Динамочиён ба Ватан се медали тилло ва се нуқра оварданд

Аз 9-ум то 12-уми сентябри соли равон дар шаҳри Эскишеҳири Давлати Туркия мусобиқаи байналмилалӣ байни кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар бахши дзюдо ва биатлон баргузор гардид, ки аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 10 нафар варзишгар дар ин мусобиқа ширкат варзиданд.

Варзишгаронро субҳи имрӯз дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мухлисони зиёд бо оркестр ва гулчанбарҳо пешвоз гирифтанд. 

 
Ғолиби мусобиқа - дастаи волейболбозони РВКД дар ВМКБ

Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар байни сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи волейболбозон доир гардид. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа байни 20 даста қувваозмоӣ сурат гирифта, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Дар рафти чорабинӣ мушоҳида гардид, ки  варзишгарони дастаи РВКД дар ВМКБ назар ба дигар дастаҳо натиҷаҳои хубро нишон доданд, ки омодагии онҳоро бори дигар собит сохт.

 

 

 
Ҷоми мусобиқа насиби дастаи Раёсати қушунҳои дохилӣ гардид

Бахшида ба санаи таърихӣ ва фараҳбахш – 22-юмин солгарди Истиқлолияти кишвар дар тамоми ҷузъу томҳои  мақомоти корҳои дохилӣ чорабиниҳои идона, бахусус мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешавад.

Аз ҷумла,  дирӯз дар варзишгоҳи  «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобикаи гуштини дзю-до анҷом ёфт.

 

 

 

 
Мусобиқаи волейбол бахшида ба ҷашни Истиқлол

Тибқи Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич аз 27-уми август то 8-уми сентябри соли равон бахшида ба 22-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар майдони «Спитамен»-и Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» байни ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи волейбол идома дорад.

Дар он 20 даста аз ҷузъу томҳои ВКД дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номнавис гардида, айни замон марҳалаи даврии бозӣ дар гурӯҳҳо ҷараён дорад.

 

 
Ғолибияти динамочиён дар мусобиқаи байналмилалӣ

Аз 23-юм то 25-уми августи соли равон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии гӯштин аз намуди комбат-айкидо баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 8 нафар дастпарварон аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, Аброр Гадомадов, соли таваллудаш 1995 дар муҳорибаи комбат-айкидо дар вазни 75 кило ба гирифтани ҷойи аввал ва дар самбои муҳорибавӣ ба гирифтани ҷойи дуюм шарафёр гардид.

 

 
«Динамочиён»-и наврас аз Тайбэе бо медали тилло баргаштанд

Ҳафтаи равон дар музофоти Тайбэеи Ҷумҳурии Халқии Хитой мусобиқаи Осиё байни ҷавонону наврасон оид ба варзиши кураш баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарон аз 46 давлати дунё байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Аз Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар вазни 46 кило Муҳаммадраҳим Сарахонов ва дар вазни 77 кило Хуршед Маҷидов баромад намуда, ба ҳарифони худ пирӯз гардида, соҳиби ҷойи аввал ва сазовори медали тилло гардиданд.

 
Парвиз Собиров бо медали тилло ба Ватан баргашт

Боиси хурсандист, ки варзишгари тоҷик - мураббии дастаи қисми низомии 5453 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Собиров Парвиз Одинахонович дар бозиҳои IV осиёгӣ, ки аз 28-уми июн то 6-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Ичхони Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ бо иштироки намояндагони 45 давлати қитъаи Осиё баргузор гардид, дар мусобиқаи гуштини тарзи «Кураш» дар вазни беш аз 90 кг сазовори ҷойи аввал гардида, бо медали тилло ба Ватан баргашт.

Мавриди зикр аст, ки Парвиз Собиров дастпарвари Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, чандин маротиба байрақи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштааст.

Хусрав Солеҳов, майори милитсия

 
Эълон: Мусобиқаи футбол бахшида ба Рӯзи ҷавонон. Шоҳҷоиза - автомобили сабукрав!

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи футбол оид ба дарёфти «Ҷоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд, ки дар он дастаҳои ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд. Барои ғолиби дастаи футбол дар мусобиқа  Шоҳҷоиза - автомобили сабукрав пешбинӣ шудааст.

Дархостҳо то соати 15:00 санаи 9 майи соли 2013 аз ҷониби ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ қабул карда мешаванд. Телефонҳо барои тамос:  221-32-81, 227-65-43, 919-41-13-13, 907-90-47-71

 
Чорабинии варзишӣ оид ба оташнишонӣ

Дар варзишгоҳи машқӣ-таълимии РХДО шаҳри Душанбе мусобиқаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши касбии оташнишонӣ байни ҷузъу томҳои гарнизонҳои хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашнгирии 85-умин солгарди таъсисёбии ХДО, баргузор гардид.

Мусобиқаро муовини вазири Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шамбиевич расман оғоз намуд. Мусобиқа байни дастаҳо аз рӯйи намудҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла:

 

 
Мусобиқа бахшида ба Иди «Ваҳдати миллӣ»

Ҳафтаи равон дар ноҳияи Ҷабор Расулов бахшида ба Иди «Ваҳдати миллӣ» мусобиқаи вилояти Суғд оид ба муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади муайян намудани варзишгарони бомаҳорат барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои байналмиллалӣ гузаронида шуд.

Дар ин мусобиқа аз дастаи «Динамо»-и ВКД дар вазни 65 кило Азизов Шуҳрат соҳиби ҷойи аввал ва дар вазни 60 кило бошад, Пироншоев Шодмон сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки ин варзишгарон таҳти роҳбарии Шоев Аслиддин – муовини аввали Раиси Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ машқу тамрин намуда, аъзои дастаи яккачини «Динамо» оид ба муҳорибаҳои тан ба тан мебошанд.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия

 
Анҷоми мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ»

Аз сана 22 май то 22 июни соли равон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи футболи хурди «Ҷоми шаҳрдорӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ 16 даста аз вазорату кумита ва идораҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар бозии финалӣ дастаи «Динамо»-и ВКД бо дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, бозиро бохт.

 

 
Ҷамъбасти мусобиқаи футбол ва футболи хурд барои дарёфти Шоҳҷоиза автомашинаи «Хундай-Аксент» ва «Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон»

Рӯзи 14.06.с.2013 мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футбол ва футболи хурд бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави тамғаи «Хундай-Аксент» ва «Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол», ки дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ тӯли як моҳ давом кард, ба анҷом расид.

Дар чорабинии варзишӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Орипов Н.М., муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев К.Ҷ., директори генералии ҶСП «Фароз» Қосимов А.А. ва дигар меҳмонон ва варзишгарони варзида иштирок намуданд.

 
Мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Ашт

Ҳафтаи равон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол дар байни  синну соли 1990-1997 баргузор гардид. Дар ин мусобиқа дастаҳо: аз шаҳри Душанбе (2-даста), «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, вилояти Суғд, ноҳияи Ашт, ноҳияи Ҷиргатол, вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзиданд. Дар ин бозӣ дастаи «Динамо»-и ВКД бо дастаи «Бадахшон»-и ВМКБ қувваозмоӣ намуда, бар ҳисоби 3 бар 1 бозиро бохт.

 

 

 
Варзишгардухтари ВКД қаҳрамони Осиё шуд

Сержанти калони милитсия Фотима Мирзоахмедова бо вуҷуди ҷавон буданаш борҳо ғолиби мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ гардидааст. Аммо, пирӯзие, ки ин ҷавондухтари милитсионер дар Чемпионати Осиё оид ба таэквандо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овард, ба номи ӯ чун корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон шуҳрати дубора зам кард.

Дар ин чорабинии қитъавӣ, ки рӯзҳои 7-9 июни соли 2013 дар ҳамсоякишвари мо доир гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 17 нафар муаррифӣ карданд. Аммо, Фотима ягона нафаре буд, ки аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД намояндагӣ намуд.

 

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4266286
ИмрӯзИмрӯз1727
МоҳМоҳ13523
ХамагиХамаги4266286

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.