Иштироки варзишгарони «Динамо» дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг

Рӯзҳои 25-26 октябри соли 2014 дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзиши «Кикбоксинг» баргузор гардид.

Дар чемпионати мазкур 7 нафар варзишгарони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар вазнҳои гуногун баромад намуданд.

 
Дастовардҳои варзишгарони «Динамо» аз Испания

Аз санаи 24 то 29 сентябри соли 2014 дар шаҳри Малагаи Испания чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини тарзи «Дзюдо» байни устодон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 40 кишвари дунё ширкат варзиданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 варзишгар иштирок намуданд, ки 3 нафари онҳоро аъзоёни дастаи «Динамо»-и ВКД ташкил медоданд.

Дар ин мусобиқа дар вазни 81 кило капитани милитсия Алишер Аламов - корманди Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД сазовори ҷойи дуюм гардид. Ҳамчунин, дар вазни беш аз 100 кило полковники милитсия Хайрулло Назриев - муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе ҷойи дуюмро ишғол намуд. 

 

 
Ғолибияти Мавзуна Чориева дар даври аввали мусобиқаҳои бокс

Имрӯзҳо дар шаҳри Инчони Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ бозиҳои XVII Осиёӣ идома дошта, варзишгарони тоҷик дар он фаъолона иштирок доранд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон нозир-методисти Шӯъбаи Шӯрои ҷамъиятии варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ лейтенанти калони милитсия Мавзуна Чориева баромад намуда, аллакай дар даври аввали мусобиқа оид ба бокс байни занон, имрӯз дар вазни то 60 кг рақибаш Аяко Минова аз Ҷопонро дар раунди аввал дар муддати ҳамагӣ 56 сония бо нокаут шикаст додааст.

 

 
Иштироки дастаи «Динамо» дар мусобиқаи футболи шаҳри Душанбе

Имрӯзҳо, мусобиқа оид ба футболи шаҳри Душанбе, ки дар он 9 даста аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат меварзанд, идома дорад.

Бозии навбатии дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 17-уми сентябри соли равон дар варзишгоҳи «Спитамен» бо дастаи «Навбаҳор»-и ноҳияи Рудакӣ баргузор гардид. Бозингарони ҳар ду даста ҳам фаъол буданд, аммо афзалиятро дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба даст гирифт. Ҳамин тариқ футболбозони дастаи «Динамо» ба дарвозаи «Навбаҳор» тавонистанд 7 тӯб зананд ва бозӣ бо ҳисоби 7:1 ба фоидаи дастаи «Динамо» анҷом ёфт.

 

 
Мусобиқаи гуштини «Дзюдо» байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Гуштини тарзи дзюдо, ҳамчун санъати муҳорибавӣ, фалсафа ва варзиши ҷанги бе аслиҳа дар кишвари Ҷопон соли 1882 пайдо шуда, айни замон мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Ин намуди варзиш дар барномаи Бозиҳои Олимпӣ дохил карда шудааст. Барои машғул шудан ба дзюдо аз варзишгар омодагии ҷисмонӣ, ҳушёриву зиракӣ ва маҳорату малакаи баланд талаб карда мешавад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ ба варзиши дзюдо варзишгарони зиёде шуғл варзида, ҳаводорони зиёде дар пай дорад.     

Рӯзҳои 2-юм ва 3-юми сентябри соли 2014 бахшида ба ҷашнгирии 23-юмин солгарди «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди инфиродӣ-даставӣ оид ба гуштини тарзи «Дзюдо» байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

 
Анҷоми мусобиқаи «Футболи хурд»

Бахшида ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми август то 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Спитамени Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставии «Футболи хурд» байни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

 

 

 

 
«Динамо» соҳиби «Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи хурд» гардид

Рӯзҳои 13 то 18-уми августи соли равон дар вилояти Суғд мусобиқаи «Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи хурд» (футзал) баргузор гардид, ки дар он 8 даста ширкат варзид.

Дастаҳои мазкур ба ду зергурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 13-уми август бо дастаи футболбозони «Эсхата» қувваозмоӣ намуда, бар ҳисоби 6:4 дастаи «Эсхата»-ро мағлуб кард.

 

 
Медалҳои тиллоии Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов аз вилояти Суғд

Аз 2 то 7-уми августи соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муосбиқаи байналмилалӣ оид ба бокс (муштзанӣ) ба хотираи гиромидошти қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа варзишгарон аз як қатор давлатҳо, ба монанди Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Ҷуҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур яке аз варзишгарони машҳур Мавзуна Чориева муаррифӣ кард.

 

 

 
Мусобиқаи ҷашнии «Футболи хурд»

Бо мақсади ташвиқот ва тарғиботи рушди варзиш, ғояҳои ҳаёти солим дар байни варзишгарон, такмили минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ, инчунин хотирмон гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, бахшида ба муносибати ҷашнгирии 23-юмин солгарди «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рўзи 2-юми августи соли равон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа оид ба «Футболи хурд» баргузор гардида истода, то 1-уми сентябри соли ҷорӣ идома меёбад.

 

 
Дастоварди Мавзуна аз Ҷумҳурии Халқии Хитой

Аз 13 то 23 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Гуниянги Ҷумҳурии Халқии Хитой мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор гардид, ки варзишгарон аз 18 давлати дунё, ба монанди Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, ИМА, Қазоқистон, Россия, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ нозир-методисти Шӯъбаи Шӯрои ҷамъиятии варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ лейтенанти калони милитсия Мавзуна Чориева муаррифӣ намуда, дар чор сабқат баромад намуд.

Мавзуна се рақибаш – намояндагони Муғулистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Таиландро мағлуб намуда, дар бозии ниҳоӣ бо муштзани Ҷумҳурии Халқии Хитой қувваозмоӣ намуда, бозиро бохт ва бо гирифтани ҷойи дуюм соҳиби медали нуқра гардид.

Чӣ тавре, ки Мавзуна дар сӯҳбат бо мо иброз намуд, ӯ аз ин қувваозмоӣ таҷриба бардошта, ҳарифонашро хуб омӯхт ва барои Олимпиадаи Осиё, ки моҳи сентиябр дар давлати Корея баргузор мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мегирад.

Умедвори онем, ки Мавзуна аз ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ низ бо сари баланд ва медали тилло ба Ватан бармегардад.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия. 

 
Мусобиқаи волейбол натиҷагирӣ шуд

Рӯзи 11 июни соли равон дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди «волейбол» байни дастаҳои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки бахшида ба «Рӯзи ҷавонон»  оғоз гардида, то инҷониб идома дошт, ҷамъбаст гардиданд.

Дар ин бозиҳо 18  даста иштирок намуда, ба қисми финалӣ чор даста роҳ ёфтанд. Барои ишғол намудани зинаи аввал дастаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёту Академияи ВКД ва барои зинаи сеюм бошад дастаҳои Қисми минтақавӣ оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва Хадамоти давлатии «Муҳофиза» рақобат намуданд.

 

 
Дастоварди варзишии Алишер Гулов

Рӯзҳои 22-29 майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи Осиё оид ба таэквандо – ВТФ баргузор гардид, ки дар он аз 47 давлати дунё варзишгарон иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ лейтенанти калони милитсия Гулов Алишер Ҳабибуллоевич – устоди варзиш, дастурдиҳанда оид ба ҷанги дастии қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ширкат варзида, дар вазни +87 кило, ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гашт.

 

 
Боз як медали тиллоии Мавзуна Чориева

Аз 28-уми май то 2-юми июни соли 2014, дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор гардид, ки дар он нозир-методисти ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ лейтенанти калони милитсия Мавзуна Чориева иштирок намуда, қувваозмоӣ кард.

Мавриди қайд аст, ки дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ Мавзуна бо ҳарифони худ аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия бо тарзу услуби ба худ хос қувваозмоӣ намуда, бо малакаю маҳорати баланди варзишӣ мухлисони ин намуди варзишро ба ҳайрат овард.

 

 

 
Мусобиқаи гуштини «Самбо» бахшида ба «Рӯзи ҷавонон»

Имрӯз (31.05.с.2014) бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушод оид ба гуштини намуди «Самбо» байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Гуштини «Самбо» дар байни ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ маҳбубияти хос дорад ва дар ин риштаи варзиш тамоми ҷузъу томҳои он варзишгарон ва мухлисони худро дорад. Бештари паҳлавонони ин мусобиқаҳоро ҳамагон бо иштироки хубашон дар аксар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нағз медонанд, онҳо аз номи мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷумҳурӣ на як бору ду бор баромад намуда, парчами кишварро баланд афрохтаанд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4623362
ИмрӯзИмрӯз2287
МоҳМоҳ91471
ХамагиХамаги4623362

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.