Пирӯзии дастаи «Динамо» дар бозии рафиқона

(Анҷоми бозии рафиқона) Имрӯз (22.03.с.2016), бозии рафиқона аз рӯи намуди футболи хурд байни дастаҳои «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва «Бонки миллӣ»-и Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», ки дар толори «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дастаи «Динамо» пешсафиро аз даст надода, бар ҳарифи худ пирӯз гардид.

 
Оғози мусобиқаи рафиқонаи футболи хурд дар шаҳри Хуҷанд

Варзиш дар мақомоти корҳои дохилӣ ҷузъи таркибӣ буда, яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҳайати шахсӣ эътироф гардидааст. Дар ҳамаи ҷузъу томҳои милитсия барои обутоби бадан ва тарбияи ҷисмонӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар идораву ташкилотҳои давлатӣ мунтазам мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешавад.  

 
Шоҳҷоизаи гуштини миллӣ насиби корманди мақомоти корҳои дохилӣ гардид

Имрӯз (22.03.2016) дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи паҳлавонон оид ба гуштини миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар он 50 нафар беҳтарин паҳлавонҳо аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. 

 
Бозии рафиқонаи дастаҳои ФФТ ва ФИФА

Имрӯз (18.03.с.2016) дар толори маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ миёни бозингарони дастаҳои Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Федератсияи Футболи Байналмилалӣ (ФИФА) бозии рафиқона баргузор гардид.

Намояндагони ташкилоти бонуфӯзи байналмиллалии ФИФА, ки қароргоҳаш дар шаҳри Сюрихи Швейтсария воқеъ аст, дар бозии имрӯза аз намуди футболи хурд бо футболбозони тоҷик ҳунарнамоии хуб нишон доданд. Аксари бозигарони он собиқадорони футболи сатҳи байналмилалӣ ва мураббиёни машҳуру таҷрибадор ба ҳисоб рафта, дар рушди футбол ва омода намудани футболбозони касбӣ саҳми босазо доранд.

 
Мусобиқаи ҷашнии сангбардорӣ

Имрӯз (09.03.с.2016) бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаи сангбардорӣ баргузор гардид.

 
Муваффақияти динамочиён

Чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар байни наврасони солҳои таваллудашон 1999-2001-ум, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор шуд аз «Динамо»-и ВКД ду варзишгар Хайём Назаров дар вазни 60 кг ва Саидов Ҳусейн дар вазни 42 кг иштирок намуда, дар ин вазнҳо ҷойи аввалро соҳиб гардиданд.

Динамочии наврас Назаров Хайём, ки дар дохили кишвар чандин маротиба ҷойҳои намоёнро ишғол карда буд, ин навбат дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гӯштини юнону румӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар вазни 66 кг иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи аввал муваффақ гардид.

Дар мусобиқаи байналмилалие, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, динамочӣ Хайём Назаров дар вазни 60 кг сазовори ҷойи аввал шуд. Ин варзишгари наврас нисбати ҳарифонаш дастболо гардида, ғолибият ба даст овард ва бо ҷому медали тилло қадрдонӣ карда шуд. 

С. Шоикова

 
Чорабинии ҷашнии оташнишонон

Дар варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 23 – солагии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Наврӯзи дар пеш истода мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД оид ба вазнбардорӣ байни ҷузъу томҳои ХДО гарнизони Душанбе баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки варзиш яке аз воситаҳои тарзи ҳаёти солим ва пешравии ҷомеа ба шумор рафта, дар баробари пешрафти фаъолияти ҳамарӯзаи ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус кормандони ХДО боз ҳам завқи онҳоро дар иҷрои касбу кор ва барои хизмат ба Ватан афзунтар менамояд. Боиси тазаккур аст, ки дар ин мусобиқа 14 дастаи хуб омодадидаи гарнизони ХДО шаҳри Душанбе байни худ қувваозмоӣ намуданд.

 

 
Бозии рафиқонаи варзишӣ

Санаи 19 феврал бозии рафиқона таҳти шиори «Варзиш- қосиди Сулҳ», байни ҳайати шахсии кормандони милитсияи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.

 
Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи «Муҳорибаҳои тан ба тан»

Тайи ду рӯз, 12-13 феврали соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди «Муҳорибаҳои тан ба тан» (самбои муҳорибавӣ) миёни кормандони таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» идома дошт, ки натиҷаҳои он имрӯз ҷамъбаст гардиданд.

 
Маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Муҳорибаҳои тан ба тан»

Имрӯз (12.02.с.2016), дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди «Муҳорибаҳои тан ба тан» (самбои муҳорибавӣ) дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар муассисаю идораҳо барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» оғоз гардид.

 
Иштироки намояндаи ВКД дар ҷашни 90-солагии таъсисёбии ҷамъияти «Динамо»-и Тотористон

Аз 1-ум то 6-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия бахшида ба таҷлили 90-умин солгарди таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятӣ-давлатии Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ-варзишии «Динамо»-и Ҷумҳурии Тотористон мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои тирпарронӣ ва билярд баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷамъиятҳои варзишии тамоми вилоят ва минтақаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

 
Оғози мусобиқаи шиноварӣ таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа»

Имрӯз (05.02.с.2016), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади такмили тарбияи ҷисмонӣ ва ҷиҳати ташвиқу тарғиби рушди варзиш дар ҷумҳурӣ дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи шиноварӣ байни бонувон бо иштироки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» оғоз гардид.

 
Натиҷаҳои мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ

Имрӯз (06.02.с.2016) дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 
Маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ аз намуди сангбардорӣ

Имрӯз (02.02.с.2016), дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди «сангбардорӣ» дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» баргузор гардид.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3871165
ИмрӯзИмрӯз435
МоҳМоҳ21669
ХамагиХамаги3871165

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.