Алишери Ҷалилов - бозингари беҳтарини дастаи «Рубин»

Имрӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов варзишгари ҷавону умедбахши аъзои дастаи футболи мунтахаби «Рубин»-и Ҷумҳурии Тотористон Ҷалилов Алишер Лутфуллоевичро ба ҳузур пазируфта, барои ноил гардидан ба дастовардҳо дар соҳаи варзиш ва ҳамкорӣ бо ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ – соати дастӣ ва ҳайкалчаи бабр тақдим намуд.

 
Парвиз 10 маротиба унвони чемпиони Тоҷикистонро ба даст овардааст


Собиров Парвиз Одинахонович 12-уми ноябри соли 1980 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Таҳсилро то синфи 6 дар мактаби миёнаи №1-и ноҳия гирифта, баъдан дар мактаб-омӯзишгоҳи захираҳои олимпии пойтахт идома додааст.Таҳсилкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи андоз ва тиҷорат буда, унвони чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 2001 соҳиб гардидааст. Қобилияти фавқулоддааш боис шуд, ки ӯ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок карда, шарафи Тоҷикистонро ҳимоя ва парчами онро баланд бардорад.

 
Мушти ӯ мушти шӯҳрат аст


Юнусов Анвар Музафарович зодаи шаҳри Душанбе, 1-уми феврали соли 1987 дар оилаи паҳлавони шуҳратёр Музаффар Юнусов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №66-и ноҳияи Сино гирифта, баъдан дар мактаб-парваришгоҳи ҷумҳуриявии маҳорати олимпии ба номи И.Ҳасанов таҳсил кардааст. Соли 2009 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С.Раҳимовро хатм карда, ду сол дар дастаи варзишии артиши Вазорати дифоъ хизмат намудааст. Айни замон корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД буда, дастаи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилиро муаррифӣ менамояд.

 
Мавзуна ғолиби мусобиқаи ҷаҳонӣ

Вазишгари номии тоҷик лейтенанти милитсия Мавзуна Чориева, мутахассиси ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД ахиран дар мусобиқаи У11-уми қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Ҷумҳурии халқии Хитой баргузор гардид, бар ҳарифони худ аз кишварҳои Қирғизистон, Белорус ва Полша дастболо гардида, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи тобистона дар шаҳри Лондон гардид. Рӯзи 21- уми май дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори пирӯзии варзишгарони кишвар Мавзуна Чориева ва Парвиз Собиров, дастпарварони ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ маросими мукофотсупорӣ доир гардид.

 
Варзишгарони дастаи «Динамо» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд

Рӯзҳои 19-20 майи соли 2012 дар толори варзишии Вазорати алоқа мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонон оид ба намудаи «Муҳорибаи универсалӣ» шуда гузашт, ки дар ин мусобиқа дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуд. Дар мусобиқаи мазкур аз дастаи 36-нафараи «Динамо» дар вазни 85 кило Ҳусейнов Миралӣ, дар вазни 75 кило Гадомадов Аброр, дар вазни 50 кило Раҳимов Шеравган соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Дар вазни 65 кило Нуров Ёқуб, Қурбоналии Нуралӣ ва дар вазни 50 кило Бурҳонов Ҷамшед, Мадалиев Шавкат соҳиби ҷойҳои дуввум гардиданд. Дар вазни 85 кило Назаров Некруз, дар вазни 65 кило Раҳмонов Баҳром, дар вазни 80 кило Ҳамзаев Сорбон, дар вазни 50 кило Раҳимов Музафар ва дар вазни 27 кило Қурбонов Некруз, Алишери Меҳроҷ ва Файзуллоев Шукрулло ҷойҳои сеюми мусобиқаро ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа зиёда аз 500 нафар мухлисони намуди «Муҳорибаи универсалӣ» ширкат варзида, варзишгаронро дастгирӣ намуданд. Ғолибони мусобиқа бо ҷом, диплом, медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 
Дастаи «Динамо»-и ВКД дар мусобиқаи футболи хурд ғолибиятро ба даст овард

Аз санаи 11-ум то 13-уми майи соли ҷорӣ мутобиқи тартиби баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши амалии ҳарбӣ ба муносибати 20-умин солгарди ба имзо расидани Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мусобиқаи васеъи варзишии футболи хурд ва варзиши сабук байни дастаҳои мақомотҳои қудратӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
Варзиши сабук

Чанде қабл дар варзишгохи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 67-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқаи варзиши сабук дар байни ҷузъу томҳои Вазорат доир гардид, ки дар ин мусобиқа давидан ба масофаи 100 метр, 800 метр ва 1000 метр, кормандон байни ҳам мусобиқа намуданд. Дар ин чорабинӣ ҷои аввал ба варзишгарони Академияи ВКД, ҷои дуюм насиби Воҳиди махсуси ВКД, ҷои сеюм бошад, насиби Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ гардид. Дар хотима ба иштирокчиёни мусобиқа Ҷом ва дипломҳо супорида шуд.

 
Бори сеюм дар Олимпиада

Анвар Юнусов дар мусобиқаи даставӣ аз рӯи Бокси ихтисосӣ қувваозмоӣ намуда, ба ҳарифони худ аз Амрико, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Италия дастболо гардид. Ин варзишгари ҷавони тоҷик бо пирӯзиаш роҳхат ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпии тобистонаро, ки ояндаи наздик дар шаҳри Лондони Британия баргузор мегардад, ба даст овард. Ин ғалабаи нахустини Анвар набуда, соли 2011 ин муштзани ҷавон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардида буд, иштирок намуда, ҷойи 2-юмро соҳиб гардид. Анвар Юнусов устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ буда, бори сеюм аст, ки роҳхати иштирок дар Олимпиадаҳои ҷаҳониро ба даст меорад. Анвар аъзои дастаи яккачини «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мебошад. Ғалабаи худро пирӯзии устодаш мураббии варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Каримов медонад.

 
Мавзуна ба Олимпиадаи Лондон-2012 меравад

Аз 16 то 26-уми марти соли равон Чемпионати Осиё байни занон дар пойтахти Муғулистон шаҳри Улан-Батор баргузор гардид. Дар ин мусобиқа лейтенанти хурди милитсия, нозири методии шӯъбаи тайёрии ҷисмонӣ КТО ва варзишии Шӯрои ҷамъиятии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Чориева дар вазни 60 кг қуваозмоӣ намуда, ба гирифтани ҷойи дуюм ва медали нуқра сарфароз гардид. Мавзуна Чориева инчунин донишҷӯӣ соли сеюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ буда, мақсади ӯ дар мусобиқа ба даст овардани роҳхати олимпӣ буд. Гуфтан бамаврид аст, ки ӯ ба орзӯи худ ҳам расида, ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифт.

 
Аброр Гадомадов соҳиби ҷойи якум гардид

19-20 апрели соли равон дар маҷмааи варзишии Вазорати алоқа мусобиқа аз рӯи намуди «зӯрозмоиҳои уневерсиалӣ» байни калонсолон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур Гадомадов Аброр дар вазни 75 кг ҷойи якумро соҳиб гардид. Ҳамчунин Аброр чанде пеш дар рӯзҳои Наврӯз, ки дар толори варзишии «Динамо» мусобиқа аз рӯи намуди кикбоксинг барпо гардида буд, маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани ҷойи дуюм ва медалу дипломҳои мусобиқа мушарраф гардид. Гадомадов Аброр дар зери роҳбарии устоди варзиш Боқиев Назир пайваста тамрин намуда, малакаю маҳорати худро сайқал медиҳад.

 
Рушду тараққиёти Ҷамъияти Варзишии «Динамо»


Ҷамъияти Варзишии «Динамо» аввалин маротиба соли 1923 дар ш.Москав ташкил шудааст. Дар шаҳрҳои дигар (бо фармони Раёсати давлатии сиёсии махсус аз соли 1924) расмӣ гардонида шудааст. Ҷамъияти Варзишии «Динамо» ба монанди дигар созмонҳо, аввал ҳамчун узви ҷамъияти Осиёи Миёнагӣ соли 1924 мувофиқи фармони №226 Раёсати Давлатӣ-Сиёсии Махсус дар ш.Тошканд ташкил гардидааст, ки баъдтар он шӯъбаи Тоҷикистониро ҳам ташкил намуд.

 
Динамочӣ «Гӯштингири беҳтарини мусобиқа» гардид

Аз 23 март то 5 апрели соли 2012 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мусобиқаи умумироссиягӣ аз намуди гӯштини юнону римӣ бахшида ба хотираи устоди варзиши шоистаи ИҶШС, чемпиони 16-ӯмин бозиҳои олимпӣ Соловев Николай Николаевич баргузор гардид.

 

 
Баргузории чорабинии варзишӣ ба истиқболи «Иди байналмиллалии Наврӯз»

Имрӯз (14.03.с.2015), дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод С.Айнии пойтахт мусобиқаи инфиродӣ-даставӣ оид ба «Дав» (кросс) байни Сарраёсат, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, РВКД дар ш. Душанбе, вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯз таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ дар соли 2015» баргузор гард.

Дар ин мусобиқа 14 даста ва 70 варзишгар иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи «кросс», яъне давидан барои мардон масофаи 3000 метр ва барои занону бонувон 1000 метр пешбинӣ шуда буд.

 
Ғалабаи «Динамочиён»

Имрӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Шоев Аслиддин Назриевичро, ки рӯзҳои 1-4 апрели соли 2012 дар вилояти Оденсоваи Федератсияи Россия барои дарёфти Ҷоми СААД иштирок намуд, ба ҳузур пазируфт.

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4266451
ИмрӯзИмрӯз1892
МоҳМоҳ13688
ХамагиХамаги4266451

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.