Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ҷамъбаст гардид

Имрӯз дар толори «Динамо», маҷмааи Варзишии ба номи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа оид ба футболи хурд ва волейбол таҳти шиори «Солим- бемаводи мухаддир» байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз санаи 16 январ то 9 феврали соли равон давом кард, ҷамъбаст гардид.

Рафти мусобиқаро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҷурахонов С.Қ., Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Неъматов, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулматшоев Р.К. ва сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ назора намуданд.

 

 
Мусобиқаи футболи хурд

 Бахшида ба муносибати хотирдошти бозингари беҳтарини собиқ дастаҳои футболбозони «Помир», «Вахш», «Иригатор» Александр Кирснов аз санаи 7-ум то 30-юми  декабри соли 2012, байни 18 даста футболи хурд доир гардид.

Бозии футбол дар ду марҳила, марҳилаи якум аз синни 40-сола боло миёни 6-даста ва марҳилаи дуюм аз синни 45-сола боло байни 12 даста баргузор гардид. Дар ин бозиҳои футболи хурд дастаҳои футболбозони «Динамо» ва Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ бо дигар дастаҳои футболбозони ҷумҳуриявӣ қувваозмоӣ намуданд.

 

 

Дар ин рақобати варзишӣ барои соҳиб шудан ба ҷоми ифтихории бозии футболи хурд дар марҳилаи якум дастаи футболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби ҷойи дуюм ва дар марҳилаи дувуми бозӣ, ки варзишгарони аз 45-сола боло қувваозмоӣ менамуданд, дастаи Дастгоҳи марказии ВКД бо дастаи футболбозони Бонки Миллӣ ба даври ниҳоӣ баромад, ки дар ин бозӣ низ ба дастаи Дастгоҳи марказии ВКД ҷойи 2-юм насиб гардид.

Дар фарҷоми бозиҳо ҳамаи дастаҳои иштирок намуда аз ҷониби Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бо ҷому ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.

 
Мусобиқаи «Кикбоксинг»

Рӯзҳои 24-25 ноябри соли 2012 дар Маҷмааи Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ-варзишии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди кикбоксинг шуда гузашт. Дар ин мусобиқа зиёда аз 20 нафар варзишгарон аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз он ҷумла, дар вазни 54 кило Раҳимов Шеравган соҳиби ҷойи дуюм, дар вазни 57 кило  Авғонов Алишер соҳиби ҷойи якум ва дар вазни 63 кило Шоев Фазлиддин соҳиби ҷойи якум, Раҳмонов Баҳром соҳиби ҷойи дуюм ва Азизов Шуҳрат соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар вазни 67 кило бошад, ҷойи сеюм насиби Нуров Ёқуб гардид. Дар вазни 75 кило Гадомадов Аброр соҳиби ҷойи якум ва Ризоев Беҳруз соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар вазни 86 кило Боқиев Назир сазовори ҷойи якум, Некрузи Саидвалӣ сазовори ҷойи дуюм ва Пирумшоев Шодмон сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар вазни 91 кило бошад, Ҳамзаев Сорбон сазовори ҷойи сеюм гардид. Ғолибон бо диплом, Ифтихорнома, Сипоснома, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сазовори унвони устоди варзиш гардиданд. Сардори Қисми навбатдории Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД подполковники милитсия Шаймурадов Зафар Иноятович бо унвони «Довари беҳтарин» сазовор гардид. Дар намуди даставӣ Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ тими беҳтарин дар мусобиқаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон оид ба «Кикбоксинг» ва «Ориентал» дониста шуд.  

Маҳбуба Гулова, майори милистия.

 
Мусобиқаи футбол бахшида ба Рӯзи Парчами Миллӣ

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди варзиш ва ба камол расонидани варзишгарони ҷавон дар байни кормандони мақомот ва умуман шаҳрвандони кишвар пайваста озмуну мусобиқаҳои сатҳи гуногунро ташкил менамояд.

Аз санаи 29-уми октябр то 23-юуми ноябри соли ҷорӣ мутобиқи тартиби баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба муносибати ҷашнгирии рӯзи парчами миллӣ мусобиқаи васеъи варзишии футбол байни дастаҳои  Сарраёсату Раёсатҳои дастгоҳи марказиву Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

 

 
Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои тан ба тан

Дар санаи 9 то 12 ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати сеюми ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои тан ба тан баргузор гардид. Дар ин мусобиқа бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аз дастаи яккачини «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии «Динамо» майори милитсия Шоев Аслиддин, 6-нафар варзишгарон иштирок варзиданд. Дар мусобиқа 2-нафар «Динамочиён» Акмалҷони Юсуфзода дар вазни 57 кило ва Маҳмадраҷаби Айёмиддин дар вазни 60-кило сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи муҳорибаҳои тан ба тани ҷаҳонӣ варзишгарон аз 28 давлати дунё қувваозмоӣ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди даставӣ ҷойи шашумро ишғол намуд. Ғолибони мусобиқа бо диплом, Ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд.

Гулова М., майори милитсия

 
Маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз, (13.03.с.2014) дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва муовини Раиси шаҳри Кӯлоб, Неъматов Рустам Ҳакимович маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои кушоди даставӣ оид ба намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, варзиши сабук, шоҳмот ва шашка бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии Наврўз» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин муовини  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимова Марҳабо Латиповна, муовини аввали Кумита оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсов Ҷумахон ва намояндагони Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо (САҲА), Федератсияҳо оид ба футобол ва волейбол, иштирок намуданд.

 
Мусобиқаи «Тенниси рӯи миз» байни кормандон-занҳои ВКД

Бахшида ба ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ байни кормандон-занҳои мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба намуди «Тенниси рӯи миз» дар толори варзишии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 8 даста аз Сарраёсатҳои таҳлилӣ-иттилоотӣ, оташнишонӣ, Раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ташхиси криминалистӣ, қӯшунҳои дохилӣ, кофтукови ҷиноӣ, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», ҷамъияти варзишии «Динамо» ва дигар шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат иштирок намуданд. Ҷойи якум насиби дастаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷойи дуюм насиби дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва ҷойи сеюм насиби дастаи ШАОИ Вазорати корҳои дохилӣ гардид. Аз рӯи ҳисоби шахсӣ сазовори ҷойи якум Зинатшоева Зебо аз ШАОИ ВКД, ҷойи дуюм Хусравова Мавҷуда аз Раёсати таҳқиқи ВКД, ҷойи сеюм Гарданшоева Ш. аз СМИТ-и ВКД ва ҷойи чорум Шоҳакимова Мафтуна аз ҷамъяити варзишии «Динамо» гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо Ҷомҳо, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

 
Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба 10-солагии СААД

Рӯзҳои 21 то 25 октябри соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 10-солагии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) мусобиқаи байналмилалӣ оид ба якҳарбаҳои шарқӣ байни кормандони воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратии давлатҳо-аъзои СААД  баргузор гардид.

 
Дастаи футболбозони «Дастгоҳи Марказии ВКД» дастболо гардид


Мутобиқи Низомномаи Федератсияи Футболи шаҳри Душанбе, аз 3-юм то 14-уми октябри соли равон мусобиқа байни дастаҳои собиқадорон оид ба футбол баргузор гардид. Дар мусобиқа 8-даста яъне дастаҳои «Регар–Тадаз», «Авиатор-Душанбе», «Локомотив-Душанбе», «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, «Динамо»-и Душанбе, «Ҳафт Бурҷ»-и Душанбе, «Равшан»-и Кулоб ва Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ қувваозмоӣ намуданд.

 
Дастаи волейболбозони «Динамо» - соҳиби Ҷоми мусобиқа

Бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аз санаи 17-ум то 20 сентябри соли 2012 бахшида ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ мусобиқаи волейбол байни ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва дастаи яккачини «Динамо» шуда гузашт. Дар ин мусобиқа зиёда аз 23-даста ширкат варзида қувваозмоӣ намуданд. Дастаҳо ба зергурӯҳи «а» ва «б» тақсим шуда буданд. Дастаи яккачини «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамаи даврҳо ғолиб баромада дар бозии финалӣ бозиро бохт ва сохиби ҷойи дуюм гардид. Ҷойи якум бошад, насиби дастаи волейболбозони «Динамо»-и ШВКД дар нақлиёти вилояти Суғд гардид.

 

 

 
Мусобиқаи гуштин байни мақомотҳои қудратии кишвар

Бахшида ба муносибати 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати ду рӯз дар маҷмааи варзишии «Динамо» -и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи васеъ оид ба гуштин байни кормандони мақомоти қудратии кишвар доир гардид, ки дар он пурқувваттарин варзишгарон аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат қувваозмоӣ намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

 
Мавзуна Чориева медали аввалини олимпиро ба Тоҷикистон овард

Мутахассиси ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ лейтенанти милитсия Мавзуна Чориева, ахиран дар Бозиҳои олимпии “Лондон-2012” дар вазни то 60 кило дар бозиҳои нимфиналӣ бозиро бо рақибаш Кети Тейлор бохт, вале ба Ҷумҳурии Тоҷикистон медали аввалини олимпиро ворид намуд.

Дар муҳорибаи шадид дар ринг бозӣ ба фоидаи муштзани ирландӣ, чемпиони чоркарата ва феълии ҷаҳон бар ҳисоби 17:9 анҷом ёфт. Ба гуфти шореҳони варзиш, дар муҳориба бо Кети Тейлор Мавзуна нишон дод, ки ӯ аз «даҳгонаи беҷуръатон» нест. Ва ҳатто дар айни бозӣ ҳарифаш, ки чашмдори чунин ҳамлаҳо набуд, якчанд маротиба худро гум кард.

Медали биринҷӣ айни замон ягона медали дастаи олимпии Тоҷикистон аст. Дар пеш навбати баромади гуштингирони тарзи озод аст. Рӯзҳои 10-12 август дар Лондон аз Тоҷикистон гуштингирони тарзи озод Юсуф Абдусаломов, Зелимхан Юсуфов, Искандари Рустам ва Николай Ноев баромад мекунанд.

Рӯзҳои 10-11 август аз намуди таэквондо Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов баромад хоҳанд кард. Бояд қайд кард, ки Алишер Гулов низ мутахассиси ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ буда, аввалин маротиба дар бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад.

 
Мусобиқаи футболи хурд байни наврасон

Аз санаи 1-ум то 31-уми августи соли равон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба «Футболи хурд» байни дастаҳои футболбозони навраси соли таваллудашон 1999-2000 баргузор гардид.

 
Ҷамшед Мавлонов - сазовори ҷойи якум ва медали тилло

Чанде қабл нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ лейтенанти калони милитсия Мавлонов Ҷамшед Сафаралиевич дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба намуди якҳарбаи омехта, ки дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон шуда гузашт, (дар вазни 76 кило) ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал ва медали тиллои ин мусобиқа гардид. Мавлонов Ҷамшед Сафаралиевич 11 апрели соли 1987 таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, аз хурди бо варзиш шавқу рағбати зиёд дорад.

Ҷамшед устоди варзиш ва чемпиони чоркаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳориба дар ринг дар намудҳои омехта мебошад. Мавлонов Ҷамшед Сафаралиевич айни замон ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаҳои омехта, ки 25 августи соли равон дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ мебинад. Ӯ дар сӯҳбат бо мо изҳор намуд, ки «Ин дафъа низ кӯшиш менамоям, ки бо сари баланд ба Ватан баргардам».

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4266458
ИмрӯзИмрӯз1899
МоҳМоҳ13695
ХамагиХамаги4266458

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.