Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Бо Фармони Вазорати корҳои
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
№841 аз «11» ноябри с.2014
тасдиқ карда шудааст.

 

 

НИЗОМНОМАИ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ
1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.
2. Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси иштироки ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳимояи ҳуқуқ, илмӣ, эҷодӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ноил гаштан ба мақсадҳои умумӣ таъсис дода мешавад.
3. Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамкории ҷомеа ва милитсияро дар коркарди самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ислоҳоти милитсия ва масъалаҳое, ки ба ҳамкории милитсия ва ҷомеа, дар ҳаёт татбиқ намудани принсипи дастрасӣ ва ошкорбаёнии фаъолияти милитсия, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобастагӣ доранд, таъмин менамояд.
4. Шӯрои ҷамъиятӣ шаффофият ва самаранокии истифодаи маблағҳои буҷавӣ, кӯмакҳои техникӣ ва грантҳоро, ки аз тарафи донорҳо ҷудо карда мешаванд, назорати (мониторинги) ҷамъиятӣ мебарад.
5. Шӯрои ҷамъиятӣ мақомоти ҷамъиятие, мебошад, ки фаъолияти худро дар асоси ташаббуси ҷамъиятӣ дар ҳамма марҳалҳои ислоҳоти милитсия пеш мебарад.
6. Шӯрои ҷамъиятӣ шахси ҳуқуқӣ набуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи мазкур пеш бурда, барои амалҳои муассисони худ ҷавобгарии ҳуқуқӣ намебарад.
7. Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ танҳо дар доираи принсипҳои мувофиқат, қарорҳо ва амалҳои мушаххасе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст, масъулияти якҷоя мебаранд. Бо ин мақсад ҷиҳати ҳамкории милитсия бо ҷомеа аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ «Кодекси одоби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ»-ро таҳия ва бо қарори худ тасдиқ менамоянд.
8. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ташкил медиҳанд.
9. Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ) таҳия карда шуда, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ эълон карда мешавад.
10. Вазорати корҳои дохилӣ (минбаъд – Вазорат) ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати бемамоният ва самаранок иҷро намудани фаолияташон дар ҳама ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
2. Ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ
11. Ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ:
1) мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо;
2) иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия, созмон додани механизмҳои гуногуне, ки муҳокимаи ошкоро ва оммавии ислоҳоти милитсияро дар ҳама марҳилаҳои он, таъмин мекунанд;
3) дар мавзӯи ислоҳоти милитсия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани интизориҳо ва пешниҳодоти шаҳрвандон, ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳамкорӣ байни милитсия ва ҷомеа;
4) ташкили назоратбарӣ аз болои баинобат гирифтани дархостҳои ҷамъиятӣ дар рафти ислоҳоти милитсия, рушд ва минбаъд мукаммал гардонидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ, демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;
5) таҳияи механизм ва таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вогузор намудани вазифаҳо барои милитсия ва дар баҳодиҳии иҷроиши онҳо, таъсиси фаолияти шаффофи милитсияи барои шаҳрвандон.
3. Вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ
12. Вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ:
1) ҷалби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ, дар соҳаи пешгирии қонуншиканиҳо;
2) омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар ҷомеа, ҷиҳати мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо;
3) баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқи давлат, наздик намудани милитсия бо аҳолӣ, тақвияти мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма оид ба минбаъд мустаҳкам намудани давлати ҳуқуқбунёд;
4) таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар муҳокимаҳо ва амалӣ кардани механизмҳои гуногуне, ки дар ҳама марҳалаҳои ислоҳоти милитсия мубоҳисаи ошкоро ва оммавиро фарогир бошад;
5) таҳияи «Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ»;
6) расонидани кӯмакҳои машваратӣ, методӣ ва дигар намуди дастгириҳо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ;
7) бо мақсади холисона ва ҳамаҷониба пешкаш намудани ахборот ба аҳолӣ оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҷалб намудани намояндагони васоити ахбори омма;
8) таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли масоили ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ равонашуда ва амалисозии чорабиниҳои муштарак;
9) омода намудани ченакҳои баҳогузории пешакӣ, хулосаҳо ва пешниҳодҳо доир ба мукаммалгардонии фаъолияти милитсия, ки аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд;
10) таъмини иштирок ва фаъолияти ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошанд, дар ҳайати Комиссияи махсуси назди Сарнозири Вазорат. Намояндагони мазкур аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ таъин карда мешаванд. Шӯрои ҷамъиятӣ бояд ба поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон, ташкилотҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки зери фишори ғайриқонунӣ қарор гирифтаанд, диққат зоҳир намуда, чунин ҳолатҳоро санҷиш намуда, мутобиқ ба талаботҳо тавсияҳо таҳия намояд;
11) бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ иштирок намудан дар имтиҳоноти қабули номзадҳо ба курсантӣ ва шунавандагони муассисаҳои таълимии Вазорат, инчунин имтиҳоноти сессиявии онҳо;
12) ҷиҳати холисона ва ҳаматарафа баҳогузорӣ намудани шахсони барои хизмат ба мақомоти милитсия қабулшаванда иштирок дар кори комиссияҳои аттестатсионии Вазорат ва раёсатҳои корҳои дохилӣ, ки тартиби онро Вазири корҳои дохилӣ муайян мекунад;
13) таҳияи барномаҳо, консепсияҳо ва пешниҳодҳое, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, устувор намудани давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар Тоҷикистон, равона шудаанд.
4. Ҳуқуқҳои Шӯрои ҷамъиятӣ
13. Шӯрои ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:
1) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои гузаронидани ислоҳот ва такмилдиҳии фаъолияти милитсия таклифҳо пешниҳод намояд;
2) ба мақомотҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати баланд бардоштани нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар суботи сиёсати дохилӣ, ризоияти ҷамъиятӣ ва тақвият бахшидан ба мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба демократикунонии ҷомеа равона шудаанд, таклифҳо пешниҳод намояд;
3) ба шаҳрвандон, мақомотҳои иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати такмил додани механизми ҳамкорӣ байни мақомотҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо, бо дархосту таклифҳо муроҷиат намояд;
4) дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҷиҳати такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифҳо пешниҳод намояд;
5) дар чорабиниҳои муштарак ва дигар амалҳо оид ба ислоҳоти милитсия, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин дар вазифагузориҳои аниқу муайян иштирок намояд;
6) вобаста ба масоили гузаронидани ислоҳоти милитсия ва фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ даъват намояд;
7) ба фаъолияти худ кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагони ташкилотҳои илмиву экспертии ватанӣ ва байналмилалӣ, инчунин мутахассисони соҳавии алоҳидаро ҷалб намояд;
8) ду намояндаи Шӯрои ҷамъиятиро ба ҳайати комиссияи махсусе, ки дар чаҳорчӯбаи Стратегияи ислоҳоти милитсия таъсис дода мешавад, шомил намояд. Комиссияи мазкур ҳуқуқ дорад бо талаби Шӯрои ҷамъиятӣ санҷиши такрории аризаҳоро дар бобати аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ содир намудани қонуншиканиҳоро гузаронад, агар арзкунанда ба хулосаи Сарнозироти милитсия норизогӣ изҳор намояд. Комиссия ба Вазири корҳои дохилӣ оид ба татбиқи ҷазои интизомӣ, бартараф намудани сабабҳо ва шароитҳое, ки ба содир намудани қонуншиканӣ мусоидат кардаанд, тавсияҳо пешниҳод намояд;
9) бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ аз ҳисоби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳайати комиссияҳои қабул ва аттестатсионии Вазорат ва раёсати корҳои дохилӣ шомил намояд. Иштироки онҳоро дар кори коммисияҳои мазкур тибқи тартибе, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, таъмин намояд;
10) дар доираи амали Шӯрои ҷамъиятӣ роҷеъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, дар бораи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ маълумот дархост намояд, агар он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳимояи сирри давлатӣ ё дигар сирри аз ҷониби қонунгузорӣ ҳифзшаванда, мухолифат накунад;
11) оид ба масоили гузаронидани ислоҳоти милитсия ва баррасии дигар вазифаҳои дар назди Шӯрои ҷамъиятӣ истода, ба ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ кормандони мақомоти корҳои дохилиро, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудаанд, даъват ва гӯш намояд;
12) реҷаи (регламенти) кори Шӯрои ҷамъиятиро муқаррар намуда, таҳияи нақшаҳои кории дурнамо ва ҷориро амалӣ намояд, инчунин ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид намояд;
13) тибқи талаботи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти Шӯро ҷамъиятӣ таҳия ва нашри бюллетенҳо ва ҳисоботҳоро ба роҳ монад;
14) намояндагони Шӯрои ҷамъиятиро ба ҳайати вакилон барои иштирок дар маҷлисҳои гуногуни байналмилалӣ, сафарҳои шиносоӣ, гуфтушунидҳо, иқдомҳои инсондӯстӣ ва ғайра, тавсия намояд;
15) бо дастури хаттии Вазири корҳои дохилӣ барои ҳалли (иҷрои) супоришҳои мушаххас дар ҷойҳо, ҳайати вакилонро барои гузаронидани ҷаласаҳои сайёр ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фиристонад;
16) дар асоси ҳадафҳо ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҷиҳати амалисозии Низомномаи мазкур, конференсияву семинарҳо ва мизҳои мудаввар барпо намуда, бо аҳолӣ вохӯриҳо доир менамояд;
5. Тартиби таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ
14. Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси ихтиёрӣ, аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешавад.
15. Номзад ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳрванди мукаллафи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 21 расида, доғи судӣ надорад, истиқоматкунандаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои таҳсилоти на кам аз миёнаи умумӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ, эҷодӣ ва илмӣ дошта, шуда метавонад. Аз нисф зиёди аъзоёни Шӯрои ҷамъиятиро бояд шахсоне ташкил диҳанд, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд,.
16. Муҳлати ваколати аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ 3 сол мебошад.
17. Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд номзадии худро барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ, пешниҳод намоянд.
18. Барои аъзо шудани шаҳрвандон ба Шӯрои ҷамъиятӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
1) аризаи номзад дар бораи аъзо шудан ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ;
2) нусхаи шиносномаи номзад;
3) нусхаи ҳуҷҷат оид ба таҳсилоти номзад;
4) тарҷумаи ҳол (дастнавис);
5) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
6) ду дона расми 4x6 см.
19. Барои аъзо шудани намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба Шӯрои ҷамъиятӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 16 Низомномаи мазкур пешбинишуда, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:
1) қарори роҳбарияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ;
2) нусхаи шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ;
3) нусхаи ҳуҷҷати сабти воқеии дар рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ тасдиқкунанда;
4) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи шахси ҳуқуқӣ (оиннома ё низомнома);
5) маълумотнома оид ба фаъолияти шахси ҳуқуқӣ (анкета).
20. Пешниҳод оид ба шомил намудани номзад ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ бояд на камтар аз шаст рӯз то хотима ёфтани муҳлати ваколати ҳайати пешинаи он ворид карда шавад.
21. Рӯйхати номзадҳо ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси аризаи шаҳрвандон оид ба аъзогӣ ба Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ба номи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ворид гардидааст, аз ҷониби ӯ тартиб дода шуда, ба муҳокимаи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ накамтар аз сӣ рӯз то хотимаёбии муҳлати ваколати ҳайати пешина, пешниҳод карда мешавад.
22. Ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ бояд на камтар аз 15 нафарро ташкил диҳад. Дар баробари ин бояд рӯйхати эҳтиётии номзадҳо ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳайати на кам аз 5 нафар тартиб дода шавад. Ҳайати Шӯроҳои ҷамъиятии дар назди Раёсатҳои минтақавӣ, бояд то 10 нафар ва рӯйхати эҳтиётии номзадҳо ба ҳайати ин Шӯроҳо на кам аз 3 нафарро ташкид диҳанд.
23. Пас аз мутобиқкунонии рӯйхати номзадҳо ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ бо Гурӯҳи идораи ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ), ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ тасдиқ карда шуда, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад.
24. Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ (минбаъд - Раис) ва муовини ӯ дар нахустин ҷаласаи умумии Шӯрои ҷамъиятӣ, аз ҷониби аъзоёни он бо роҳи овоздиҳии ошкоро интихоб карда мешаванд.
25. Номзадҳо ба вазифаи Раис ё муовини ӯ аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ пешбарӣ карда мешаванд. Ҳар як аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳуқуқи пешниҳоди танҳо як номзадро дорад.
26. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ба сифати номзад барои интихоб намудан ба вазифаи Раис ё муовини ӯ пешбарӣ шудаанд, ҳуқуқи худрадкуниро доранд. Аризаи хаттӣ ва ё шифоҳӣ оид ба худрадкунии онҳо бидуни муҳокима ва овоздиҳӣ қабул карда мешавад.
27. Раис ва муовини ӯ ба он шарте интихобгардида ҳисобида мешаванд, ки агар ба тарафдории онҳо аз се ду ҳиссаи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ овоз дода бошанд.
28. Қарор оид ба интихоби Раис ва муовини ӯ бо протокол ба расмият дароварда шуда, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад.
29. Ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ тибқи намунаи муайянкардаи Вазири корҳои дохилӣ шаҳодатнома дода мешавад.
30. Масъалаи пеш аз мӯҳлат аз вазифа озод кардани Раис бо изҳори шахсии ӯ, пешниҳоди Вазири корҳои дохилӣ ё Ҳамоҳангсозӣ миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия баррасӣ карда мешавад. Қарор дар бораи аз вазифа озод кардани Раис бо овоздиҳии аз се ду ҳиссаи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, қабул карда мешавад.
31. Ҳангоми аз тарафи аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ риоя нагардидани меъёрҳои «Кодекси одоби Шӯрои ҷамъиятӣ», он аз аъзогии Шӯрои мазкур хориҷ карда мешавад.
6. Раис ва муовини раиси Шӯрои ҷамъиятӣ
32. Шӯрои ҷамъиятиро роҳбарӣ менамоянд, фаъолияти он ва гурӯҳҳои кории онро ташкил карда, тартиботи дохилии Шӯрои ҷамъиятиро назорат мебаранд.
33. Ҳамкории Шӯрои ҷамъиятиро бо мақомоти корҳои дохилӣ, мақомотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозанд.
34. Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиро тартиб дода, онро барои мавриди баррасӣ қарор додан, ба аъзоён ирсол мекунанд.
35. Бо мақсади амалисозии вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои қабул кардаи он, аз ҷумла, қарор, дархост, муроҷиат, тавсия ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба имзо мерасонанд.
36. Дар доираи салоҳияти додашуда, ба гурӯҳҳои корӣ ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳалли масъалаҳои дахлдор супоришҳо медиҳанд.
37. Ҳангоми иҷроиши вазифаҳои худ, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар рафти муҳокима ва қабули қарорҳо ҳуқуқҳои баробар доранд ва фаъолияти худро ройгон, дар асоси ташаббуси ихтиёрӣ, амалӣ месозанд.
38. Муовини Раис ҳангоми иштирок надоштани Раис, вазифаҳои ӯро низ, иҷро менамояд.
7. Вазифаҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ:
39. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ вазифадор аст:
1) Сарқонун, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазоратро риоя кунад, вазифаҳои худро бовиҷдонона иҷро намояд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони дигарро риоя ва эҳтиром намуда, бо фаъолияти худ ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва устувор намудани давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар Тоҷикистон, ҳамаҷониба мусоидат намояд;
2) шахсан дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои кории он, ки аъзо мебошад ва дар дигар чорабиниҳое, ки аз тарафи Шӯрои ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок намояд. Ҳангоми овоздиҳӣ оиди масоили баррасишаванда фикру ақидаи худро изҳор намояд;
3) дар ҳолати бо сабабҳои узрнок, имкони иштирок надоштан дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ё гурӯҳи кории он, на дертар аз як шабонарӯз пеш аз рӯзи баргузории ҷаласа Раис ё роҳбари гурӯҳи кориро ба таври хаттӣ огоҳ намояд;
4) саривақт ва бо сифати баланд супоришҳои дар ҷаласаҳои Шӯрои чамъиятӣ, гурӯҳҳои кории он ё аз ҷониби Раис воргузоршударо иҷро намояд;
5) ҳангоми фаъолият дар кори Шӯрои ҷамъиятӣ меъёрҳои ахлоқӣ ва интизоми баланди кориро риоя намояд;
6) аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳуқуқ надорад, ки фаъолияти худро дар Шӯрои ҷамъиятӣ ба манфиати ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ё ба манфиати шахсии худ истифода барад;
7) вогузор кардани ҳуқуқу вазифаҳои худро ба дигар шахсоне, ки ба ҳайати Шӯро аъзо нестанд, иҷозат дода намешавад.
8. Ҳуқуқҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
40. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:
1) оиди ҳама гуна масъалаҳои фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои кории он фикру ақидаи худро озодона баён намояд, дар музокираи ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок карда, ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои баррасишаванда таклифу дархостҳо пешниҳод намояд;
2) номзадҳоро барои интихоб ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод намояд ва фикру мулоҳизаи худро нисбати онҳо иброз намояд;
3) дар таҳияи маводҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, инчунин лоиҳаи қарорҳо ва амалисозии қарорҳои қабулшуда, иштирок намояд;
4) ба вазифаҳои интихобии Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб шавад ва интихоб намояд;
5) номзадии худро ба вазифаҳои Раис ё муовини ӯ пешбарӣ намояд ва барномаи кории худро дар муҳлати се соли оянда пешниҳод намояд;
6) бо протоколҳо ва маводҳои ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои Шӯрои ҷамъиятӣ шинос шавад;
7) дар ҳолати норозӣ будан бо қарори Шӯрои ҷамъиятӣ ё Гурӯҳи корӣ, фикру мулоҳизаи худро хаттӣ пешниҳод намояд, ки он ба қарор замима ва ба протоколи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ё гурӯҳи корӣ ворид карда мешавад;
8) бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ ба биноҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ, ҷойҳои нигоҳдории маваққатии гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон дар содир кардани ҷиноят, инчунин шахсони барои содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд, ташриф оварад;
9) тибқи муроҷиати шаҳрвандон аз натиҷаи баррасии аризаҳо оид ба поймол шудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ, шинос шавад;
10) ҷиҳати гузаронидани санҷишҳо дар бобати аз ҷониби кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дар мувофиқа бо Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ба Вазири корҳои дохилӣ ё шахсони мансабдори аз ҷониби ӯ ваколатдоршуда, дархост пешниҳод намояд;
11) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва дар мувофиқа бо Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ба ҳамагуна мақомотҳои давлативу ҷамъиятӣ бо дархостҳо, таклифҳо ва пешниҳодҳо муроҷиат намояд ва оид ба натиҷаи ҳалли онҳо, посух гирад;
12) аз фаъолияти асосиашон дур нашуда, вазифаҳои ҷамъиятии худро бо таври ройгон иҷро намояд;
13) ҳангоми доир гардидани ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ва сафарҳои хизматӣ аз иҷрои вазифаҳои асосии хизматии худ бо пурра нигоҳ доштани музди маоши асосӣ, озод карда шавад;
9. Банақшагирӣ ва гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ
41. Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешавад.
42. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад бо дархости Вазири корҳои дохилӣ, қарори Раис ё бо ташаббуси аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ гузаронида шавад.
43. Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси пешниҳоди аъзоён ва гурӯҳҳои кории он тартиб дода шуда, бо Вазири корҳои дохилӣ мувофиқа карда мешавад.
44. Дар нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ рӯзномаи ҷаласаҳои он ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ карда мешаванд.
45. Дар бораи ба нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо роҳбари Гурӯҳи корӣ ё аъзоёни он метавонанд ба таври хаттӣ ба Раис таклифу пешниҳодҳо манзур намоянд.
46. Ташаббускори даъвати ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ ба Раис рӯйхати масъалаҳо ва лоиҳаҳои қарори онро барои баррасӣ, ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд.
47. Раис тартиби кори ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятиро муайян намуда, санаи гузаронидани онро таъин менамояд.
48. Роҳбари Гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ сана ва рӯзномаи ҷаласаро 7 рӯз қабл аз гузаронидани ҷаласа, ба маълумоти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ мерасонад. Лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳоро оид ба масоиле, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда мешаванд, аз ҷониби Гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ таҳия карда шуда, 5 рӯз қабл аз баррасӣ, ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол карда мешавад.
49. Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ салоҳиятдор шуморида мешавад, агар дар кори он на кам аз нисфи шумораи умумии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок дошта бошанд.
50. Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ метавонанд ба рӯзномаи ҷаласа ворид намудани тағйиру иловаҳоро пешниҳод намоянд. Пешниҳод он вақт қабулшуда ҳисобида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзоён-иштирокчиёни Шӯрои ҷамъиятӣ ба он овоз диҳанд.
51. Агар дар рафти ҷаласа ва баррасии рӯзномаи он ба матни лоиҳаи қарор мухолифати ақидаҳо пайдо шаванд, лоиҳаи қарори ҷаласа бо овоздиҳии аксарияти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, ба Гурӯҳи корӣ барои баинобатгирии тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ва коркарди иловагӣ, баргардонида шуда, баъди коркард дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди муҳокима қарор дода мешавад.
52. Тибқи қарори Шӯрои ҷамъиятӣ, барои гирифтани маълумоту хулосаҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои баррасишаванда, намояндагони мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, коршиносон ва дигар мутахассисон метавонанд ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ даъват карда шаванд. Бо даъвати Шӯрои ҷамъиятӣ намояндагони васоити ахбори омма низ метавонанд дар ҷаласаҳои он ширкат варзанд.
53. Вазири корҳои дохилӣ, муовинони ӯ ва аъзоёни мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок намоянд.
54. Қарорҳои Шӯрои ҷамъиятӣ бо овоздиҳии аз се ду ҳиссаи аъзоёни он, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, қабул карда мешаванд.
55. Дар мавриди баробар тақсим шудани шумораи овозҳо, қабули қарори интиҳоӣ ба раисикунандаи ҷаласа вобаста мегардад.
56. Қарорҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷаласаҳои он ба таври овоздиҳии пинҳонӣ ё ошкоро қабул карда мешаванд.
57. Рафти ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ метавонанд бо воситаҳои техникии аудиовизуалӣ сабт карда шуда, сипас дар намуди протокол ба расмият дароварда шаванд.
58. Протоколи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ аз ҷониби Раис ва намояндаи Вазорат ба имзо расонида мешавад. Дар мавриди дар ҷаласа иштирок надоштани Раис, протоколи онро раисикунандаи ҷаласа ба имзо мерасонад.
59. Протоколҳои баимзорасонидашудаи ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар васоити ахбори оммаи идоравӣ ва дар шабакаи интернетӣ ҷойгир карда мешаванд.
60. Вобаста ба натиҷаи баррасии масоили рӯзномаи ҷаласа, қарорҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар шакли пешниҳодот ва муроҷиатномаҳо низ қабул карда мешаванд.
61. Қарорҳои Шӯрои ҷамъиятӣ барои баррасӣ аз рӯӣ салоҳият, ба таври иқтибосот аз протоколҳо пешниҳод карда мешаванд, ки онро Раис ба имзо мерасонад.
62. Нусхаҳои аслии протоколҳои барасмият даровардашудаи ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ва Гурӯҳи кории он, инчунин маводҳои замимавӣ онҳо дар бойгонии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешаванд.
10. Тартиби таъсис ва фаъолияти Гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ ва< тартиби муқарар намудани ваколатҳои роҳбари он
63. Барои ташкили самараноки фаъолият Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати амалисозии ҳадафҳо ва вазифаҳои он, Гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад.
64.Роҳбари Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби аъзоёни он дар ҷаласаи аввалин бо овоздиҳии ошкоро интихоб карда мешавад. Аъзоёни Гурӯҳи корӣ метавонанд оид ба гузаронидани интихобот, бо овоздиҳии пинҳонӣ низ қарор қабул намоянд;
65. Вазифаҳои роҳбари Гурӯҳи корӣ аз ҷониби Раис муайян ва тасдиқ карда мешаванд;
66. Барои иҷрои фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, ба ҳайати Гурӯҳи корӣ аз ҳар як ҷузъу томҳои мустақили Вазорат ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ (котибони масъул, ҷалб карда мешаванд.
67. Гурӯҳи корӣ:
1) ҷиҳати амалисозии ҳадафҳо ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ, экспертӣ (ташхисӣ) ва дигар фаъолиятро пеш мебарад;
2) дар доираи салоҳияти худ ва дар мувофиқа бо Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳо ва маводҳои ғайримахфиеро, ки барои фаъолияти Гурӯҳи корӣ заруранд, аз роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ташкилотҳо дархост менамояд;
3) барои иштирок дар фаъолияти худ коршиносон (экспертҳо), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб менамояд;
4) ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо ба Шӯрои ҷамъиятӣ барои баррасӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
5) масоили ташкили фаъолияти худро ҳал менамояд;
6) оид ба масъалаҳои муҳими (актуалии) фаъолияти Вазорат маводҳои таҳлилӣ, пешниҳодҳо ва хулосаҳоро омода намуда, барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ва ворид намудан ба лоиҳаи қарорҳо пешниҳод менамояд;
7) оид ба фаъолияти худ ҳар сол на дертар аз 20 декабр маърӯзаи ҳисоботӣ таҳия намуда, ба Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод менамояд;
8) пешниҳодоту ташаббуси шаҳрвандон ва ташкилотҳоро, ки ба унвони Шӯрои ҷамъиятӣ ворид мешаванд, барои ҷамъбаст ва баинобатгирӣ ба гурӯҳҳои кории дахлдори Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол менамоянд.
11. Ҳолатҳои қатъ гардидани ваколатҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ
68. Ваколати узви Шӯрои ҷамъиятӣ тибқи тартиботи бо Низомномаи мазкур муқарраргардида, дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
1) бо додани ариза оиди баромадан аз ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ;
2) бо сабаби вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳо гум кардани имконияти иштирок дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ;
3) дар мавриди нисбати ӯ эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии судӣ;
4) дар мавриди бо қарори суд ҳамчун шахси ғайри қобили амал ё бедарак гумшуда эътироф шудан;
5) бо қарори Шӯрои ҷамъиятӣ, ки бо овоздиҳии аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоёни он қабул шудааст;
6) мунтазамона риоя накардани меъёрҳои «Кодекси одоби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ»;
7) қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
69. Ваколати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ тибқи тартиби пешбинишудаи Низомномаи мазкур, дар ҳолати зерин боздошта мешавад:
1) ба ӯ эълон кардани айб дар содир намудани ҷиноят;
2) таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ.
70. Масоили қатъ ё боз доштани ваколати узви Шӯрои ҷамъиятӣ бо пешниҳоди Раис ё аризаи шахсии ӯ, аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ баррасӣ карда мешавад;
71. Пешниҳоди Раис ё ариза дар ҷаласаи наздиктарин аз ҷониби Шӯрои чамъиятӣ баррасӣ мегардад;
72. Бе сабаби узрнок дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ҳозир набудани аъзои Шӯро, ки нисбати ӯ барои баррасӣ пешниҳод ворид шудааст, монеа шуда наметавонад;
73. Агар дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоён иштирок дошта бошанд, қарори Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба қатъ ё боз доштани ваколати аъзои он ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ё ошкоро, қабул карда мешавад;
74. Қарори Шӯрои ҷамъиятӣ дар бораи қатъ ё боз доштани ваколати аъзои он ба шарте қабулшуда ҳисобида мешавад, ки аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзоён-иштирокчиёни ҷаласаи мазкур, овоз дода бошанд;
75. Қарори Шӯрои ҷамъиятӣ дар бораи қатъ ё боз доштани ваколати аъзои Шӯрои мазкур бо протокол ба расмият дароварда мешавад;
76. Дар ҳолати қатъ кардани ваколати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Раис барои қабули қарор оид ба тасдиқ намудани номзадии нави аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо дархост ба Вазири корҳои дохилӣ муроҷиат мекунад.
12. Тартиби тасдиқи аъзоёни нави Шӯрои ҷамъиятӣ
77. Номзадии аъзоёни нави Шӯрои ҷамъиятӣ аз рӯи пешниҳоди аъзоёни он ва роҳбарияти Вазорат (аз рӯйхати эҳтиётии номзадҳо) дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ баррасӣ карда мешаванд.
78. Номзадҳо ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ аз рӯи тавсияҳои на кам аз се аъзои амалкунандаи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешаванд.
79. Қарори Шӯрои ҷамъиятӣ оиди ба аъзогӣ қабул намудани номзади нав қабулшуда ҳисобида мешавад, агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоён-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ба онҳо овоз дода бошанд. Аъзои нави Шӯрои ҷамъиятӣ боФармони Вазири корҳои дохилӣ тасдиқ ва эълон карда мешавад
13.Шаклҳои фаъолият ва қарордоди Шӯрои ҷамъиятӣ
80. Шаклҳои асосии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ин маҷлис, маҷлисҳои гурӯҳҳои корӣ, инчунин омодакунии ҳисоботҳои солона мебошанд.
81. Шӯрои ҷамъиятӣ бо мақсади амалисозии вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, ҳуқуқи зеринро дорад:
1) оид ба масоили муҳими ҷамъиятӣ дар соҳаи фаъолияти корҳои дохилӣ конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар барпо намояд;
2) роҳбарони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилиро ба ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ даъват намояд;
3) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дархостҳо фиристад;
4) бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти минтақавии корҳои дохилӣ муносибати мутақобила ба роҳ монда, ҳамкорӣ намояд;
5) бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ маълумот гирад;
6) бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ ба ҷузъу томҳои Вазорат барои санҷиши арзу шикоятҳои воридшуда сафар намояд;
7) аз фаъолияти худ ба ҷомеа тариқи васоити ахбори омма иттилоот расонад;
8) барои амалисозии ҳадафҳо ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дигар ваколатҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур мухолифат намекунанд, иҷро намояд;
9) қарордоди Шӯрои ҷамъиятӣ дар шакли хулоса, пешниҳод ва муроҷиат қабул карда мешаванд;
10) Шӯрои ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ ташхиси (экспертизаи) ҷамъиятии лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ғайримахфии мақомоти корҳои дохилиро дархост намояд;
11) Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад гузаронидани экспертизаҳоро ба Гурӯҳи кории амалкунанда ё ба гурӯҳи кории муваққатии экспертие, ки бо қарори Шӯрои мазкур таъсис дода мешавад, вогузор намояд;
12) Шӯрои ҷамъиятӣ ҳар сол на дертар аз 20 декабр аз фаъолияти худ, ҳолати ҳамкории мутақобилаи мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа, оид ба масъалаҳои мустаҳкамгардонии тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, баландбардории обрӯю эътибори кормандони он, тақвияти одобу ахлоқи аҳли ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон маълумотномаи ҷамъбасти пешниҳод намояд;
13) фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷаласаҳои умумӣ, аз рӯи зарурият, вале на кам аз як маротиба дар се моҳ амалӣ карда мешаванд, инчунин дар ҳайати комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ ба амал бароварда мешавад.
14.Амвол ва маблағузори пулии Шӯрои ҷамъиятӣ
82. Таъминотии моддӣ-молиявии Шӯрои ҷамъиятӣ аз ҷониби Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, кишварҳои донор, Вазорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, амалӣ карда мешавад.
83. Вазорат ва раёсатҳои минтақавии он барои ҷойгир кардани Шӯроҳои ҷамъиятӣ утоқҳои корӣ ҷудо мекунанд ва ҷиҳати бемамоният ворид гардидани аъзоёни онро ба биноҳои маъмурӣ, бо рухсатномаҳои махсус таъмин менамоянд.
84. Дафтари САҲА дар Тоҷикистон утоқҳои ҷудошударо бо таҷҳизоти компютерӣ ва дигар маводҳои хароҷотӣ таъмин менамоянд, ба фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар муддати эътибори Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 мусоидат мекунад.
85. Хароҷотҳои сафарҳои хизматии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба иҷроиши вазифаҳои ба онҳо вогузоршударо, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз онро Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, кишварҳои донор, Вазорат ва Раёсатҳои минтақавии он бар дӯш мегирад.
16. Таъминоти иттилоотии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ
86. Ҷиҳати таъмини иттилоотонии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, маркази матбуоти Вазорат ва Раёсатҳои минтақавии он ҷойгиркунонии маълумотҳоро дар сомонаи расмии Вазорат, дигар васоити ахбори омма ва порталҳои миллӣ таъмин мекунанд.
11 октябри соли 2014

ш.Душанбе 

22.06.2024 15:06
139