Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ ҷамъбаст мегардад

Тавре қаблан иттило дода будем, дар Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ аз 21 январи соли ҷорӣ идома дошта, имрӯз ҷамъбаст мегардад.

 

 

 
Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ идома дорад

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич аз 21 январи соли ҷорӣ то охири моҳи феврал дар маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ идома дорад.

Дар мусобиқаи мазкур, 42 даста (16 даста аз синни 35-сола боло ва 26 даста то синни 35-сола) байни ҳам қувваозмоӣ намуда, бозингарон бо ҷушу хуруш ва шавқу рағбат барои ба даст овардани ғолибият ҷаҳду талош меварзанд.   

 

 

 
Варзишгарони ШҶ «Динамо» аз Ханти-Мансийски Россия бо ду медал баргаштанд

Дар маҷмааи Маркази рушди варзиши тенниси Ханти-Мансийски Федератсияи Россия мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон оид ба муштзанӣ (бокс) байни кишварҳои дорои нафтӣ, ки аллакай чун анъана чандин сол аст гузаронида мешавад, дар сарзамини Югори ин минтақа баргузор гардид.  Дар ин зӯрозмоии бахшида ба хотири Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов, муштзанони тоҷик иштирок намуда, соҳиби ду медал гардиданд.

 
Мусобиқаи футбол барои гиромидошти хотири Александр Кирсанов

Аз санаи 12-ум то 26-уми декабри соли 2013 дар Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба гиромидошти хотираи футболбози моҳири Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Кирсанов мусобиқаи анъанавии футболи хурд байни ҷавонон ва собиқадорон баргузор гардид. Дар бозиҳо 29 дастаи футбол қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур аз рӯи се дараҷаи синну сол: то синни 35-сола, аз 35 то 45-сола ва аз 45-сола боло сурат гирифт. Футболбозони дастаҳо ҳунарнамоии хуб нишон дода, бозиҳоро хеле шавқовар гузарониданд. Бозиҳои мазкур мухлисону тамошобинони зиёдеро ба худ ҷалб намуданд.

 
Теъдоди варзишгарони ҷавон меафзояд

Рӯзи гузашта бахшида ба пешвози 80-солагии Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо» байни ҷавонону наврасони солҳои таваллуди 1998-2002, гуштини тарзи юнонӣ-румӣ бо иштироки 74 варзишгари наврас дар 15 вазн (аз 20 то 63 килограмм) баргузор гардид.

 

 

 

 
Ғолибияти варзишгарон дар муҳорибаҳои ҷанги дастӣ

Ҳафтаи сипаригардида дар маҷмаии варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон турнири кушод оид ба муҳорибаҳои ҷанги дастӣ барои дарёфти Ҷоми Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи муҳорибаҳои ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавии шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар ин мусобиқа аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, ҳамчунин зиёда аз 14 даста аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Ҳамзамон дар мусобиқаи мазкур варзишгарони Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

 
Дастовардҳои варзишгарони «Динамо» дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка

Хушбахтона солҳои охир сафи варзишгарон дар намудҳои гуногуни варзишӣ зиёд гашта, ба ин соҳа аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ҳамасола дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ баромад намуда, бо маҳорати баланди касбии худ ҳарифонро мағлуб намуда, обрӯ ва шарафи кишварамонро баланд мебардоранд. Албатта, дар ин ҷода хизмати мураббиён, устодони варзиш шоёни таҳсин аст, зеро баҳри омода намудани ин ё он шогирд онҳо тамоми донишу малака ва маҳорати устодии худро ба харҷ медиҳанд.

 

 
Ғолибияти «Динамочиён» дар мусобиқаҳои гуногун

Дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 ноябри соли равон муҳорибаҳои бидуни қоида баргузор гардид, ки дар он варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, дар вазни 75 ва 45 килограмм Гадомадов Аброр ва Фахриддини Давлатмурод сазовори ҷойи якум гашта, дар вазни 63 ва 55 килограмм бошад, варзишгарон Пирумшоев Шодмон ва Шодмони Баҳромзод ҷойи дуюмро ишғол намуда, медалҳои тилло ва нуқраро ба даст оварданд.

Ҳамчунин аз санаи 22-юм то 24 ноябри соли равон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ байни 10-даста аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ оид ба гуштини тарзи юнону румӣ доир гардид. 

 
Мусобиқаҳои варзишӣ дар ДТММ РВКД дар вилояти Суғд

Дар партави ҳидоятҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ., баҳри тарғиби варзиш дар байни ҳайати шахсӣ, бо ташаббуси роҳбарияти Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва шӯрои ҷамъияти варзишии «Динамо»-и минтақа, бахшида ба солгарди қабули Сарқонуни мамлакат ва Иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ «Рӯзи милитсия» мусобиқаи варзишӣ доир намуданд. Мусобиқаи мазкур 5 намуди риштаи варзиш – ресмонкашӣ, давидан дар масофаи 100 метр, сангбардорӣ, гуштини «Санбо» ва футболи хурдро фаро гирифта, байни ротаҳо ва хадамотҳои даста сурат гирифт.

 

 

 
Футболбозони собиқадор

Аз 28-уми сентябр то 3-юми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе, Чемпионати кушод оид ба футбол байни собиқадорон идома ёфт, ки дар он 6 даста аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ин мусобиқа зиёда аз як моҳ идома ёфта, дар он дастаҳои «Спартак»-и шаҳри Ваҳдат, «Динамо»-и ш.Душанбе, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Авиатор» ва «Тоҷикнашр»-и пойтахт ва Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

 

 
Ғолибони мусобиқаи футболи хурд муайян гардиданд

Тибқи фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. аз санаи 23-юми сентябр то 23-юми октябри соли 2013 дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД бахшида ба рўзи «Иди милитсия» мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, ки дар он 25 даста иштирок доштанд.

Дар давоми як моҳ футболбозони дастаҳо ҳунарнамоии хуб нишон дода, мухлисони зиёдеро ба худ ҷалб сохтанд. Дар охир танҳо 4 дастаи пурқувваттарин ба бозиҳои нимфиналӣ роҳ ёфтанд.

 
Пиёда тай намудани 71 километр роҳ

Боиси хушнудию сарфарозист, ки Сарвари давлат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба соҳаи варзиш ва тарзи ҳаёти солим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда,  варзишгаронро ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Дар ШҶ «Динамо» кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста машқу тамрин намуда, худро обутоб медиҳанд ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ баромад намуда, ба натиҷаҳои  назаррас ноил мегарданд.

Рӯзи 14-сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Иди Истиқлол ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ду корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз назди бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе то истироҳатгоҳи «Сайёд»-и ноҳияи Данғара бо тарзи давидан масофаи 71 километрро тай намуданд.

 
Ҷавонони умедбахш

Санаи 16 то 21 - уми сентябри соли 2013 дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи Авруосиё оид ба намудҳои гуштини тарзи юнону румӣ, самбо ва кураш баргузор гардид, ки дар он 83 нафар варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Белоруссия, Россия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ба ин муносибат муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Орипов Нурилло Маърифхонович варзишгарони ҷавонеро, ки дар ин мусобиқа иштирок доштанд, ба ҳузур пазируфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ҳамчунин варзишгарони ШҶ «Динамо», ки чанде қабл аз давлати Туркия бо сари баланд ва гирифтани ҷойҳои намоён баргаштанд, аз ҷониби муовини аввали Вазир пазируфта шуданд.

 
Дастаи «Динамо», «Золи Зар»-ро се бар як мағлуб намуд

Ҳафтаи равон дар майдони варзишии ноҳияи Фархор бахшида ба Иди истиқлолияти давлатии кишвар бозии рафиқонаи футбол байни дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва дастаи «Золи Зар»-и ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Бозии рафиқона бо шавқу шӯр ва кӯшишу талоши ҳарду ҷониб барои ғалаба сурат гирифта, барои мухлисони футбол хотирмон гардид. 

Дар ин вохӯрии рафиқона  дастаи «Динамо» ба дарвозаи ҳарифи худ се туп ворид намуда, ба ҳисоби 3:1, дастаи «Золи Зар»-ро мағлуб намуд.   

Аз ҷониби Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни бозӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ, диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва медалҳо тақдим карда шуд.

Гулова М.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4623393
ИмрӯзИмрӯз2318
МоҳМоҳ91502
ХамагиХамаги4623393

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.