Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

  Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «1» июни соли 2021 № 211 тасдиқ шудааст.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 (минбаъд-барнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ гардидааст, таҳия карда шудааст.

2. Дар давраи амалисозии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Вазорат) ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла бо мақсади беҳтар гардонидани шароити корӣ, таълимӣ ва маишии кормандони милитсия беш аз 203 бинову иншооти нав бунёд гардида, зиёда аз 339 бинову иншоот таъмир карда шуданд. Дар ин марҳила муассисаҳои давлатии таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, коллеҷи милитсия ва коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилӣ, бинои нуҳошёнаи дастгоҳи марказӣ, маркази муқовиматсозӣ бо экстремизм, инфрасохтори хизматрасонии маишӣ ва дигар бинову иншооти зарурӣ сохта ба истифода дода шуданд.

3. Бо мақсади такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти кормандони милитсия дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беш аз 33 қонун, 58 қарору фармоиши Ҳукумати ҷумҳурӣ ва 49 санади меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравӣ қабул карда шуд. Аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», инчунин ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

4. Аз соли 2013 то соли 2019 ҷиҳати амалисозии муқаррароти Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиарду 150 миллион сомонӣ ва аз тарафи шарикони рушд (донорҳои хориҷӣ) 329 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

5. Вазорат тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани муқовимат ба ҷинояткорӣ, дастгиркунӣ ва истирдод (экстрадитсия)-и шахсони ҷиноят содирнамуда бо як қатор кишварҳои хориҷа созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, аз ҷумла бо Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Ӯзбекистон,  Қирғизистон, Латвия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҷумҳуриҳои исломии Эрон, Афғонистон ва Покистон, Арабистони СаудӣҚатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар кишварҳо.

6. Такмили сохтор, наздик ва дастрас гардонидани хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти милитсия арзёбӣ гардида, дар ин самт Вазорат як зумра воҳидҳо таъсис додааст: ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, раёсати экологӣ ва сайёҳӣ, раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар», коллеҷи милитсия, коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ, маркази илмӣ-тадқиқотӣ, маркази муқовимат ба савдои одамон, маркази муқовиматсозӣ бо экстремизм, шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, баталиони хизматии дидбонию пайраҳадории милитсия дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, сомонаи расмии Вазорат бо се забон, телефони боварии вазири корҳои дохилӣ, 36 воҳиди кории ёрдамчии сардори раёсатҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаҳо оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воҳидҳои кории нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ғайра.

7. Вазъи криминогенӣ дар ҷаҳони имрӯза ва пешрафти технологияи замони муосир тақозо мекунад, ки милитсияи тоҷик иқтидори техникӣ ва кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замон дошта бошад. Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии кормандони милитсия дар давраи амалигардонии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 зиёда аз 330 маротиба чорабиниҳои омӯзишӣ дар намуди семинар, тренинг ва мизи мудаввару конфронсҳо баргузор гардиданд.

8. Аз ҷониби Вазорат дар самти сохтмони бинову иншооти нав, муҷаҳҳаз гардонидан бо техника ва таҷҳизоти муосир, таъмини кормандони милитсия бо сару либоси хизматӣ 20 лоиҳа ба маблағи 600 миллион сомонӣ барои дарёфти маблағгузории донорӣ омода карда шудааст, ки айни замон дар баррасии шарикони рушди ислоҳоти милитсия қарор доранд.

9. Барнома бо дарназардошти дастовардҳо, чорабиниҳои бо сабабҳои гуногун иҷро нагардидаи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва таҷрибаи дар ин марҳилаи ислоҳот бадастомада, инчунин таҳлилу омӯзиши раванди ислоҳоти мақомоти политсияи кишварҳои хориҷа таҳия гардида, ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро барои панҷ соли минбаъда муайян менамояд.

2. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА 

10. Ҳадафи барнома ин тағйир ва такмил додани сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ, принсипҳои фаъолият, мавқеи милитсия дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, рушди ҳамкории мутақобила бо ҷомеа, тартиби қабул ва адои хизмат, кафолати давлатии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникӣ, дигаргун намудани симои иҷтимоии корманд, назорати фаъолияти милитсия мебошад.

11. Барнома ба амалигардонии ҳадаф, афзалият ва тадбирҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона гардида, ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, ки амалисозии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, қабул карда мешавад.

12. Вазифаҳои барнома аз инҳо иборат аст:

- такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти милитсия;

- такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия ва пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ;

ҷорӣ намудани низоми муосири қабул, бақайдгирӣ ва баррасии саривақтии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- таъсиси низоми нави иттилоотӣ ва рушди низоми мавҷуда дар мақомоти милитсия бо дарназардошти таъмини амнияти иттилоотӣ;

- таъмини шаффофият дар фаъолияти милитсия;

ҷорӣ намудани тартиби самараноки дар асоси озмун интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо;

- тақвияти корҳо дар самти амалисозии иқтисоди рақамӣ, кам кардани таъсири омили инсонӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ;

- такмили механизмҳои ҳавасмандгардонии корманди милитсия;

- самаранок ба роҳ мондани ҳамкории милитсия бо ҷомеа;

- такмили механизми мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешниҳоди маълумоти дахлдор вобаста ба самтҳои фаъолияти милитсия;

- ба роҳ мондани ҳисоботдиҳии роҳбарон ва кормандони дахлдори милитсия дар назди аҳолӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ;

- такмил ва шаффоф гардонидани низоми баҳодиҳии фаъолияти кормандони милитсия;

- баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии ҳайати шахсӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми муосири таълим, ки ба зиёд намудани дарсҳои амалӣ нигаронида мешавад;

- табодули таҷриба ва бозомӯзии кормандони милитсия дар самти муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир;

- таъсиси механизми муосири идоракунии сохтори милитсия, такмили сохтори мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси принсипҳои тақсимоти уҳдадориҳо ва аз байн бурдани такроршавии функсияҳо;

- баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва маишии кормандони милитсия;

- беҳтар намудани шароити кории кормандони милитсия бо таъмин намудани бино ва ҳуҷраҳои корӣ, техникаҳои замонавӣ ва нақлиёти хизматӣ;

- андешидани тадбирҳо бобати риоя ва ҳифзи ҳуқуқи шахс, ки аз сӯиқасди ҷиноятӣ зарар дидааст ва фароҳам овардани шароит вобаста ба ҳамкории ҷабрдида бо мақомоти милитсия;

- андешидани чораҳо ҷиҳати роҳ надодан ба вайрон намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ҳангоми дастгиркунӣ, ба ҳабс гирифтан ва таъқиби ҷиноятӣ;

ҷорӣ намудани ҳавасмандгардонии шахсони бо мақомоти милитсия ҳамкорикунанда дар самти пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо.


3. ТАКМИЛИ ЗАМИНАҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ

ФАЪОЛИЯТИ МИЛИТСИЯ

13. Яке аз заминаҳои муҳими бомуваффақият амалӣ гардидани барнома ин такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти милитсия, иқтидори маъмурӣ, инчунин механизми самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии минбаъдаи он мебошад. Рушди иқтидори давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифодаи васеи амалияи байналмилалӣ ва усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд омилҳои мусбӣ барои амалигардонии барнома мебошанд.

14. Бо мақсади танзими ҳуқуқии фаъолияти милитсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд, ки дар нақшаи чорабиниҳои амалисозии барнома оварда шудааст.

15. Ҷиҳати таъмини дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравии танзимкунандаи фаъолияти милитсия ба кормандон ва аҳолӣ дар Вазорат махзани маълумоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Махзан ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, касбият, қабул намудани қарорҳои саривақтӣ ва қонунии кормандони милитсия мусоидат мекунад.

16. Бо мақсади такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия амалӣ намудани чунин чорабиниҳо зарур дониста мешаванд:

1) такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами давлатҳое, ки дар самти ислоҳоти милитсия ба натиҷаҳои дилхоҳ расидаанд;

2) таҳия ва такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти милитсия дар самтҳои:

- таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- ихтисори такроршавии функсияҳо;

- таҷдиди ташкилию идоракунии сохтори мақомоти корҳои дохилӣ;

- ба дигар мақомоту идораҳо таҳвил додани функсияҳои ба милитсия хоснабуда;

- баланд бардоштани сатҳи тахассусии корманди милитсия бо роҳи ҷорӣ намудани қоидаҳои дурусти қабули муҳасилин, низоми муосири таълим;

- коҳиш додани хавф ва омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти милитсия;

- таъсиси механизми дурусти дар асоси озмун ба кор қабул намудан ва ҷобаҷогузории кадрҳо;

- гузариш ба хизматрасонии электроние, ки аз ҷониби милитсия ба аҳолӣ расонида мешавад;

- муқаррар намудани назорати маъмурии милитсия нисбати шахсоне, ки аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд;

- беҳтаргардонии таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони милитсия;

- пардохти музди меҳнат аз рӯи принсипи «ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ»;

- аз байн бурдани корҳои аз меъёр зиёди пардохтнашаванда ва ба ҳадди ақал расонидани реҷаи пурзӯри хизмат;

- муқаррар намудани механизми мониторинги ҷамъиятӣ ва экспертизаи ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқии милитсия;

- таҳияи санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти сохторҳое, ки дар раванди ислоҳоти милитсия таъсис дода мешаванд.


4. ИСЛОҲОТ ДАР СИЁСАТИ КАДРИИ

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

17. Дар мақомоти корҳои дохилӣ интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси озмуни шаффоф ва талаботи тахассусӣ амалӣ карда мешавад. Ба хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ мардон ва занон аз ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣҷалб карда мешаванд.

18. Озмуни ишғоли мансабҳои холӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ тариқи нашри эълон дар сомонаи расмии Вазорат ба роҳ монда мешавад. Рӯйхати мансабҳои холӣ дар милитсия на кам аз ду маротиба дар як моҳ дар сомонаи расмӣ ҷой дода мешавад, ки ҷорӣ намудани он шаффофиятро таъмин намуда, ба бартарафсозии хавф ва омилҳои коррупсионӣ замина мегузорад. Шаффофият дар қабул ва таъиноти ҳайати шахсӣ водор месозад, ки кормандон доимо ба худомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбиашон машғул гарданд.

19. Ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия ва омӯзиши таҷрибаи ҳамкасбони хориҷӣ дар самти муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир, ба монанди терроризм, экстремизм, тундгароии экстремизмбаранда, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, чорабиниҳои омӯзишӣ, аз қабили конференсия, тренингу семинар ва мизҳои мудаввар баргузор карда мешавад.

20. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти дастгоҳҳои кадрии мақомоти корҳои дохилӣ дар самти интихоб, қабул, ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва ташкили кор бо ҳайати шахсӣ Консепсияи сиёсати кадрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Консепсияи мазкур ин маҷмӯи ғоя, нигоҳ, принсипҳо, мақсад ва вазифаҳои амалигардонии сиёсати кадрӣ дар низоми Вазорат, ки ба ягонагии нуқтаи назар ва тарзи методологии амалигардонии кор бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ асос ёфтааст, мебошад. Ҳадафи асосии консепсия ин муайянсозии стратегияи дарозмуҳлат ва дурнамои рушди низоми кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

21. Дар ҷадвали сохтории штатии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо дарназардошти тамоюли дигаргун шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба миён омадани зарурати устувор нигоҳ доштани ҳолати рӯҳию ахлоқии ҳайати шахсии милитсия воҳидҳои нави кории педагог-равоншинос ворид карда мешаванд.

22. Барои ҳар як мансаби дар Вазорат мутобиқ ба эҳтиёҷоти ҷомеа талаботи тахассусӣ таҳия ва такмил дода мешавад.

5.    ТАКМИЛИ НИЗОМИ ТАҲСИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

23. Дар ҷодаи ислоҳот раванди таълим, фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва омоданамоии кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таълимии Вазорат ниёз ба такмил доранд. Равандҳои зикргардида дар якчанд муассисаҳои таълимӣ ва илмии мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ мегарданд, ки дар онҳо низоми таълимии гуногун ва дар аксар вақт ба якдигар номутобиқ истифода мегарданд.

24. Вобаста ба омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи раванди болозикр дар мақомоти корҳои дохилӣ рушд ва якҷоя намудани низоми омоданамоии кадрҳои баландихтисос мувофиқи мақсад аст.

25. Омода намудани кадрҳо барои Вазорат бо низоми таҳсили сезинагӣ тавассути низоми якҷоя намудани се раванди муосири омода намудани кадрҳо: омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос амалӣ гардонида мешавад. Дар ин самт ҳамаи муассисаҳои таълимии Вазорат ба низоми ягонаи таълим ворид карда мешаванд, ки дар умум як низоми таълимиро вобаста аз зинаи таълимиашон амалӣ менамоянд.

26. Ҳангоми омода намудани барномаҳои таълимӣ диққати махсус ба зиёд намудани дарсҳои амалӣ зоҳир карда мешавад. Ҳамзамон, қисмати зиёди соатҳоро дар барномаҳои таълимии зинаҳои гуногун дарсҳои гурӯҳӣ (хусусан гузаронидани дарс бо усули муосири интерактивӣ) ташкил менамоянд.

27. Ҷиҳати амалӣ гардидани ташаббусҳои болозикр таҳия ва қабули Консепсияи рушди муассисаҳои таълимӣ ва илмии Вазорат зарурат дорад, ки дар он масъалаҳои сохтор, табдилдиҳӣ, коркарди нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ баррасӣ мегарданд.

28. Тартиби қабули имтиҳон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи ҳайати комиссияи босалоҳияти мустақил, бо ҷалби намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия муайян карда мешавад.


6.    РУШДИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНИИ МИЛИТСИЯ

29. Тибқи талаботи лоиҳаи ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ тамоми хизматрасониҳое, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, ба таври электронии низоми ягонаи иттилоотию коммуникатсионии милитсия ба роҳ монда шуда, дар як вақт робитаи бевоситаи «рӯ ба рӯ»-и муроҷиаткунанда бо кормандони милитсия ва омилҳои инсонӣ дар ин самт истисно мегарданд.

30. Мақсади таъсис додани низоми ягонаи иттилоотию коммуникатсионии милитсия инҳо мебошанд:

-  таъмини риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон;

- баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ нисбат ба мақомоти милитсия;

- таъсиси низоми ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, баррасии аризаву хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо, ошкор ва кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо;

- дар реҷаи замони воқеӣ дар амал ҷорӣ намудани тартиби қабул, бақайдгирии аризаву хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо, гирифтани маълумот дар бораи онҳо, ҷараён ва натиҷаи баррасии онҳо тавассути портали махсуси Вазорати корҳои дохилӣ;

- пешгирӣ намудани ҳодисаҳои аз қайд пинҳон намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

- назорати прокурорӣ ва назорати дохилиидоравии ҷараёни қабули аризаву хабар дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ, гардиши ҳуҷҷатҳо дар реҷаи замони воқеӣ;

- танзими ҳамгироии (интегратсияи) байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, баррасии аризаву хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо, ошкор ва кушодани онҳо;

- баҳодиҳии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба масъалаҳои баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- таъсис додани махзани маълумот оид ба шахсони ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда, оид ба шиносномаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайди суроғавӣ, воситаҳои нақлиёт, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, автоматикунонии хизмати иҷозатномадиҳӣбақайдгирӣ ва баҳисобгирии силоҳҳои хизматӣ (идоравӣ) ва шахсӣ;

- таъсис додани махзани ягонаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

- таъсис додани махзани ягонаи маълумот оид ба назорати муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати муҳоҷирати воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъсис додани махзани ягонаи маълумот оид ба баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд;

- пешниҳоди хизматрасонии давлатии электронӣ барои аҳолӣ;

- мубодилаи маълумоти хизматии идоравӣ ва байниидоравӣ.

31. Таъсис додани низоми иттилоотии «Бақайдгирии электронии аризаю хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо» тавассути портали мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эътимоди аҳолиро нисбат ба милитсия афзун мегардонад.

7.  ТАКМИЛИ СОХТОРИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

32. Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани соҳа, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон, ба дигар мақомоту идораҳо таҳвил додани функсияҳои ба милитсия хоснабуда, инчунин аз байн бурдани такроршавии функсияҳо дар раванди ислоҳот сохтори Вазорат мавриди такмил қарор дода мешавад. Бо мақсади амалӣ шудани ин вазифаҳо таъсис додани воҳидҳои сохтории зерин дар доираи воҳидҳои кории мавҷуда мувофиқи мақсад мебошад:

- сарнозири Вазорати корҳои дохилӣ;

- сарнозироти милитсия;

- сарситоди Вазорати корҳои дохилӣ;

- департаменти милитсияи криминалӣ;

- милитсияи бехатарии ҷамъиятӣ;

- маркази эътинои фаврӣ-909 (дар заминаи маркази идораи автоматикунонидашудаи ҳаракат дар роҳ «Шаҳри бехатар» ва қисми навбатдории Вазорати корҳои дохилӣ);

- милитсияи патрулӣ;

- нуқтаҳои сайёри милитсия оид ба қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар минтақаҳои дурдасти аҳолинишин;

- минтақаҳои хизматии милитсия. Дар минтақаҳое, ки 35-40 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд, як минтақаи хизматии милитсия иборат аз 12-15 корманди милитсия (дар доираи воҳидҳои кории мавҷуда) таъсис дода мешавад. Минтақаҳои мазкур барои наздик намудани хизмати милитсия ба аҳолӣ, сари вақт ҳозир шудан ба ҷои ҳодиса, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор, бақайдгирӣ ва баррасии саривақтии арзу дархост ва маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ имконият медиҳад;

- шуъбаи иттилоотию коммуникатсионӣ. Дар сохтори раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таъсиси низоми нави иттилоотӣ ва рушди низоми мавҷуда дар мақомоти корҳои дохилӣ сохтори мазкур таъсис дода мешавад.

33. Бо мақсади таъсиси низоми ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, баррасии аризаву хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо, ошкор ва кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои аз қайд пинҳон намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар сохтори сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ зерсохторҳои зерин таъсис дода мешаванд:

- маркази бақайдгирии ариза ва хабарҳо дар бораи ҷиноят. Маркази мазкур фаъолияти худро мустақилона, новобаста бо ягон воҳиди сохторӣ ё роҳбари мақомот тавассути воситаҳои электронии ба низоми марказонидашудаи бақайдгирии арзу хабарҳо пайваст гардида, амалӣ менамояд. Кормандони бахш ва гурӯҳҳои марказ фаъолияти худро дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳия ва минтақаҳои милитсия амалӣ намуда, аз рӯи самти фаъолият танҳо ба сардори сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ итоат менамоянд. Сохтор, самти фаъолият, ҳамкорӣ ва муносибати хизматии онҳо ба мақомоти ҷои хизмат дар низомномаи сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ пешбинӣ карда мешаванд;

- шуъбаи таҳлили маълумоти дар шакли электронӣ воридшаванда. Шуъбаи мазкур таҳлил, назорат ва мутобиқатии маълумоти тавассути шабакаи электронӣ ба махзани ягонаи маълумоти сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ аз рӯи аризаҳо, хабарҳо, натиҷаи баррасӣқабули қарорҳои мурофиавии воридшавандаро ба анҷом мерасонад.

 

8. ТАШКИЛИ НИЗОМИ НАВИ

ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ

34. Огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва нигоҳ доштани муҳити иҷтимоии бехатар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти милитсия ба ҳисоб меравад.

35. Дар шароити пуршиддат гардидани таҳдиду хатарҳои муосир дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ воқеан аҳамияти сиёсати давлат дар самти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо зиёд мегардад. Чунин сиёсат на танҳо иштироки фаъоли мақомоти давлатӣ, балки иштироки тамоми ҷомеаро дар самти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тақозо менамояд.

36. Дар ҷараёни огоҳонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шуда, таҷрибаи гузаронидани машваратҳои мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа ба таври васеъ ҷорӣ карда мешавад. Тавассути гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолӣ милитсия бояд ба таври возеҳ омодагии худро баҳри ба инобат гирифтани мушкилот, арзишҳо ва тавсияҳои сокинони шаҳру ноҳияҳо ва деҳот нишон диҳад. Дар кори огоҳонӣ, пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо сокинони маҳаллӣ бояд шарикони фаъоли милитсия гарданд.

37. Дар раванди баҳодиҳии фаъолияти корманди милитсия дар навбати аввал қобилияти ӯ ҷиҳати корбарӣ бо мушкилоти аҳолии маҳал ва ҷалб намудани сокинон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба назар гирифта мешавад.

38. Нуқтаҳои сайёри милитсия оид ба қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон таъсис дода шуда, таҷрибаи ба роҳ мондани мунтазам ба сафар баромадан ба нуқтаҳои дурдасти аҳолинишин барои вохӯрӣ бо аҳолӣқабулу баррасии аризаю хабарҳо дар бораи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ҷорӣ карда мешавад.

39. Усул ва механизми корие таъсис дода мешавад, ки дар доираи онҳо милитсия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои иҷтимоӣ ва дигар хадамот кӯшишҳоро ҷиҳати нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва амният ба нақша гирифта, онҳоро амалӣ менамоянд.

40. Асоси муваффақияти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ин мутобиқ намудани чораҳои огоҳонӣ ва пешгирӣ ба шароити маҳал мебошад. Милитсия дар ҷойҳо бояд дар интихоби шаклу усулҳои корие, ки барои ҳудуди мазкур самаранок мебошанд, озод бошад.

41. Барои расидан ба ҳадафи асосии ислоҳот милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамгироӣ намуда, фаъолияти он ба ҳимояи манфиатҳои ҷомеа зери шиори «Милитсия ҳимоятгари ман аст» равона карда мешавад.


9. ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО ҶОМЕА

42. Яке аз самтҳои асосии ислоҳоти милитсия ҳамкории мутақобила бо ҷомеа мебошад. Пеш аз ҳама ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дастрасии хизматрасонии милитсия ба ҷомеа, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини муҳити бехатар ва афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия ба роҳ монда мешавад.

43. Мақсади асосии ҳамкорӣ муайян намудани механизми самараноки огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба мақомоти милитсия мебошад.

44. Дар раванди ҳамкории милитсия бо ҷомеа ду ҷанбаи муҳиме, ки ҳадафи ислоҳоти милитсияро ташкил менамоянд, ошкор мегардад:

- баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии корманди милитсия ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;

- сатҳи баланди хизматрасонии милитсия ба ҷомеа.

45. Бо мақсади огоҳонӣ, пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан бо раисони маҳалҳо, аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатӣ, волонтёрон ва ҷавонони ташаббускор роҳандозӣ карда мешавад.

46. Дар самти ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба пешгирии ҷиноятҳои ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор алоқаманд, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва равияҳои диние, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, чорабиниҳои зарурӣ таҳия ва амалӣ карда мешаванд.

47. Ҳамкорӣ на танҳо дар самти огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ амалӣ мегардад, балки барои ҷомеа шароит фароҳам оварда мешавад, ки назорати ҷамъиятии фаъолияти милитсияро амалӣ намояд.

48. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла шаҳрвандон дар доираи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ мушкилоти минтақаи зисти хешро дар ҳамбастагӣ бо милитсия ошкор намуда, ҷиҳати ҳалли он якҷоя бо кормандони милитсия чораандешӣ менамоянд.

49. Яке аз роҳҳои афзоиши эътимоди аҳолӣ ба мақомоти милитсия, иттилоотонии аҳолӣ оид ба фаъолияти милитсия дар самтҳои огоҳонӣ, пешгирӣ, кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо ва натиҷаҳои фаъолияти хизматии мақомоти милитсия ба ҳисоб меравад. Мақомоти милитсия вазъи ҷинояткориро дар шаҳру ноҳияҳо таҳлил намуда, мунтазам вохӯриҳо гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар маҳал аҳолиро хабардор менамояд.

50. Дар доираи ислоҳот мунтазам тренингу семинарҳо гузаронида мешавад, ки дар онҳо кормандони милитсия меъёрҳои ҳуқуқи инсонро омӯхта, онро дар фаъолияти хизматии худ риоя ва таъмин намуда, аҳолиро бо ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон шинос менамоянд. Огоҳии аҳли ҷомеа оид ба масъалаҳое, ки дар раванди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ  ба миён меоянд, имконият медиҳад, ки онҳо дар ҳалли вазифаҳои дар назди мақомоти милитсия гузошташуда иштирок намоянд. Бо ин восита эътимоди аҳолӣ ба милитсия афзун гардида, ҳамкории мутақобила бо ҷомеа густариш меёбад.


10. КАФОЛАТИ ҲИМОЯИ ИҶТИМОИЮ ҲУҚУҚИИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

51. Бо мақсади муайян намудани ҳуқуқу кафолати иҷтимоии кормандони мақомоти милитсия, тартиби пардохти кумакпулиҳои якдафъаина, иловапулиҳо барои корҳои аз меъёр зиёд ва ҳавасмандгардонии кормандон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин дигар имтиёзҳо дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» пешбинӣ карда мешавад.

52. Заминаи воқеии ислоҳот беҳтаргардонии таъминоти моддӣ ва иҷтимоии милитсия, пардохти музди меҳнат аз рӯи принсипи «ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ», роҳ надодан ба корҳои аз меъёр зиёди пардохтнашаванда ва ба ҳадди ақал расонидани реҷаи пурзӯри хизмат ба шумор мераванд. Корҳои аз меъёр зиёд набояд бештар аз чор соатро дар давоми ду рӯз паиҳам ташкил намояд. Дар сурати ҷалби кормандони милитсия зиёда аз вақти муқаррарӣ ба онҳо музди меҳнат аз ҳисоби сметаи хароҷотии дахлдор пардохт ё ин ки бо муҳлати дахлдори истироҳат дар дигар рӯзҳои ҳафта ҷуброн карда мешавад. Механизми ҷуброни меҳнати аз меъёр зиёд муқарраргардидаи корманд дар Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

53. Агар корманд аз ҷиҳати моддӣ-маишӣ таъмин набошад, музди меҳнаташ эҳтиёҷоташро қонеъ нагардонад ва аз ҳар гуна сарбории зиёди бемавқеъ озод набошад, ӯ фаъолияти хизматиашро пурра иҷро карда наметавонад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул карда мешаванд, ки ҳар роҳбари зинаҳои гуногуни фаъолияти милитсия натавонад аз пеши худ бемавқеъ ва безарурати воқеӣ реҷаи пурзӯри хизматро эълон намояд. Агар эътироф гардад, ки таъмини босифати тартиботи ҳуқуқӣ бо хароҷоти комилан мувофиқи буҷетӣ алоқаманд аст, он гоҳ ҷалби ғайримақсадноки корманди милитсия ба функсияҳои хоснабуда камтар мегардад.

54. Корманди милитсия хизматчии давлатӣ буда, дорои ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бахусус, корманди милитсия ҳуқуқи гирифтани имтиёзҳои мувофиқ ба хавфу хатар, вазнинӣ ва мушкилоти кору хизмат ва хизматрасониҳои ройгони тиббӣ, роҳхат ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ (на кам аз як маротиба дар як сол) чораҳои ҳимоявии ҷисмонӣ, равонӣ ва ҳуқуқиро дорад.

55. Реҷаи кории шиддатнок ва ғайримуқаррарии корманди милитсияро ба назар гирифта, баҳри таъмини дастрасӣ доштани аъзои оилаи онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, имтиёзҳои дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

56. Ҳар як корманд новобаста аз вазъияти баамаломада метавонад аз ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ корманд метавонад аз принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ пурра истифода барад.

57. Дар навбати худ корманди милитсия аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, метавонад истифода намояд.


11. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

58. Вазорат ҳамкориҳои байналмилалии худро тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколати худ ба роҳ мемонад.

59. Вазорат баҳри рушди ҳамкориҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи ваколати худ метавонад шартнома, созишнома, ёддошти тафоҳум ва дигар санадҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба имзо расонад. Ҳамкориҳои Вазорат бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади рушди муносибатҳо, ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад.

60. Баҳри рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат ба ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои фаромиллӣ, омода намудани кадрҳо, мубодилаи таҷриба, гузаштан ба шаклҳои муосири технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, гузаронидани амалиёти муштарак, ёрии ҳуқуқӣ, моддӣ, молиявӣ, техникӣ ва дигар самтҳо такмил дода мешаванд.


12. НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ МИЛИТСИЯ

61. Дар раванди назорати фаъолияти милитсия ду шакли низоми арзёбии фаъолияти кормандони милитсия ҷорӣ карда мешавад: арзёбии берунӣ ва дохилиидоравӣ. Раванди арзёбии берунӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо гузаронидани пурсиш ва назарсанҷии аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Арзёбии дохилиидоравӣ аз ҷониби роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.

62. Назорати ҷамъиятии фаъолияти милитсия бо гузаронидани чунин чорабиниҳо ба роҳ монда мешавад:

- мониторинги ҳарсолаи натиҷаҳои фаъолияти милитсия;

- пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти хизматӣ;

- ташкил ва гузаронидани машваратҳои муштарак бо шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.


13. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

63. Бо мақсади амалӣ гардонидани ислоҳоти воқеии милитсия харҷи маблағҳои зиёде зарур меояд, ки аз ҳисоби сметаҳои хароҷотии Вазорат, ҳамчунин аз тарафи кишварҳои донор ва созмонҳои байналмилалӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷудо карда мешаванд.


14. МЕХАНИЗМ ВА НАЗОРАТИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА

64. Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои барнома мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, шарикони рушд, аз ҷумла кишварҳои донор, созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд.

65. Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ҷиҳати амалисозии барнома ҳамкориҳои мутақобиларо бо ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва аҳолӣ, кишварҳои донор ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад.


15. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА

66. Дар раванди амалисозии барнома чунин натиҷаҳо ба даст меоянд:

- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият ва давлат аз ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо;

- такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти милитсия;

ҷорӣ намудани низоми муосири назорати вазъи умумии криминогенӣ аз ҷониби милитсия;

- дастрасӣ ва содагардонии хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ;

таъмини иштироки бевоситаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни ҳифзи бехатарии ҷомеа;

- фароҳам овардани шароитҳои меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии кормандони милитсия мувофиқ ба хавфу хатар, вазнинӣ ва мушкилоти кор;

- баланд бардоштани касбияти кормандони милитсия тавассути низоми муосири таълим;

- таъсиси низоми устувори мониторинги ҷамъиятии фаъолияти кормандони милитсия;

- таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти милитсия;

- афзоиши эътимоди аҳолӣ нисбат ба мақомоти милитсия;

- такмили сохтори Вазорат ва аз байн бурдани такроршавии функсияҳо.

22.06.2024 15:05
230