Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъулиятшиносӣ мароми уст

215Дар зиндагӣ бо нафароне вохӯрдан мумкин аст, ки бо рафтори намунавии худ миёни ҷомеа ва коллективи корӣ соҳибэҳтиром ва мартабаи хосеро соҳибанд. Хизмат ба Ватан ва халқ мароми онҳо буда, намунаи ибрати дигаронанд. Подполковники милитсия Раҳматшозода Раҳматшо Акобиршо, ки айни ҳол ба ҳайси сардори Муассисаи нақлиётии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ифои вазифа дорад аз зумраи ингуна шахсиятҳост, ки байни ёру дӯстон ва ҳампешагон обрӯи хос дорад.

Агарчи дунёи кӯдакӣ содда аст, аммо барои дар оянда кӣ шудан ва чи тавр шахсияти худро бояд сохт, маҳз дар замони тифлию наврасӣ таҳкурсӣ гузошта мешавад. Зеро ҳамон орзӯҳои ширини кӯдакӣ минбаъд ҷомаи воқеъият мепушад. Аксари кӯдаконро агар бипурсед, ки дар оянда кӣ хоҳад шуд, дар ҷавоб мегӯянд, ки милиса. Қаҳрамони мо ҳам дар замони хурдсолӣ мехост, яке аз муҳофизони Ватан бошад. Бо ҷинояту ҷинояткорӣ мубориза барад, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва моликияти шаҳрвандон ҳиссагузор бошад.
Ин орзуҳо аз куҷо сарчашма гирифт? Пайдо шудани майлу хоҳиши корманди милитсия шудан дар сарнавишти подполковники милитсия Раҳматшо Раҳматшозода ба ягон ҳодиса ё саргузашт алоқаманд нест. Мутолиаи асари «Қайдҳои муфаттиш»-и нависандаи рус Лев Шенин ва самимияти қаҳрамонҳои он дар иҷрои вазифаи хизматӣ барояш идеал гардида назди худ мақсад мегузорад, то ин ки дорандаи ин касби пуршараф бошад.
Мавсуф 6-уми августи соли 1964 дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Соли 1981 МТМУ №9 ноҳияи Рушонро хатм ва то моҳи апрели соли 1983 дар совхози «Рушон»-и ноҳия ҳамчун корманди бригадаи сохтмонӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1983 то соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ шаҳри Хабаровск хизмат ва баъди адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан ба Мактаби миёнаи махсуси ВКД-и ИҶШС дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон дохил шуда, соли 1987 ин муассисаи таълимӣ ва баъдан соли 1996 Мактаби олии милитсия дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ғоибона хатм менамояд.
Бо рутбаи лейтенанти милитсия кор дар муассисаи ислоҳотии я/с -3 аввалин вазифаест, ки соли 1987 дар сохтори МКД ба ӯ бовар карданд. Чун корманди оперативӣ шудан орзӯи деринааш буд назди худ мақсад гузошт маҳорати худро дар хадамотҳои оперативӣ нишон диҳад. Ва солҳои тулонӣ ба ҳайси ваколатдор ва ваколатдори калони оперативӣ, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятӣ, муовини сардори шуъба дар самти оперативӣ, сардори шуъбаи минтақавии милитсия дар системаи мақомоти милитсия кору фаъолият намуда, ҳамчун мутахассиси пуртаҷриба шогирдони зиёдеро роҳнамоӣ кардааст.
Собиқаи касбияш солҳои 1989 – 2002 дар ШВКД ноҳияи Рушон, солҳои 2002 – 2003 дар РВКД-ии вилояти Бадахшон, солҳои 2003 – 2008 дар РВКД-и вилояти Суғд, солҳои 2008 – 2011 дар ШВКД шаҳри Конибодом, солҳои 2011 – 2018 дар ШВКД ноҳияи Б. Ғафуров гузаштааст. Аз 19-уми октябри соли 2018 то инҷониб вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро ба уҳда дорад.
Дар бахши оиладорӣ ва тарбияи фарзанд подполковники милитсия Раҳматшозода Раҳматшо Акобиршо, аз зумраи нафаронест, ки оила барояш муқаддас аст. Соҳиби се фарзанди баркамол як писар ва ду духтар мебошад, ки ҳама дорои маълумоти олӣ мебошанд. Фарзанди калонӣ Ҳамдӣ Акобиршоев ҳуқуқшинос, аспиранти Донишгоҳи федералии шаҳри Қазони Федератсияи Россия аст. Фаъолияти омузгорӣ дошта ҳамчун олими ҷавони зодаи Тоҷикистон ватани моро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ менамояд ва дар марҳилаи ҳимояи унвони илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Духтараш Мушкина Акобиршоева касби падарро интихоб ва баъди хатми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ВКД дар нақлиёти вилояти Суғд бо рутбаи лейтенанти калони милитсия адои вазифа дорад. Фарзанди хурдиаш Мадина Акобиршоева алъон дар донишгоҳи РУДН шаҳри Москваи Федератсияи Россия донишҷӯ мебошад.
Як давраи фаъолияти каҳрамони мо дар мақомоти милитсия ба давраи бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта рост омада бошад ҳам, бо доштани хислатҳои ватандӯстиву шуҷоатмандӣ ӯ тавонист ин мушкилиҳоро пушти сар намояд. Хизматашро қадр намуда, вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунандаро ба ӯ бовар карданд.
Раҳматшозода Р.А. мегуяд, ки саҳнаи зиндагӣ албатта гардишҳои зиёд дорад, роҳе, ки поёнаш норушан, аммо метавон бо амалҳои шоён самташро муайян намуд. Маҳз фаъолияти бенуқсон ва аз болои худ коркарданҳои зиёд каҳрамони моро соҳибмартабаву соҳибикром гардонид. Давоми хизмат дар мақомоти милитсия, ки 32-солро дар бар мегирад чандин маротиба роҳбарияти ВКД ӯро таҳсин хонда, заҳматашро бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Сипосномаву Ифтихорномаҳо қадр намудаанд.
Дар зиндагӣ байти зеринро шиори зиндагӣ интихоб намуда, мекӯшад самараи муваффақиятҳояш аз пайи меҳнат ба даст ояд.
Тарош бо тешаи худ ҷодаи хеш,
Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст…

Акбар Шарифов, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика