Волейбол байни дастаҳои мақомот

Дар толори Ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди волейбол байни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бахшида ба иди байналмилалии «Наврӯз» ҷамъбаст гардид. Дар он дастаҳои волейболи «Динамо»-1 ва «Динамо»-2 Вазорати корҳои дохилӣ ҷойҳои 1-ум ва 3-юмро ишғол карданд. Дастаи волейболбозони Хадамоти гумруки назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2- юм гардиданд. Ҷом ва мукофотҳои мусобиқаро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба ғолибони мусобиқа супорид.

 
Футболи хурд

Аз 14 то 17 марти соли равон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия 13-умин мусобиқаи васеи байналмилалӣ оид ба «футболи хурд» байни дастаҳои яккачини футболбозони ҷамъиятҳои «Динамо»- ҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид.
Дар он дастаи футболбозони Ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуда, дар миёни беҳтарин ва пурқувваттарин дастаҳои футболи Иттиҳоди давлатҳои мустақил мақоми ифтихории дуюмро сазовор гардида, бо ҷом ва медалҳо ба Ватан баргаштанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дастаи футболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ яке аз беҳтарин дастаҳои футболи мамлакат маҳсуб ёфта, ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи мамлакат мебошад. Дар мусобиқаи мазкур дарвозабон Анвар Мирзоев «беҳтарин дарвозабон» ва Акбар Мухамедов «беҳтарин ҳамлагар» аз дастаи футболи Ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, бо ифтихорнома, диплом ва ҷоми мусбоқа сарфароз гардонида шуданд.

 
Волейбол

Ҷашни байналмилалӣ эътироф шудани Наврӯзи аҷам бори дигар исботи таърихи куҳан ва сарбаландии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гашт. Имсол низ тамоми мардум омад омади ҷашни баҳоро бо як ифтихор ва хушнуди пешвоз гирифта истодаанд. Дар мақомоти корҳои дохилии кишвар низ бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабиниҳои варзишиву фарҳанги барпо карда мешавад.

 

 
Волейбол

Бо фарорасии иди байналмиллалии Наврӯз дар Вазорати корҳои дохили ва ҷузъу томҳои он чорабиниҳо, озмунҳо, мусобикаҳои варзиши гузаронида мешаванд. Бахшида ба ин иди пуршукӯҳ дар толори варзишии “Динамо” -и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа дар намуди волейбол баргузор гардид.

 

 

 
Кушоиши толори Варзиши

Имрӯзҳо бараъло эхсос мешвад, ки дар кишвар баҳри рушди варзиш ва тарбияи варзишгарони ҷавон, бахусус дар сафи мақомоти корҳои дохили аз ҷониби ҳукумати ҶТ корҳои зиёди назаррас анҷом дода мешавад. Аз ҷумла баҳри фароҳам овардани шароити шоиста барои варзишгарон пайваста толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаввад.


 

 
Анҷоми мусобиқаи шашкаву шоҳмот байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

Дар анҷоми мусобиқаи шахсӣ-даставӣ бахшида ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз намуди шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, ғолибон муайян гардиданд.

Дар мусобиқаи шоҳмот байни занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷойи аввал насиби майори милитсия Бухориева Адолат – сарнозири Сармаркази таҳлилӣ-иттилоотии ВКД, ҷойи дуюм насиби майори милитсия Зиёбекова Ҷамила-нозири Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва ҷойи сеюм насиби лейтенанти калони милитсия Бобохонова Ситора  – нозири гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Кӯлоб гардид.

 

 

 
Мусобиқаи шашка ва шоҳмот бахшида ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ

Имрӯз (26.09.с.2014), дар толори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, пайваста байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату идора ва муассисаҳои давлатӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир менамояд.

Мусобиқаи имрӯза байни мардон ва корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардида, варзишгарон аз намуди шашка ва шоҳмот байни ҳам қувваозмоӣ намуда истодаанд.

 
Мусобиқаҳо бахшида ба «Иди байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Кӯлоб

Дар варзишгоҳи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб санаи 12-13-уми марти соли 2014 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Иди байналмилалии Наврӯз» мусобиқаҳо аз намуди варзиши сабук гузаронида шуд.

Дар ин мусобиқа ғолибони давраҳои аввал, ки дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, минтақаҳои Рашту Кӯлоб ва шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, дар маҷмӯъ 32 нафар (20 нафар мард ва 12 нафар зан) иштирок намуданд.

 
Мусобиқаи футбол ва шашкаю шоҳмот байни кормандони ғайриштатии милитсия

Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ дар байни кормандони ғайриштатии милитсияи РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Иди «Ваҳдати миллӣ» мусобиқаи бозии футбол дар байни ҷавонписарон ва мусобиқаи бозии шашкаю шоҳмот дар байни ҷавондухтарон аз 10 июни соли ҷорӣ шурӯъ гардида, то 17 июни соли равон идома меёбад.

Ғолибони мусобиқа бо мукофотҳои хотиравӣ аз тарафи Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ва РВКД дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Гулова М.  

 
Шоҳҷоиза – автомобили сабукрав, тамғаи «ВАЗ-21015»

Аз 9 то 31 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа оид ба намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ ва корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз зери шиори «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» гузаронида мешавад.

Шоҳҷоиза автомобили сабукрави тамғаи «ВАЗ-21015» аз тарафи ҷавонони варзишдӯст, тоҷирон ва соҳибкорон пешбинӣ шудаааст. Дархостҳо барои иштирок дар мусобиқа ба ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда шаванд.

Телефонҳо барои тамос: 907-904-771, 919-41-13-13, 227-65-43, факс: 221-32-81.

 
Оғози мусобиқаҳои варзишӣ

Худи ҳамин рӯз дар якчанд толорҳои варзишии вилоят ва шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Рамазон Раҳимзода барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол, футбол, гӯштин, тенниси рӯи мизӣ ва шашкаю шоҳмот байни ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтарон оғоз гардид. Аз ҷумла дар ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ дар толори варзишии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хорӯғ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед иштирок ва суханрониӣ намуданд. Аз натиҷаи баргузории мусобиқа дар камтарин фурсат хабар хоҳем дод.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3736573
ИмрӯзИмрӯз52
МоҳМоҳ16275
ХамагиХамаги3736573

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.