Анвар Юнусов соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардид

Анвар Юнусов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Лейтенанти калони милитсия Анвар Юнусов айни замон дар ҳайати Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намуда, саъю кӯшиш менамояд, ки ҳамчун муштзани касбӣ обрӯ ва шаъну шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад. 

 
Дастаи «Динамо»-и ВКД «Ҷоми шаҳрдорӣ - 2016» - ро ба даст овард

Аз 18-уми май то 06-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстию ватанпарастӣ, рушду инкишофи бозии футбол дар пойтахт ва бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба футболи хурд байни кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳои хоҳишманд барои дарёфти  «Ҷоми шаҳрдорӣ - 2016» идома дошт. 

Дар ин мусобиқа 26 дастаи футболбозон байни ҳам рақобат доштанд.   

Имрӯз, дар майдончаи варзишии кӯчаи Маяковскии пойтахт даври ниҳоии ин мусобиқа баргузор гардид, ки дастаҳои «Динамо»-и ВКД ва Вазорати тандурустӣ байни ҳам бозӣ намуданд. Дар ин сабқат футболбозони дастаи «Динамо» аз лаҳзаи аввал ба ҳуҷум гузашта, аллакай дар дақиқаи дуюм ҳисобро кушоданд.

 
Дастаи «Динамо» ғолиби мусобиқаи «Футболи хурд»

Имрӯз (30.05.с.2016), дар майдончаҳои сунъии Варзишгоҳи Марказӣ даври ниҳоии мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» миёни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.

 
Мусобиқаи футбол миёни наврасон

Бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «футбол» байни наврасон ва кӯдакон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 8 дастаи футболи намояндагони ташкилот ва идораҳои давлатии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуда, хеле бозии хуб нишон доданд.

 
Таҷлили ҳаракати динамочиён дар Озорбойҷон

Ҳафтаи сипаригардида дар пойтахти Ҷумҳурии Озорбойҷон шаҳри Боку чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 90-солагии таъсисёбии ҳаракати динамочиён ва 15-солагии Ҷамъияти варзишии ВКД Ҷумҳурии Озорбойҷон баргузор гардиданд, ки дар он намояндагони ҷамъиятҳои варзишии давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Булғористон, Латвия ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ҷамъияти варзишии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳо муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» майори милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ намояндагӣ намуд.

 
Гуштини миллӣ дар Язгулом

Имрӯз (21.05.с.2016), бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва райъпурсии умумихалқӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Гуштини миллӣ» оғоз гардид.

Барои иштирок ва ҳаводорӣ дар ин мусобиқа аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ гуштингирон, хоҳишмандон ва мухлисони ин намуди варзиш ҷамъ омаданд.

 
Мусобиқаи «Пойгаи аспдавонӣ» дар ноҳияи Данғара

Имрӯз (21.05.с.2016) дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Раъйпурсии умумихалқӣ мусобиқаи варзишии аспдавонӣ дар масофаи 1200 метр таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ поянда бод!» баргузор гардид.

 
Муайян гардидани ғолиби Шоҳҷоиза

Дар идомаи мусобиқаи варзишии «Гуштини миллӣ» дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ғолибони дигар вазнҳо низ муайян шуданд.

 
Динамочиёни наврас ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Таэквондо (WTF)

Чи хеле қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 12-13-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи Президент – 16-уми ноябр» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Таэквондо (WTF) байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2004 ва кӯдакони таваллудашон 2005-2009 идома дошт.

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми ноябр аз миёни наврасону кӯдаконе, ки ба даври ниҳоӣ баромада буданд, ғолибон аз рӯи вазнҳои алоҳида муайян гардиданд.

 
ЭЪЛОН ОИД БА БАРГУЗОРИИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ ДАР ЯЗГУЛОМ- ШОҲҶОИЗА АВТОМАШИНАИ САБУКРАВ

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми майи соли 2016, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва райъпурсии умумихалқӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Гуштини миллӣ» баргузор мегардад.

Ҷавонон баҳри дӯстию меҳр ба Ватану миллат бо якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи хонадони ҳар як сокини кишвар тӯҳфа менамоянд.

Тамоми хоҳишмандон ва мухлисони ин намуди варзиш барои иштирок ва ҳаводорӣ дар ин мусобиқа даъват карда мешаванд.

Ба ғолиби мусобиқа Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави хориҷӣ  тақдим карда мешавад.

Телефонҳо барои маълумот: 93-922-44-24, 236-31-66, 236-22-37, 93-922-23-63, 223-05-61

 
Мусобиқаи «Пойгаи аспдавонӣ» дар минтақаи Рашт

Мусобиқаи аспдавонӣ аз намуди варзиши миллӣ буда, таърихи қадима дорад. Он аз варзишгар маҳорати баланду чусту чолокӣ ва чобукиро талаб менамояд. 

 
Чорабинии ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар боғи «Дӯстии Халқҳо»

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, дар боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии Халқҳо», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабинии ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот таҳти унвони «Шоҳмот барои таҳкими нерўи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ» ва аксияи ҷавонон таҳти унвонии «Парчами миллӣ – ифтихори ман» баргузор гардид.

 
Кормандони милитсия дар Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд

Рӯзи 15.05.с.2016, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзишӣ дар шаҳри Душанбе, Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.

Дар Дави миллӣ зиёда аз 40 ҳазор шаҳрвандон иштирок намуданд. Хати дав дар ду марҳила баргузор гардида, марҳилаи аввал аз маҳаллаи Чорбоғ то кӯчаи Карамов дар масофаи 5 ҳазор метрро дар бар гирифт. Марҳилаи дуюм аз кӯчаи Карамов оғоз ёфта, то мавзеи “Наврӯзгоҳ” анҷом ёфт.

Зиёда аз 190 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ дар ин чорабинии муҳими варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон мукофотҳо пешбинӣ гардида буд.

Ғолибони дави миллӣ бо тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе низ сарфароз гардиданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия

 
Рашт: Мусобиқаи шоҳмот ва «Тақсимоти парчам» дар фазои идона баргузор гардид

Тибқи Нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони 5 ноҳияҳои минтақа: Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва шаҳраки Ғарм мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» ва аксияи «Тақсимоти парчам» баргузор гардид.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3859655
ИмрӯзИмрӯз2011
МоҳМоҳ10159
ХамагиХамаги3859655

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.