандагони воситаҳои наклиёти мусофирбар содир мешаванд, мебошад.
Ронандагони муҳтарам, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоед.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика