|
(идомаи чорабинии пӯшидашавии мусобиқаҳои футболи хурд) Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои футболи хурд Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, зикр кард, ки «Ин мусобиқаҳо тайи як моҳ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он футболбозони байни се синну сол (наврасон, ҷавонон ва собиқадорон) ширкат варзиданд.
Мақсади баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари Давлат, ки дар Паёми имсолаи худ баҳри оилаи солим ва дур кардани ҷавонон аз нашъамандӣ баён доштанд, иборат буд ва имрӯз ғолибони мусобиқа муайян гардиданд. Ба ҳамаи ғолибон саломатӣ, умри дароз ва бурдбориҳо таманно дорам».
Имрӯз (28.02.с.2015), дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ пӯшидашавии мусобиқаҳои кушоди даставӣ миёни сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «футболи хурд» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» дар соли 2015 доир гардид.
Нимаи дуюми имрӯз дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ барои соҳиб шудан ба «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ҳамчунин барои ишғоли ҷои якум миёни дастаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва «Академияи Истиқлол» сабқат баргузор гардид.
Бозингарони дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо пероҳани сурх ва бозингарони «Академияи Истиқлол» бо пероҳани сиёҳ қувваозмоӣ карданд.
Ҳафтаи равон (07-10.12.с.2014) дар шаҳри Ризеи Ҷумҳурии Туркия мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи юнону румӣ баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз давлатҳои Юнон, Гурҷистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Туркия иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ варзишгарон аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ: Назаров Хайём дар вазни 54 килограмм, Саидов Ҳусейн дар вазни 35 килограмм, Муҳаммади Қурбоналӣ дар вазни 38 килограмм ва Мирзораҷабов Фирӯз дар вазни 32 килограмм муаррифӣ намуданд. Наврасони номбурда бар рақибонашон дастболо гардида, соҳиби ҷойҳои намоён шуда ба Ватан баргаштанд.
Қобили зикр аст, ки наврасони варзишгар таҳти роҳбарии довари ШҶ «Динамо»-и ВКД, подполковники милитсия Наврӯз Назаров пайваста тамрин менамоянд.
София Шоиқова
Имрӯз (26.12.с.2014), дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории мавсими футболи соли 2014 бо ибтикори Федератсияи Футболи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ футболбозони наврас, ҷавонон ва собиқадорони ин намуди варзиш иштирок намуданд.
Мавриди қайд аст, ки чемпионати шаҳри Душанбе оид ба футбол байни собиқадорон аз моҳи сентябр то моҳи октябри соли равон идома ёфта, дар он 8-даста қувваозмоӣ намуданд.
Имрӯз (22.11.с.2014), дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ШҶ Динамо-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии рафиқона оид ба футбол байни собиқадорони дастаҳои «Динамо»-и ВКД ва «Регар-ТадАз»-и ноҳияи Турсунзода баргузор гардид.
Бахшида ба «90-солагии пойтахт», аз санаи 6-уми октябр то 15-уми ноябри соли 2014 Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба футбол байни собиқадорон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 8-даста, аз ҷумла дастаи «Авиатор»-и ш. Душанбе, «Дастгоҳи марказӣ»-и ВКД, «Равшан»-и Кӯлоб, «Регар»-и Турсунзода, аз ноҳияи Рӯдакӣ, «Спартак»-и шаҳри Ваҳдат, «Динамо»-и ВКД ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок кардаанд.
Имрӯз (7.11.с.2014), мусобиқа аз намуди футболи хурд байни дастаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Иди касбии милитсия анҷом ёфт.
Аз санаи 15 то 28-уми декабри соли ҷорӣ мусобиқаи анъанавии футболи хурд байни собиқадорон ва ҷавонон бахшида ба хотири гиромидошти футболбози моҳир Александр Кирсанов дар толори маҷмааи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Имрӯз (05.11.с.2014) ба муносибати таҷлили иди касбии «Рӯзи милитсия» дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар мусобиқа аз намуди гӯштини «Самбо» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи имрӯза гуштингирони зиёда аз 150 варзишгар аз дастаҳои Вазорати мудофиа, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук, Гвардияи миллӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати маводи нашъадор ва дастаҳои ВКД-1, ВКД-2 қувваозмоӣ намуданд.
Бахшида ба таҷлили Иди касбии кормандони милитсия имрӯз (4 ноябри соли 2014), дар таълимгоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ байни ҷузъу томҳои ҳудуди шаҳри Душанбеи Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи инфиродӣ-даставии тирпаронӣ аз намуди силоҳи оташфишони таппончаи «Макаров» гузаронида шуд.
Мусобиқаи тирпарронӣ бо мақсади такмил додан ва баланд бардоштани маҳорати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин намуди варзиш роҳандозӣ шуда, дар он 20 даста ва 71 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷамбастагӣ бо Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тољикистон бахшида ба 20-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 30-31 октябри соли равон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ байни воҳидҳои сохтории ВКД оид ба «Вазнбардорӣ», таҳти шиори «Солим - бе маводи мухаддир» баргузор гардид.
Нахуст навои Суруди миллӣ аз ҷониби оркестри созию овозии ВКД садо дод. Иштирокдорон, варзишгарони дастаҳои Академияи ВКД, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Воҳиди махсус, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ, Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва РВКД дар вилояти Хатлон ва шӯъбаҳои корҳои дохилии дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Шаҳринав, Турсунзода ва Академияи ВКД саф оростанд.
Рӯзҳои 31 октябр ва 01 ноябри соли 2014, дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кӯшоди шахсӣ-даставӣ аз рӯи намуди варзиши «Кикбоксинг» байни кӯдакон ва наврасони соли таваллудашон 1999-2000 ва 2001-2002 барои дарёфти Ҷоми «Динамо» баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки ташаббускори баргузории мусобиқаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз (30.10.с.2014), бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ байни ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Вазнбардорӣ» таҳти шиори «Солим - бе маводи мухаддир» шурӯъ гардид.
Мусобиқаи мазкур тайи ду рӯз идома ёфта, дар он варзишгарони дастаҳои Академияи ВКД, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Воҳиди махсус, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ, Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба рақобат ҳозир гардида, нерӯи бозуи худро месанҷанд.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.