Мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд

Аз 22 то 25-уми майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди варзишии байналмиллалӣ оид ба намудҳои гуштини тарзи «Дзю-до», «Самбо» ва «Самбои размӣ» баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 10 нафар аъзоёни дастаи яккачини Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

 
Ғолибияти дастаи ВКД дар мусобиқаи тирпарронӣ

28 майи соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 15-солагии таъсисёбии Агентӣ мусобиқаи тирпарронӣ байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ баргузор карда шуд, ки дар он нӯҳ даста иштирок намуданд.

Натиҷаҳои мусобиқа бо ғолибияти дастаи Вазорати корҳои дохилӣ - ҷойи аввал, дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - ҷойи дуввум ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҷойи сеюм анҷом пазируфт.

 

 

 
Чорабинии варзишии оташнишонон

Дар асоси фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои тайёрии хизматӣ, омодабошӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ,  дар варзишгоҳи Раёсати хадамоти мазкур дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии оташнишонӣ байни ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе гузаронида шуд.

Мусобиқа байни дастаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла: эстафетаи оташнишонӣ, давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳояш, баромадан бо зинапояи муҳорибавӣ ба ошёнаи чорум ва ғайра доир гардид.

 
Боз як дастоварди Хуршед Маҷидов

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини тарзи дзюдо, ки рӯзҳои 17-18 майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, варзишгарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Дастпарвари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Маҷидов Хуршед Ҳотамович дар вазни +90 килограмм баромад намуда, баъди қувваозмоиҳо бар ҳарифони худ ғолиб баромада, соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Ҳамчунин ӯ ба гирифтани ҷоизаи «Барои иродаи матин ба ғалаба» мушарраф шуд.

 

 
Муайян гардидани номзадҳо барои бозиҳои Осиёгӣ дар Корея

Аз 27 апрел то 02 майи соли 2014, дар шаҳри Хуҷанд  Чемпионати  Тоҷикистон оид ба бокс баргузор гардид, ки дар он варзишгарони дастаҳо аз вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқаҳо ҳамчунин варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии  «Динамо» Анвар Юнусов дар вазни 60 килограмм, Мавзуна Чориева дар вазни 60 килограмм ва  Миҷгона Умарова дар вазни 75 килограмм дар ҳайати дастаҳо аз Душанбе иштирок намуданд.

 

 

 

 
Баргузории мусобиқаи волейбол дар шаҳри Кобул

Санаи 20 то 30 апрели соли равон дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусобиқаи дӯстона оид ба волейбол баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа, дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тими миллии Афғонистон, тими «Ҷавонони Афғонистон», тими Шорволии Кобул ва тими «Ҷавонони Шорволии Кобул» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар муддати 10-рӯз ҳар як даста кӯшиш мекард, ки бартарии худро нишон дода, соҳиби ҷойи намоён гардад.

 
Медали нуқраи Анвар Юнусов

Дар шаҳри Варшаваи давлати Полша аз санаи 9 то 12 апрели соли равон ба хотири гиромидошти устоди варзиш Феликс Штамм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни 24 давлати дунё баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа миёни дигар варзишгарон чемпиони чандинкарата оид ба бокс, корманди мақомоти корҳои дохилӣ, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», лейтенанти калони милитсия Анвар Юнусов ширкат варзид.

Анвар Юнусов ҳангом муҳориба аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар вазни 60 кило дар чор давр қувваозмоӣ намуд. Ҳарифони худро аз Федератсияи Россия, Бразилия ва Ирландия мағлуб намуда, бо ҳарифи худ аз Ҷумҳурии Гурҷистон бозиро бохт. 

 

 
Дастоварди варзишгарони «Динамо» аз вилояти Суғд

Санаи 17-19-уми апрели соли равон дар вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди тарзи самбо дар байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид. Аз дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 8 нафар (3-нафар дар байни наврасон ва  5-нафар дар байни ҷавонон) иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар мусобиқа 280 нафар варзишгарон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзида, барои сазовор шудан ба ҷойҳои намоён қувваозмоӣ намуданд.

 
Соҳибони Шоҳҷоиза – аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»


Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабиниҳои варзишии гуногун дар манотиқи мухталифи кишвар доир гардиданд. Аз ҷумла, санаи 26-уми марти соли равон дар шаҳри Қурғонтеппа мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ дар намуди гуштини миллӣ баргузор шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин мусобиқаи бошукӯҳ паҳлавонони номдори ҷумҳурӣ аз тамоми гушаву канори мамлакат ба монанди Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммаднабӣ Хоркашев ва Додохон Қурбоналиев ширкат варзида, барои гирифтани ҷойҳои намоён қувваозмоӣ намуданд. Дар ин мусобиқа аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Саидов Саидҷалол ва Назриев Фурқат низ қувваозмоӣ намуда, бо маҳорати баланди варзишӣ натиҷаҳои беҳтаринро соҳиб шуда, сазовори Шоҳҷоиза – автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Дейву Ласети» ва «Кия КЗ» гардиданд.

 
Баргузории мусобиқаҳои волейбол ва варзиши сабук

Дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» санаи 4-5-уми марти соли 2014 мусобиқаҳо оид ба намуди варзиши сабук ва бозии волейбол ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар мусобиқаи Волейбол, 6 даста аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ширкат намуда, мухлисони зиёде пайдо намуданд. Дар ин бозиҳо варзишгарон маҳорати волейболбозии худро нишон дода, дар охир дастаҳои беҳтарин муайян гардиданд.

Дастаи Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҷойи аввал, Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо» ҷойи дуюм ва ҷойи сеюмро дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД соҳиб гардиданд.

 
Ҷамъбасти мусобиқаи шашка ва шоҳмот

Бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» аз санаи 4-ум то 6-уми марти соли 2014 дар толори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа оид ба шашка ва шоҳмот байни занон ва мардон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур, ки кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд, 15 даста бо 60 нафар варзишгар иштирок намуданд.

 

 
Ғолибияти варзишгарони ВКД дар шаҳри Теҳрон

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мусобиқаи байналмилалии “Карате ню-фул контакт” ва “кикбоксинг”, ки аз 12 то 16 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ширкат варзида, бо се медали тилло ба Ватан баргаштанд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз синни 18 то 35-сола, аз 10 давлати дунё (Афғонистон, Ироқ, Тоҷикистон, Туркия, Таиланд, Олмон, Покистон, Эрон, Россия ва Ҷопон) баромад карда, барои ишғол намудани ҷойҳои сазовор ҷаҳду талош намуданд.

 

 
Эълон!!!

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияҳои Футбол, Волейбол, Варзиши сабук ва Шоҳмот, бахшида ба «Иди байналмилалии Наврӯз» мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол, волейбол, шоҳмот, шашка ва варзиши сабук байни мақомотҳои қудратӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Марҳилаи аввал барои иштирок дар мусобиқа аз санаи 2-юм то санаи 10 марти соли равон дар ҷойҳо аз ҷониби ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузор карда мешавад.

 
Ғолиби мусобиқа – тими «Дастгоҳи марказии ВКД»

Рӯзи 14.02.с.2014, дар Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», ки аз 21 январи соли ҷорӣ идома дошт, ҷамъбаст гардид.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок доштанд.   

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4623244
ИмрӯзИмрӯз2169
МоҳМоҳ91353
ХамагиХамаги4623244

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.