Тӯҳфаҳо ба ғолибони викторина ва шоҳмотбозӣ дар Боғи Ирам

Пас аз маросими оғози чорабинии ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар Боғи Ирами пойтахт, як қатор ҷавонону донишҷӯёни кишвар Мардихудо Давлатов, Сайёҳат Ғуломова, Аҳмадхуҷа Давлатов, Меҳроҷ Ғуломов, Нилуфар Ҷамолзода ва дигарон вобаста ба чорабиниҳои сиёсии дарпешистода, Раъйпурсии умумихалқӣ, Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонон ибрози ақида намуда, дар васфи Ватан, якдилию муттаҳидӣ, таҳкими дӯстию рафоқат миёни ҷавонони кишвар, дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва ҳиссиёти баланди хешро иброз намуданд.

 
Шоҳмансур: Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар мусобиқаи шоҳмотбозӣ


Имрӯз (14.05.с.2016), аз пагоҳи барвақт тибқи Нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар майдони 800- солагии Москваи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» ва аксияи «Тақсимоти парчам» гузаронида шуд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Ғуломов Қудратулло оғоз намуда, тамоми иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод кард.

 
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Таэквондо (WTF) байни наврасону кӯдакон

Имрӯз (12.11.с.2016), бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғиби ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳои нав, дар толори Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи Президент – 16-уми ноябр» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Таэквондо (WTF) байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2004 ва кӯдакони таваллудашон 2005-2009 оғоз ёфт, ки он тайи ду рӯз идома меёбад.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи таэквондои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардида, дар он варзишгарони наврас аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзида истодаанд.

 
Ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот

Имрӯз (14.05.с.2016), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва райъпурсии умумихалқӣ дар тамоми манотиқи кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» баргузор гардид.

 
Ёвон: Шоҳмот таҳкимбахши нерӯи зеҳнии ҷавонон

Имрӯз (14.05.с.2016), дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии идона муовини Раиси ноҳияи Ёвон Саъдуллозода Неъматулло, сардори ШВКД дар Ёвон полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷаъфар, намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва дигар идораю сохторҳои марбута иштирок намуданд.

 
Норак: Мусобиқаи шоҳмотбозӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ

Имрӯз (14.05.с.2016), дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ», ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид, гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, сардори ШВКД дар шаҳри Норак полковники милитсия Ниёззода Зафар Ниёз, сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ятимов Баҳор, мудири Маорифи шаҳри мазкур Исмоилов Алимурод ва дигар сохтору идораҳои давлатӣ ширкат варзиданд.

 
Данғара: Мусобиқаи шоҳмотбозӣ дар сатҳи баланд доир гардид

Имрӯз (14.05.с.2016), дар ноҳияи Данғара  бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ», ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид, гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло, сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара полковники милитсия Неъматзода Алишер Ҷурахон, Ректори Донишгоҳи аграрии ноҳияи Данғара Каримов Қ. намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар сохтору идораҳои давлатӣ ширкат варзиданд.

 
Мусобиқаи шоҳмотбозӣ дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз (14.05.с.2016), дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» бо иштироки васеи аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон  баргузор гардид.

 
Ҷараёни мусобиқаи шоҳмотбозӣ дар вилояти Суғд

Имрӯз (14.05.с.2016), дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ва намояндагони Федератсияи шоҳмоти вилояти Суғд иштирок намуданд.

 
Рашт: Оғози мусобиқаи футболи хурд бахшида ба «Рӯзи милитсия»

Имрӯз (31.10.с.2016), бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсия» мусобиқаи футболи хурд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ташкилотҳои давлатии ноҳияи Рашт, барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Дар ин мусобиқа Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил, ҳайати шахсӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

 
Мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Имрӯз (14.05.с.2016), бо ибтикори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи мазкур, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» оғоз гардид.

 
Ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд дар вилояти Суғд

Чи тавре иттилоъ дода будем, бо ташаббуси роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд дар доираи баргузории чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» ва ҷашни «Рӯзи милитсия» мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла, футболи хурд  байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ташкилоту идораҳои давлатии вилоят баргузор гардид.

 31.10.с.2016, дар даври ниҳоии футболи хурд дастаҳои РВКД ва Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд бо ҳам рақобат намуданд. Дар толори “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд наздики 5 ҳазор нафар мухлисон ин мусобиқаро тамошо намуданд.

 
Маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои варзишӣ

Пас аз баргузории даври ниҳоии мусобиқа аз рӯи намуди футболи хурд  байни дастаҳои РВКД ва Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ва дар ин замина ғолиб омадани дастаи мизбон маросими пӯшидашавии чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардид.

Дар маросими пӯшидашавӣ нахуст сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, зикр кард, ки мусобиқаҳои варзишӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар сатҳи баланд доир гардида, дастаҳои иштирокчӣ маҳорату малакаи касбии худро нишон доданд.

 
Дӯстӣ: Ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддун ба якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро тӯҳфа намуданд

Имрӯз (14.05.с.2016), дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Дӯстӣ, Раҷабзода Салоҳиддин, сардори ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ полковники милитсия Абдуллозода Файзиддин Абдулло,   намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва дигар идораю сохторҳои марбута иштирок намуданд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779179
ИмрӯзИмрӯз130
МоҳМоҳ24194
ХамагиХамаги3779179

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.