Оғози мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гуштини юнону румӣ миёни наврасон

Имрӯз (11.05.с.2016), дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз намуди «Гуштини тарзи юнону румӣ» миёни наврасони синну солашон 1999-2002 таҳти шиори «Варзиш – зидди нашъамандӣ» оғоз гардид.

 
Оғози мусобиқа ва аввалин натиҷаҳои бозиҳои футбол

Имрӯз (27.10.с.2016) дар Маҷмаии варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз маросими расмии кушодашавӣ мусобиқаи варзишии сатҳи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» оғоз ёфта, нахустин бозиҳо баргузор гардиданд.

 
ЭЪЛОН ОИД БА ГУШТИНИ МИЛЛӢ ДАР ЯЗГУЛОМ - ШОҲҶОИЗА АВТОМАШИНАИ САБУКРАВ

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14-уми майи соли 2016, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва райъпурсии умумихалқӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Гуштини миллӣ» баргузор мегардад.

Ҷавонон баҳри дӯстию меҳр ба Ватану миллат бо якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи хонадони ҳар як сокини кишвар тӯҳфа менамоянд.

Тамоми хоҳишмандон ва мухлисони ин намуди варзиш барои иштирок ва ҳаводорӣ дар ин мусобиқа даъват карда мешаванд.

Ба ғолиби мусобиқа Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави хориҷӣ  тақдим карда мешавад.

Телефонҳо барои маълумот: 93-922-44-24, 236-31-66, 236-22-37, 93-922-23-63, 223-05-61 

 
Мавзуна Чориева соҳиби ҷойи якум ва чемпиони Осиё гардид

Аз санаи 3-юм то 9-уми майи соли равон дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати Осиё дар байни донишҷуёни 11 давлати дунё оид ба муштзанӣ (бокс) баргузор гардид.

 
Муайян гардидани шахсияти часад

Тавре қаблан иттилло дода будем, 5-уми сентябри соли 2016, тахминан соатӽои 06:00, аз ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қисми қафои МТМУ №29, ҷасади ҷинсаш мард, тақрибан 18-23 сола дарёфт шуда буд. Ӽангоми азназаргузаронии ҷасади номбурда дар тану баданаш ягон аломати марги маҷбурӣ мушоӽида карда нашудааст.

Бо мусоидати расонаҳои хабарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти ҷасади дарёфтгардида муайян карда шуд, ки ӯ Иноятов Ислом Эркинович, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе будааст. 

Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ барои ҳамкорӣ ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади номбурда изҳори миннатдорӣ менамояд.  

 
Маросими расман кушодашавии мусобиқаи кушоди «Футболи хурд»

Имрӯз (04.05.с.2016), дар Варзишгоҳи Марказии пойтахт маросими расмии кушодашавии мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» миёни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии клуби футболи «Истиқлол» ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, то 31-уми майи соли ҷорӣ идома меёбад.

 
Маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд»

 

Имрӯз (27.10.с.2016), дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи варзишии сатҳи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, дигар идораву муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, дастаҳои футболи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» аз кишварҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

 
Оғози мусобиқаҳои кушоди даставӣ аз намуди «Футболи хурд»

Имрӯз (02.05.с.2016), дар майдончаҳои сунъии Варзишгоҳи Марказӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» миёни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ оғоз ёфт.

Дар ин мусобиқа 24 даста аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар чор зергурӯҳ бо ҳам рақобат мекунанд.

 
Дастаи «Динамо» ғолиби мусобиқаи «Ҷоми хурди Вазири корҳои дохилӣ» гардид

Чи тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғиби ҳаёти солим ва таҳким бахшидани дӯстию рафоқат мусобиқаи даставӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми хурди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни ташкилоту идораҳои давлатӣ идома дошт.

 
Мусобиқаи варзишии оташнишонон бахшида ба Иди Ғалаба

Қобили  қайд аст, ки варзиш яке аз воситаҳои тарзи ҳаёти солим ва пешравии ҷомеа ба шумор рафта, ҳамчунин ба пешрафти фаъолияти ҳамарӯзаи ҳар як шахс, бахусус  оташнишонон,  ки ин  соҳа чусту чолокиро тақозо менамояд, нақши  назаррас  дорад.

Бо ҳамин максад  ҳамасола мусобиқаҳои  варзишӣ  байни  ҳайати шахси ва роҳбарикунандаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, баҳри боз ҳам  ривоҷу равнақ додани намудҳои гуногуни варзишӣ дар хадамоти  мазкур ташкил ва гузаронида мешавад.

 
Бозии рафиқонаи дастаи «Динамо» бо собиқадорон

Рӯзи 21.04.с.2016 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, дастаи «Динамо»-и ВКД бо дастаи «Собиқадорон» бозии рафиқонаи футболи хурд баргузор намуданд.

 
Мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Муқовимати кулли ҷанги дастӣ»

Ҳафтаи равон, дар толори Қасри Варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ аз намуди «Муқовимати кулли ҷанги дастӣ FCF - MMA» миёни варзишгарони наврасу ҷавонони синну солашон аз 9 то 18-сола баргузор гардид. Дар ин мусобиқа беш аз 180 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар даъват шуда буданд.

 
Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи футболи хурд

(Анҷоми чорабиниҳо дар Кӯлобшаҳр) Тавре қаблан иттило дода будем имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни  дастаҳои муасисаву идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳраку деҳоти шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

Дар натиҷаи рақобатҳои байни дастаҳои бонувони футболбози Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи тиббии шаҳри мазкур бозӣ ба ҳисоби 0:2 ба фоидаи дастаи Коллеҷи тиббӣ анҷом пазируфт.

 
Суғд: Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» ва «25 солагии милитсияи тоҷик»

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанати милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба сатҳи баланди касбӣ таҷлил намудани «25 солагии милитсияи тоҷик» роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки мусобиқҳои варзиширо аз рӯи намуди тенниси рӯи миз барои занон, волейбол ва футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилояти Суғд баргузор намояд.

Бо ҳамин мақсад субҳи имрӯз дар толори варзишгоҳи РВКД дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишии тенниси рӯи миз байни корманд-занони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии вилоят баргузор гардид.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3736604
ИмрӯзИмрӯз83
МоҳМоҳ16306
ХамагиХамаги3736604

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.