Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми собиқадорон дар корҳои ободонӣ

67

Собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд тасмим гирифтанд, то ин ки дар арафаи таҷлили «Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи «Сипар»-и ВКД воқеъ дар соҳили «Баҳри тоҷик» ҳиссагузорӣ намоянд. Иқдоми онҳо аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷонибдорӣ ёфт ва бо ташкили шанбегӣ собиқадорон як рӯзи истироҳатиро ба тозаю озода намудани гирду атроф ва шинонидани ниҳолҳои сояафкан дар мавзеи ин осоишгоҳ сипарӣ намуданд.
50 нафар собиқадори ташаббускор, ки ҳама қаблан дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сафи мақомоти милитсия хизмат намудаанд, дар ҳашари дастаҷамъона иштирок доштанд.
Собиқадорон дар баробари ҳиссагузорӣ дар корҳои ободонӣ, бо иншоотҳои сохташуда, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, гармхона, боғ ва рафти сохтмони иншоотҳои нав аз қабили меҳмонхонаи чорошёна шиносоӣ пайдо намуданд.
Баъди ба субут расонидани корҳои ба нақша гирифташуда, ба собиқадорон маҳфили истироҳатӣ ташкил карда шуд.

68

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин амали собиқадорони мақомоти милитсияи вилояти Суғд ҷанбаи тарбиявӣ дошта, ҷавонони соҳаро ба меҳнатдӯстӣ ташвиқ менамояд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика