Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, ҳафтоду панҷ сол сипарӣ мешавад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.
Ва сокинони Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам солгарди ин санаи таърихиро ботантана ҷашн мегиранд. Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.
Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.
Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд. Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро бистсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давра аҳолиаш зиёда аз як миллион нафарро ташкил медод, дар ин набардҳои сангину хунин беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагии худ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо нишон додаанд, мояи сарфарозӣ ва ифтихор мебошанд.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи Ватан ба ҳалокат расидаанд.
Барои мардонагӣ, далерию шуҷоат нишон додан 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтарини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд.
Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.
Мардуми тоҷик дар роҳи тайкарда ва озмоишҳои фоҷиабори мубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори басар бурда рӯҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолият дошта, корҳои истеҳсолии тамоми самтҳои саноату хоҷагии халқ содиқона ёрии худро дареғ намедоштанд.
Дар давраи вазнини ҷанг мардуми тоҷик новобаста аз вазъи иқтисодӣ, бо нигоҳ доштани ору номуси аҷдодии худ, садоқати ба халқу миллат дошта, барои ҳимояи Ватан охирин сарвату дороии худро ҷамъ намуда, мефиристоданд, то кумаке дар роҳи ғалаба бар фашизм гардад. Агар саҳми мардуми Тоҷикистонро дар ин давра барои таъмини ғалаба шуморем, барои фронт 151 вагони пурбор, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, зиёда аз 25000 метр газворҳои гуногун ва дигар лавозимоти заруриро аз аҳолӣ ҷамъ намуда, фиристода буданд. Ба фонди захиравии мудофиавии Ватан зиёда аз 30 миллиону 500 ҳазор сӯм маблағи нақд, 40750 пуд ғалладона супорида шуда буд.
Маълум аст, ки имрӯз ветеранҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Қисми боқимондаи онҳо синнашон аз навад боло мебошад. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддаси фарзандии мост. Таҷрибаи роҳи тайкардаи зиндагӣ огаҳ месозад, ки эҳтиром доштани калонсолон ва кумак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва муҳтоҷро дар доираи анъанаҳои қадимии халқи тоҷик пайваста идома диҳем.Ёдоварӣ аз ин сабақи таърихӣ мардуми кишвар ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, ки рӯй додани ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир эҳтимолияти ба ҳар як кишвар таҳдиду зарар оварданаш аз мадди назар дур нест. Дар ҳама ҳолат нигоҳ доштани масъулияти баланди ватанпарастӣ, ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, омодобоши ҷузъу томҳои низомӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Артиши миллии Тоҷикистон, ки сипари боэътимоди Ватан ба ҳисоб меравад, мебошад.660Инак, дар арафаи ин Рӯзи Ғалаба - рӯзи хуҷастаи зафар бо ифтихор метавонем гӯем, ки мардуми тоҷик ҳиссаи арзандаи худро дар таъмини ғалабаи оламшумули халқҳои шӯравӣ бар Германияи фашистӣ гузоштаанд. Моро месазад, ки бо онҳо ифтихор намоем. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи хеле ками собиқадорон боқӣ мондаанд, ки ҳамеша таҳти ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Президенти Тоҷикистон қарор доранд.Мо ҷавонон, ки ояндаи марзу буми Ватан дар дасти мост, бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҳарчи бештар истифода намоем.
Зеро пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан вазифаи инсонии мо ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
ИДИ ЗАФАР МУБОРАК!!!

Абдулҳамидзода Амиралӣ,

курсанти курси 5-уми факултети №5,

Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика