Мусобиқаи футболи хурд байни бонувони Коллеҷи милитсия ва Коллеҷи тиббӣ

(Идомаи чорабиниҳо дар Кӯлобшаҳр) Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни  дастаҳои муасисаву идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳраку деҳоти шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

Зимни ифтитоҳи мусобиқаҳои футболи хурд намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ баромад намуда, хаводорону мухлисони ин навъи варзишро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуданд.

 
Баргузории гӯштини «Самбо» бахшида ба «Рӯзи милитсия»

Тайи рӯзҳои 2-3-юми ноябри соли ҷорӣ, бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи милитсия» дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба намуди гӯштини тарзи «Самбо» байни Сарраёсат, Хадамот, Раёсат, шӯъбаҳои мустақили Дастгоҳи Марказии ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе доир карда шуд, ки дар он 9 даста ва беш аз 100 варзишгар иштирок намуданд.

Гӯштингирон дар 8 вазн бо ҳам рақобат намуда, қувваи бозӯи худро санҷиданд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама тарғиби ҳаёти солим, рушду нумӯи варзиш ва таҳкими дӯстию рафоқат миёни кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ буда, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав миёни ҷавонони варзишгар мебошад.

 
Оғози мусобиқаи волейбол байни воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ

Дар доираи баргузории чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» ва «25 солагии милитсияи тоҷик» субҳи имрӯз дар варзишгоҳи «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди волейбол байни воҳидҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишӣ 28 даста аз ҳисоби Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд барои иштирок сабти ном шудаанд.

 
Семинар-машварат бо иштироки варзишгарон

Дар осоишгоҳи «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси роҳбарияти Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД барои варзишгарони навраси Шӯрои ҷумҳуриявӣ семинар-машварат дар мавзӯи «Варзиши намуди кикбоксинг ва ҷанги дастӣ» доир гардид.

 
Ҷамъбасти мусобиқаҳои волейбол ва тениси рӯи миз

(Идомаи чорабиниҳо дар Кӯлобшаҳр) Дар рафти чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишӣ ва аксияи «Шириниҳои шарқ», ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, мусобиқаҳои волейбол ва тениси рӯи миз ҷамъбаст гардиданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол байни дастаҳои муасисаву идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳраку деҳоти шаҳри Кӯлоб баргузор гардида,  дар натиҷа дастаҳои  ғолиб муайян гардиданд.

 
Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи шашкаю шоҳмот

(Идомаи чорабиниҳо дар Кӯлобшаҳр) Тавре қаблан иттило дода будем, имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишӣ ва аксияи «Шириниҳои шарқ» баргузор гардид.

Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шашкаю шоҳмот дар байни ҷавонписарону ҷавондухтарон доир гардида, баъди рақобатҳои зиёд ғолибони ин мусобиқаҳо муайян гардиданд.

 
Мусобиқа оид ба волейбол

Аз 7-ум то 11-уми апрели соли равон дар толори мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №5 шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба намуди варзиши волейбол доир гардид.

Дар ин мусобиқа 6 даста иштирок доштанд. Мусобиқа бо тарзи даврӣ гузаронида шуда, ҷойи аввалро бо 10 хол дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муаллими калони Академияи ВКД, капитани милитсия Муҳиб Латипов ва ду варзишгари дастаи волейболи «Динамо»-и ВКД ҶТ Убайд Асаналишоев ва Сино Латипов, сазовар гардиданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро бо 8 хол дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва бо 7 хол Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон соҳиб гаштанд.

Айни ҳол, дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се бозингари дастаи волейболбозони «Динамо»-и ВКД таҳти роҳбарии капитани милитсия Латипов М.Л., ки дар ВМКБ аз 16-ум то 22-юми майи соли 2016 баргузор мегардад, омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Х. Солиҳов

 
Оғози мусобиқаҳои «Футболи хурд» барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ

 Имрӯз (13.04.с.2016), дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи даставӣ оид ба «Футболи хурд» барои дарёфти «Ҷоми хурди Вазири корҳои дохилӣ» байни ташкилоту идораҳои давлатӣ оғоз ёфт. Дар мусобиқа айни ҳол 6 дастаи шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат доранд.  

 
Тақдими яхмос ва шириниҳо аз номи Пешвои миллат ба кӯдакону наврасон

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишӣ ва аксияи «Шириниҳои шарқ» доир гардида, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон яхмос ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Аз ин таваҷҷӯҳ ва ғамхории Пешвои миллат шодию хурсандии кӯдакону наврасон ва сокинони Кӯлобшаҳри бостониро ҳадду канор набуд. Ҳар кадом бо сипосгузорӣ аз тинҷию амонӣ ва ободию осоиштагии ин диёри биҳиштосо изҳори хушнудӣ менамуданд.

 
Идомаи чорабиниҳо дар Кӯлобшаҳр

Тавре қаблан иттило дода будем, имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишӣ ва аксияи «Шириниҳои шарқ» оғоз гардид.

Ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шоҳмот, шашка, футболи хурд, волейбол, тениси рӯи миз ва вазнбардорӣ дар байни ҷавонписарону ҷавондухтарон баргузор гардида, аллакай ғолибони мусобиқаи вазнбардорӣ муайян гардиданд.

 
13 медали ғолибон - динамочиёни наврас

Имрӯз (11.04.с.2016), варзишгарони навраси Шӯрои ҷамъиятии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилиро, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намуди гуштини тарзи юнону румӣ дар Федератсияи Россия иштироки фаъол доштанд, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба ҳузур пазируфт.

 
Сабқати бандкашӣ


Имрӯз (30.03.с.2016), дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ байни раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказии ВКД бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи даставӣ оид ба бандкашӣ, таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» баргузор гардид.

 
Медали тиллои курсанти Академияи ВКД

Натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати варзиш аст, ки сол аз сол варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонию байналхалқӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ мушарраф мешаванд. Ҳафтаи равон боз се варзишгари тоҷик дар чемпионати ҷаҳон дар намуди варзиши «Карате До», ки дар шаҳри Бигдоши давлати Лаҳистон баргузор гардид, бо музаффарият баргаштанд.

 
Дастовардҳои варзишгарони «Динамо» дар мусобиқаҳои Наврӯзӣ

Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, ба ин муносибат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла гуштини миллӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779155
ИмрӯзИмрӯз106
МоҳМоҳ24170
ХамагиХамаги3779155

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.