Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалӣ ба Осорхонаи ВКД

257

Рӯзи 24-уми майи соли 2019 иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалӣ, ки дар Академияи ВКД дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид, аз Осорхонаи ВКД, ки инъикоскунандаи таърихи милитсияи тоҷик ба ҳисоб меравад, дидан намуданд.
Ҳайати меҳмонон аз намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ВКД, РВКД ва ШВКД-ҳо, нозирони минтақавӣ ва сардорони шуъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, инчунин ташкилоти «Дунёи бехатар» (Сейферворлд), Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА иборат буданд.

256258259

Ҳайати меҳмононро корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД майори милитсия Алиҷон Акобирзода аз ёдгориҳои таърихие, ки фаъолияти милитсияи тоҷикро инъикос мекунанд, ошно намуд. Номбурда иброз дошт, ки Осорхонаи ВКД таҷассумгари фаъолияти милитсияи тоҷикро дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз замони Шӯравӣ то замони соҳибистиқлолӣ дар бар мегирад.
Меҳмонон аз гӯшаҳои таърихӣ ва навгониҳои ин махзани бою мондагор ошно гардида, аз тамошои Осорхона ба худ таассуроти неку хотирмон бардоштанд.

Т. ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика