Боқиев Назир дар мусобиқаҳои кушоди Осиё оид ба К-1 соҳиби медали биринҷӣ гардид

Рӯзҳои 8-11 августи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаҳои кушоди Осиё оид ба К-1 (кикбоксинг) шуда гузашт, ки дар он варзишгарони 12 давлати дунё ширкат варзиданд. Варзишгари тоҷик Боқиев Назир Нозимович – аъзои ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Боқиев Назир Нозимович таҳти роҳбарии устодаш Шоев Аслиддин Назриевич тамрин намуда, ба чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия оид ба намуди муатай шуда мегузарад, омодогии ҳамаҷониба дида истодааст. Мавриди қайд аст, ки Боқиев Назир Нозимович устоди варзиш буда, дорандаи камарбанди сиёҳ Дони 2 ва чемпиони 8-каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди варзиши ВТФ мебошад.

 
Аброр Гадомадов соҳиби ҷойи дуюм гардид

Солҳои охир дар Тоҷикистон яке аз намудҳои варзиш - муҳорибаи универсалӣ рушди бемайлон дорад. Месазад дар ин ҷода саҳми варзишгарони ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф намуд, зеро маҳз бо ибтикор, ташаббус ва кӯмаку дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов алъон варзишгарон ва дӯстдорони бозии мароқовари муҳорибаи универсиалӣ кам нестанд.

Чанде пеш дар вилояти Суғд дар байни варзишгарони Осиё мусобиқа аз рӯйи намуди муҳорибаҳои универсиалӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Яке аз динамочиёни ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Гадомадов дар мусобиқаи мазкур фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи дуюм гашта, бо сипоснома ва диплом сарфароз гардонида шуд. Айни замон Аброр дар таҳти роҳбарии устоди варзиш Назир Боқиев тамрин менамояд.

Аброр Гадомадов - устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зӯрозмоиҳои универсалӣ, ҷоизадори якчанд мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ буда, дар соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе оид ба зӯрозмоиҳои универсалӣ ва «Муай-Тай» иштирок намуда, ҷойи аввалро соҳиб гардид.

 
Умедвори ғалабаем!

Вазишгари номии тоҷик лейтенанти милитсия Мавзуна Чориева, мутахассиси ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ахиран дар Бозиҳои олимпии “Лондон-2012” шоми имрӯз дар рақобат бо ҳамтои чиноии худ Ченг Донг ғалаба карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Мавзуна мутаносибан аллакай барандаи медали биринҷии олимпӣ маҳсуб мешавад. Рақиби ахири Мавзуна Чориеваи 19-сола варзишгари 25-сола ва барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (2008, 2010), ғолиби Бозиҳои осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин (2010) ва барандаи медали биринҷии Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (2012, Уланбатори Муғулистон) буд, ки аз ҷониби варзишгари тоҷик бо натиҷаи 13 бар 8 мағлуб шуд. Ченг Донг, варзишгари чинӣ, нисбати Мавзуна Чориева 17 см баландтар буд, вале муштзандухтари тоҷик ба ин нигоҳ накарда зарбаҳояшро ба ҳадаф мерасонд. Ин нахустин иштироки занони муштзан дар таърихи бокс миёни занҳо аст. Мавзуна Чориева нахустин бонуи тоҷик аст, ки дар бозиҳои бонуфузи ин сатҳ ҳунарнамоӣ мекунад. Мавзуна дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 8-уми август бо варзишгари ирландӣ Кэти Тейлори 26-сола, қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии ҷаҳон, барои ба даст овардани медали тилло рақобат хоҳад кард. Ин вохӯрии дуюми Мавзуна Чориева ва Кэти Тейлор хоҳад буд. Бори аввал Кэти ва Мавзуна дар Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, дар Чин, дар даври ниманиҳоӣ моҳи май рақобат доштанд, ки ин қувваозмоӣ бо мағлубияти варзишгари тоҷик анҷом ёфт. Кэти Тейлор дар мусобиқоти мазкур, дар Чин бар варзишгари рус Софя Очигава ғолиб шуда, бори чаҳорум қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи бокс миёни занҳо шуд.



Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

8-уми август
Бокс. 18.00. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/2 финал).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқаҳо ба вақти Душанбе аст.

 
«Динамо»-чиён дар Олимпиадаи Лондон – 2012

Дар ХХХ-солагии бозиҳои Олимпӣ, ки рӯзҳои 27 июл то 12 августи соли 2012 дар шаҳри Лондон баргузор мегардад, аз ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 4 варзишгар дар намудҳои гуногуни варзишӣ баромад менамоянд.

 
Мусобиқа таҳти шиори «Солим - бе маводи мухаддир» оғоз гардид

Чуноне, ки қаблан иттило дода будем, дар толори «Динамо», маҷмааи Варзишии ба номи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи васеъ оид ба футболи хурд ва валейбол байни зиёда аз 24 дастаҳои футбол ва 12 дастаи валейбол аз вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ зери унвони «Солим - бе маводи мухаддир» оғоз гардид, ки варзишгарон барои дарёфти ҷоми «Вазири корҳои дохилӣ» байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, муовинони Вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсатҳо ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар кушодашавии мусобиқа қайд гардид, ки ин иқдоми Вазорати корҳои дохилӣ боиси дастгирӣ буда, он дар ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, пешгирии нашъамандӣ, беҳтар намудани қобилияти ҷисмонӣ ва солимӣ таъсири калон дошта, ҳамзамон барои муайян намудани чеҳраҳои нави варзиш, қобилияти баланди варзишӣ ва такмили варзиш дар ҷомеа нақши созгор хоҳад дошт.

Мусобиқаи футболи хурд ва валейбол барои дарёфти ҷоми «Вазири корҳои дохилӣ» дар ду марҳила то 20 феврали соли равон идома хоҳад ёфт, ки дар он пурқувваттарин дастаҳо байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

 
Чорабинии ҷашнии оташнишонон



Дар варзишгоҳи машқӣ-таълимии РХДО шаҳри Душанбе мусобиқаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши касбии оташнишонӣ дар байни ҷузъу томҳои гарнизонҳои хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнгирии 84-умин солгарди таъсисёбии ХДО баргузор гардид. Мусобиқаро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонбеков расман оғоз намуд. Мусобиқа байни дастаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла:

 
Ғолиби мусобиқаи байналмиллалӣ

Илми имрӯза ба таври оқилона исбот кардааст, ки яке аз воситаҳои бузургтарини пешгирӣ кардани бемориҳо ва устувор кардани нерӯи бадан баланд бардоштани қобилияти корӣ, серҳаракат будани ҷисм мебошад. Чи хеле, ки маълум аст, шиддатнокии асаб дар вақти норасоиҳои ҳаракат асоси инкишофи бемориҳои қалбу рагҳо мебошад. Ҳамин аст, ки дар мақомоти корҳои дохидӣ ба соҳаи варзиш аҳамияти хосса зоҳир карда мешавад. Аъзоёни дастаи яккачини «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолона иштирок намуда, шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Дар ин замина, чанде қабл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Осиё байни наврасон аз рӯйи намуди гӯштини юнону румӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур узви дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзхон Ҳасанов қувваозмоӣ намуда, ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардид. Ин ғолибияти аввалини ӯ набуда, Наврӯзхон Ҳасанов пирӯзиашро аз малакаю маҳорати устодаш Н.Назаров медонад.

 
Футболбозони навраси «Динамо» соҳиби ҷойи аввал гардиданд

Дар варзишгоҳи Спитамени шаҳри Душанбе аз 1-ум то 16-уми июли соли равон мусобиқа дар риштаи футболи тарзи озод бо иштироки 6 даста баргузор гардид. Тавре устоди варзиш В.Урунов изҳор намуд, аз дастаи кӯдаконаи ҷамъияти варзишии «Динамо»- и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ 2 дастаи варзишгарон дар мусобиқаи мазкур ширкат варзиданд. Дар ин қувваозмоиҳо ба варзишгарони дастаҳои «Динамо-1» ва «Динамо-2» муяссар гардид, ки ҷойи намоёнро ба даст оранд. Дар мусобиқаи мазкур, Ю.Меликов - сардори дастаи «Динамо-1»-и ВКД ва варзишгар С. Ашӯрмамадов, беҳтарин футболбози дастаи мазкур дониста шуданд. Ҷойи аввал насиби дастаи «Динамо-1» гардида, ҷойи дуюмро Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии мактаби футболи шаҳри Душанбе соҳиб шуд ва ҷойи сеюмро тими «Динамо-2»-и ВКД ишғол намуд. Дар фарҷоми мусобиқа бозингарони ғолиб сазовори Ҷом ва ифтихорномаҳо гардиданд.

 
Аслиддин ғолиби мусобиқа!

Дастпарварони ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ пайваста дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, боиси баланд гардидани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд. Ҳафтаи сипаригардида дар толори мактаби №54 шаҳри Душанбе мусобиқа аз рӯйи намуди таэк-вандо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа дастпарвари дастаи яккачини «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Аслиддин қувваозмоӣ намуда, дар вазни 59 кг ба гирифтани ҷойи аввал ва медали тилло сарфароз гардид. Ин пирӯзӣ барои Аслиддин бори аввал набуда, соли 2011 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ низ чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст. Аслиддин айни ҳол барои иштирок намудан дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ тайёрӣ дида истодааст.

 
Варзиш нерӯбахши бадан

Варзиши бадан қисми ҷудонашавандаи фарҳанги умумии инсоният, махзани бузурги мустаҳкам кардани саломатии мардум, баланд бардоштани қувваи ҷисмонӣ ва равонӣ мебошад. Масъалаи омодагии ҷисмонӣ ва варзиш дар сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои машғулиятҳои асосии тайёрии ҳарбӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ ба шумор меравад.

Ҳафтаи гузашта аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқа аз рӯйи намуди гӯштини миллӣ дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар вазнҳои гуногун иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

Аз Раёсати Қушунҳои дохилӣ М.Абдураҳмонов, аз Шӯрои ҷамъиятии «Динамо» С.Саидов, Р.Абдуллоев ва аз Хадамоти «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ М.Мирбуллоев қувваозмоӣ намуда, ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гаштанд. Ғолибони мусобиқа бо ҷомҳо, диплом, медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

 
Мусобиқаи варзишӣ байни ҷавонон

Мусобиқаи кушоди ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД оид ба гуштини тарзи Юнону-Римӣ байни наврасон бахшида ба ҷашни «Ваҳдати миллӣ» дар толори варзишии «Динамо»-и ВКД баргузор гардид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 10 даста, 180 нафар варзишгар ва мухлисони зиёди ин намуди гуштин иштирок намуданд. Дар натиҷа аз рӯи намуди холҳои даставӣ ҷои аввал насиби дастаи варзишгарони «Динамо», ҷои дуюм насиби мактаби №6 шаҳри Душанбе ва ҷои сеюм бошад насиби дастаи «Паҳлавонон» гардид. Ғолибони мусобиқа бошанд, дар фарҷоми чорабинӣ бо «Ифтихорнома»-ю «Сипоснома», Ҷому Медал ва тӯҳфаҳои хотиравии «Динамо»-и ВКД сарфароз гардонида шуданд. Ёдрас менамоем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федратсияи Россия 4-нафар варзишгарони «Динамо» иштирок намуданд, ки ду нафарашон ҷои аввал ва ду нафари дигараш ҷои дуюмро ишғол кардаанд.

 
Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба ҷашни «Ваҳдати миллӣ» байни ҷузъу томҳои ВКД

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри рушди варзиш ва ба камол расонидани варзишгарони ҷавон дар байни кормандони мақомоти милитсия ва умуман шаҳрвандони кишвар пайваста мусобиқаҳои сатҳи гуногунро ташкил намуда, мегузаронад. Тӯли ҳафтаи сипаришуда мусобиқаи футболи хурд бахшида ба ҷашни «Ваҳдати миллӣ» гузаронида шуд, ки дар ин чорабинии варзишӣ кормандон аз тамоми Сарраёсату Раёсатҳо ва ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзида, байни ҳамдигар бозӣ намуданд. Дирӯз бошад ин мусобиқа ҷамбаст карда шуд, ки дар натиҷа, ҷойи ифтихории аввал насиби дастаи футболбозони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, ҷойи дуввум бошад, насиби бозингарони Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва ҷойи сеюмро Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД соҳиб гаштанд. Дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ ғолибони озмун аз ҷониби муовини аввали раиси ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД бо ҷому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ин чорабиниҳо баҳри тарбияи варзишгарони ҷавон дар сафи кормандони мақомоти милитсия мусоидат хоҳад кард.

 
Мусобиқаи варзишӣ байни мақомотҳои қудратии кишвар

Аз 10 то 25 июни соли ҷорӣ мусобиқа оид ба намудҳои варзиши футбол, валейбол, гурзбардорӣ, тирпаронӣ ва давидан ба масофаи 3000 метр барои ба даст овардани Ҷоми Фармондеҳи Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15-умин солгарди «Ваҳдати миллӣ» баргузор гарид. Дар мусобиқаи мазкур аз ҳамаи мақомотҳои қудратӣ аз намуди варзиши валейбол 7 даста иштирок намуда ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд. Ҷои якум насиби дастаи Кумитаи Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюм насиби дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои сеюм бошад насиби дастаи валейболбозони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ гардид. Ҳамзамон дар мусобиқа оид ба гурзбардорӣ лейтенанти калони хизмати дохилӣ Мерганов Карим аз ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД соҳиби ҷои якум гардида, сазовори Ҷоми Фармондеҳи Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гардид. Дар намуди варзиши тирпаронӣ Дастаи таъиноти махсуси милитсия ҷои дуюмро сазовор гардид. Дар намуди варзиши футбол бошад, футболбозони дастаи Хадамоти «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар байни дигар дастаҳо маҳорати хуб нишон дода соҳиби мукофотҳо гардиданд.

 
Ғолибияти «Динамочиён» дар муҳорибаи намуди муай-тай

Рӯзҳои 2-3-юми июни соли равон дар маҷмааи варзишии Вазорати алоқа дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ байни калонсолон аз рӯйи намуди «Муай-Тай К1» баргузор гардид. Дар баробари дигар варзишгарон, аъзоёни дастаи яккачини ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи бозиҳои даставӣ оид ба намуди «Муай-Тай К1» рақобатҳои даставӣ қувваозмоӣ карданд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4266373
ИмрӯзИмрӯз1814
МоҳМоҳ13610
ХамагиХамаги4266373

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.