Қурғонтеппа: Баргузории мусобиқаи шоҳмот ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ

Имрӯз (14.05.с.2016), дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» доир карда шуд.

 
Суғд: Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот муайян гардиданд

Чи тавре иттилоъ дода будем, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба «20 рӯзи ҷавонӣ» ва Рӯзи райъпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди «Шоҳмот» байни шаҳрвандони касбу кори гуногун баргузор гардид.

 
Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Футболи хурд»

Имрӯз (29.10.с.2016), дар Маҷмаии варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даври нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, ба даври нимниҳоӣ чор даста баромаданд. Нахуст, бозии миёни дастаҳои Тоҷикистон-2 ва Қазоқистон дар даври асосӣ бо ҳисоби 4:4 мусовӣ анҷом ёфт. Довари мусобиқа вақти иловагӣ бо тӯбзанӣ (пеналти) таъин намуд. Дар ин рақобат, футболбозони дастаи Тоҷикистон-2 ба дарвозаи ҳариф тӯби бештар зада, бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд. Варзишгарони дастаи Федератсияи Россия бо ҳисоби 5:0 дастаи Озарбойҷонро мағлуб сохта, ба даври ниҳоӣ баромаданд.

 
Баргузории мусобиқа оид ба шоҳмот дар ноҳияи Носири Хусрав

Имрӯз (14.05.с.2016), дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» доир гардид.

Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Н.Хусрав Оймаҳмадзода Рамазон, сардори ШВКД дар ноҳияи Н.Хусрав полковники милитсия Назар Худозода, намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва дигар идораю сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

 
Мусобиқаи шоҳмот дар «Кӯли ҷавонон»

Имрӯз (14.05.с.2016), дар Боғи «Кули ҷавонон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» ва аксияи «Парчами миллӣ - ифтихори ман аст» доир карда шуд.

 
Мизи мудаввар оид ба масъалаҳои фаъолияти нозирони минтақавии милитсия

Дирӯз (28.10.с.2016), дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазифа ва функсияи нозири минтақавии милитсия» баргузор гардид.

Бо сухани муқаддимавӣ сардори факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш. баромад намуда, қайд кард, ки таҷрибаи чандинсола ва тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки нақши муҳимро дар иҷро намудани вазифаҳои дар назди мақомоти милитсия гузошташуда дар самти фаъолияти маъмурӣ, бевосита нозирони минтақавии милитсия амалӣ менамоянд.

 
Хурдсоли 7 сола «Беҳтарин иштирокчии мусобиқа» эълон гардид

Дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявие, ки аз рӯи намуди «Шоҳмот» таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, хонандагони мактабҳои миёна, донишҷӯён, кормандони мақомотҳои давлатии маҳаллӣ, омӯзгорон ва намояндагони дагар табақаҳои ҷомеа иштирок намуданд. Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва махсусан мусобиқаи мазкур аз як ҷиҳат агар барои ҷалби шаҳрвандон ба варзиш ва дар ин замина пиёдасозии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш роҳандозӣ гардида бошад, аз ҷиҳати дигар баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба мо имконият медиҳад, то беҳтарин ва лаёқатмандтарин бозингарони варзиши намуди «Шоҳмот»-ро аз байни қишрҳои ҷомеа муайян намоем.

 
Оғози мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар Боғи Ирам

Имрӯз (14.05.с.2016), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» оғоз гардид.

Мавриди қайд аст, ки чунин чорабинӣ дар дигар боғҳои шаҳри Душанбе ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ оғоз гардиданд.

 
Баргузории мусобиқаи «Гуштини миллӣ» дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба вақти дигар гузаронида шуд

Бинобар сабаби ба амал омадани офатҳои табиӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ аз намуди «Гуштини миллӣ» дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба вақти дигар гузаронида мешавад.

Аз вақти баргузории мусобиқаи мазкур иловатан хабар хоҳем дод.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд рӯзи 14-уми майи соли 2016, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва райъпурсии умумихалқӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Гуштини миллӣ» баргузор мегардид.

Ба ғолиби мусобиқа Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

 
Идомаи мусобиқаи футбол ва омодагӣ ба даври ниҳоӣ

Имрӯз (28.10.с.2016) дар Маҷмаии варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» идома ёфта, дастаҳои пурқувватар ба даври нимниҳоӣ баромаданд.

Дастаи Қазоқистон дар бозӣ бо дастаи Тоҷикистон маҳорати хуб нишон дода, бо ҳисоби 6:5 ғолиб омаданд. Бозии дастаҳои Федератсияи Россия ва Тоҷикистон-2 бо ҳисоби 4:2 ба фоидаҳои динамочиёни рус ба анҷом расид. Дастаи Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳисоби 0:3 ба дастаи Озарбойҷон бозиро бохта, аз даври нимниҳоӣ маҳрум гашт.

 
ЭЪЛОН!!!

Рӯзи 14-уми майи соли 2016, соати 10:00, дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар идораю сохторҳои давлатӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва райъпурсии умумихалқӣ, чорабинии ҷумҳуриявӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» баргузор мегардад. Ҳамчунин чунин чорабинӣ дар дигар боғҳои шаҳри Душанбе ва тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баргузор хоҳад гашт.

Зимни баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ҳамзамон чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳар гуна викторинаҳо доир карда мешаванд. Ғолибонро тӯҳфаҳои арзишнок интизоранд.

Ба чорабинии мазкур тамоми намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ даъват карда мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 223-23-31, 93-488-16-11.

 
ЭЪЛОНИ «ПОЙГАИ АСПДАВОНӢ»

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми майи соли 2016, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва райъпурсии умумихалқӣ дар минтақаи Рашт мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Пойгаи аспдавонӣ» миёни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ташкил ва баргузор мегардад.

Ҷавонон баҳри дӯстию меҳр ба Ватану миллат бо якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи хонадони ҳар як сокини кишвар тӯҳфа менамоянд.

Тамоми хоҳишмандон ва мухлисони ин намуди варзиш барои иштирок ва ҳаводорӣ дар ин мусобиқа даъват карда мешаванд.

Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида мешаванд.

Телефонҳо барои маълумот: 93-922-44-24, 236-31-66, 236-22-37, 93-922-23-63, 223-05-61 

 
Натиҷаҳои мусобиқаи гуштини тарзи юнону румӣ миёни наврасон

Тайи ду рӯз, 11-12 майи соли равон дар Маҷмааии варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди байналмилалӣ аз намуди гуштини юнону румӣ байни наврасони соли таваллудашон 1999-2003 идома дошт, ки имрӯз натиҷаҳои қувваозмоиҳои ин варзишгарони наврас ҷамъбаст гардиданд.

 
ЭЪЛОН ОИД БА МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-15-уми майи соли ҷорӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва райъпурсии умумихалқӣ дар тамоми манотиқи кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» баргузор мегардад.

Ҷавонон баҳри дӯстию меҳр ба Ватану миллат бо якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи хонадони ҳар як сокини кишвар тӯҳфа менамоянд.

Шахсони хоҳишманд барои иштирок дар аксияи мазкур дар гулбоғҳо қабл аз баргузории мусобиқа метавонанд номнавис шаванд.

Ғолибонро тӯҳфаҳои арзишнок интизоранд.

Телефонҳо барои маълумот: 93-922-44-24, 236-31-66, 236-22-37, 93-922-23-63, 223-05-61 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779137
ИмрӯзИмрӯз88
МоҳМоҳ24152
ХамагиХамаги3779137

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.